logo

Хабарҳо

Навиди фарҳанг

ДУШАНБЕ – МИЗБОНИ ҶАШНВОРАИ СҲШ
Аз 29 июн то 2 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи филмҳои бадеӣ ва телевизионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Ҷашнвора ба 20 - умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шуда, дар он намоиши филмҳои 8 кишвари аъзо, чор кишвари нозир ва шаш давлати шарик дар назар аст.
Филмҳо аз тарафи доварони сатҳи байналмилалӣ баҳогузорӣ шуда, пирӯзшудагон бо ҷоизаҳои махсус, ҳамчунин, ғолиби мутлақ бо Шоҳҷоизаи ҷашнвора - «Парастуи тиллоӣ» қадр мешаванд.
 
КИТОБ ДАР БОРАИ ДУ ЧЕҲРАИ ДУРАХШОН
Китоби пажӯҳишгари варзида Абдухолиқи Набавӣ бо номи «Ду чеҳраи дурахшони адабиёти муосир» ба тозагӣ нашр шуд. Китоб мақолаҳоро дар бораи ду адиби номвари тоҷик - Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода фаро мегирад.
Дар он қисмати китоб, ки ба устод Мирзо Турсунзода ихтисос ёфтааст, бори нахуст мусоҳибаи Муҳаммад Осимӣ бо Чингиз Айтматов дар бораи Мирзо Турсунзода, мақолаи «Мирзое, ки ман мешинохтам» - и Борне Панкин ва таҳлили  либреттои «Тоҳир ва Зуҳра» -и шоир ҷой гирифтаанд.
Дар бораи устод Сотим Улуғзода ду мақолаи калонҳаҷми муаллиф дар бораи ибтикороти дар наср пиёдакардаи адиб ва таҳлили намоиши «Дар оташ» (1945) оварда шудаанд.
 
«ДАРАХТИ ДӮСТӢ»
Дар кинотеатри «Зебунисо» нахустнамоиши филми мустанади «Дарахти дӯстӣ» баргузор гардид. Филми мазкур ба сулҳу оштӣ ва собиқаи дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз бахшида шуд.
Коргардони мустанади «Дарахти дӯстӣ» Дилошӯб Орифзода буда, ҳадафи филм бори дигар собит кардани ҷонибдори ҳаёти осоишта ва сулҳу ваҳдат будани мардуми одӣ, бавижа халқи тоҷик аст.
Бино ба гуфтаи коргардон, низоъҳои чанде пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сарзада сабаби пайдоиши ғояи мусолиҳатомези филм шуданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 813
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед