logo

Хабарҳо

РАШТ. ТАНТАНАИ 110 - СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, ходими шуҳратёри адабиву ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, чеҳраи тобони адабиёти муосири тоҷик, устод Мирзо Турсунзода бо иқдоми Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт конфронси ҷумҳуриявии илмию адабӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода - мунодии сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид.
Дар конфронс олимону донишмандон, аҳли қалам, раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - «Созандагони Ватан», кормандони касбу кори гуногун ва сокинони ноҳияи Рашт ширкат варзиданд.
Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бо суханронии пурмуҳтаво ба кори конфронс оғоз бахшида, таъкид кард, ки дар давоми беш аз сад соли охир бузургоне монанди устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, ва садҳо бузургмардон арзи ҳастӣ намуданд ва устод Мирзо Турсунзода дар пешгоҳи ин симоҳои мунири таърихӣ қарор дорад. Дар миёни шоирони классик ва муосир кам шоиреро метавон ёфт, ки мисли устод Мирзо Турсунзода дарди дили мардуми дунёро ифшо созад ва мардум ӯро мисли фарзанд дӯст доранд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  7 майи соли 2001 дар бораи ба Шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода додани унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» далели қадршиносии хизматҳои ин шахсият мебошад.
Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то поёни умри фидокоронааш - соли 1977 раиси соҳибфазли Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, котиби садорати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ, 30 сол раиси Кумитаи шӯравии якдилии мамлакатҳои Осиёву Африқо, узви Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ, узви фаъоли Кумитаи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, вакили халқи тоҷик дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, раиси Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, вассофи хастанопазири сулҳу амният, ҳаёти осоишта ва пояндагии бахту иқболи неки инсоният буд.
Устоди сухан аз ибтидои роҳи эҷодӣ ҳамнафасу ҳамқадами халқи сарбаланд буда, тавассути шеъру достонҳояш сохтмонҳои бузург, рушди шаҳру деҳот, раванди тараққиёти саноату истеҳсолот, шодоб кардани дашту биёбонҳои ташналаб, бунёди роҳҳо, мактабу маориф, донишкадаву донишгоҳҳо, Академияи илмҳо, таъсиси муассисаҳои фарҳангию ҳунарӣ ва кулли дигаргуниҳои чашмраси замонро шоирона истиқбол кардааст.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода - мунодии сулҳу дӯстӣ» иброз намуд, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди номдори халқи тоҷик дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Миср, Ироқ, Индонезия, Лубнон, Кипр, Таиланд, Фаронса, Шведсия, Лаҳистон, Булғористон, Финландия, Танзания, Гвинея, Куба, Мексика, ҷумҳуриҳои тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои дигар ширкат ва суханронӣ намуда, ғояҳои олии ҳаётбахши сулҳу дӯстӣ ва озодии инсониятро тараннум намудааст.
Фарзанди устод Мирзо Турсунзода доктори илми фалсафа, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирӯза Турсунзода хотираҳи хешро дар бораи падари бузургвораш барои ҳозирин ҳикоя кард.
Дар анҷоми конфронс барномаи консертие, ки кормандони театри халқии ноҳия бахшида ба ин санаи таърихӣ аз эҷодиёти шоир омода намуда буданд, пешкаши иштирокчиён гардонда шуд. 
 
Худодод ЗАЙНИДДИН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед