Хабарҳо
Тамдиди созишнома аз ҷониби Путин ва Си Ҷинпин
Коммерсантъ. Президенти Россия Владимир Путин ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин тариқи видеоконфронс вохӯрӣ анҷом доданд. Роҳбарони ҳар ду давлат бо изҳороти якҷоя тамдиди созишнома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориро расман эълом доштанд.
Созишномаи мазкур миёни Россия ва Чин аз ҷониби Владимир Путин ва раиси Комитети марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сзян Сзэмин 16 июли соли 2001 дар Москва ба имзо расида буд.
Байден: «ФР ва ИМА дар соҳаҳои гуногун метавонанд ҳамкорӣ намоянд»
ТАСС. Президенти Амрико Ҷо Байден зимни алоқаи видеоӣ дар чорабинии Кумитаи миллии Ҳизби демократии ИМА оид ба ҷамъоварии маблағ изҳор дошт, ки Россия ва Амрико имконияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои паҳн накардани яроқи ядроӣ ва мубориза ба тағйирёбии иқлимро доранд.
«Ман ба Президенти Россия Владимир Путин возеҳ гуфтам, ки муносибот бо Амрико бояд устувор ва пешгӯишаванда бошад ва мо бояд имконияти ҳамкориро дар он ҷое, ки манфиатдорем дошта бошем», - зикр кард Байден.
СҶТ аз пандемияҳои нав ҳушдор дод
Лента. Ру. Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус зимни саммити давлатҳои хурди ҷазиравӣ аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал овард, ки дарси вазъияти кунунии COVID - 19 - ро ба назар гирифта, ба эпидемияҳои нав омода шаванд.
Сарвари созмон таъкид намуд, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда, барои ҷилавгирӣ, ошкор ва зуд амал кардан бар зидди он чораҳои зарурӣ андешанд. Дар ин кор ёрии пурзӯри аввалияи тиббӣ ва фарогирии хизматрасонии тандурустӣ метавонанд кумак расонанд.
Фармондеҳи қувваҳои ИМА ва НАТО аз фаъолияти «Толибон» нигарон аст
ТАСС. Фармондеҳи ҳарбиёни ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал – лейтенант Остин Скотт Миллер дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони шабакаи телевизионии АВС изҳор намуд, ки мустаҳкамии мавқеи ҳаракати ифротии «Толибон» дар Афғонистон боиси нигаронӣ мебошад.
Тавре ӯ зикр кард: «Агар ба вазъи муҳити бехатарӣ назар андозем, он дар ин кишвар чандон хуб нест. «Толибон» ба ҷунбиш даромаданд».
Ӯ бар ин назар аст, ки ифротиён метавонанд ҳокимиятро дар кишвар бо роҳи низомӣ ба даст оранд. Дар бораи он ки онҳо назорати ҳудудҳои нави Афғонистонро ба даст овардаанд, Миллер чунин гуфт: «Мо бояд хавотир бошем. Аз даст рафтани ҳудудҳо бо ин суръате, ки дорад, бояд ташвишовар бошад».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 849