мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳо мулоқот намуд
17 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ нафароне, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судяҳо дар Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ интихоб ё таъин шуданд, мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ таъин гардидани 66 нафар аз кормандони ин соҳа қироат карда шуд.
Чанд нафари дигар барои интихоб шудан ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар Суди олӣ ва Суди олии иқтисодӣ пешниҳод гаштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо онҳо аз талаботи давлату ҳукумат ба роҳбарият ва кормандони мақомоти судии мамлакат оид ба таъмини волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар ёдовар шуда, дар наздашон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Таъкид гардид, ки ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳои марбут ба ин соҳа, боло бардошта шудани салоҳияти мақомоти судӣ, зиёд гаштани шумораи воҳидҳои штатӣ ва беҳшавии тадриҷии шароити корӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори онҳо равона гаштаанд, масъулияти роҳбарият ва кормандони судҳоро ба маротиб афзун мегардонанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳар як судя ва дигар кормандони мақомоти судӣ, сарфи назар аз собиқа ва таҷрибаи корӣ пайваста донишу малакаи худро такмилу сайқал диҳанд ва ҳамеша дар ҷараёни тағйирот дар қонунгузории кишвар бошанд. Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, судяҳо ва роҳбарияту кормандони мақомоти судӣ чун намояндагони яке аз шохаҳои босалоҳияти ҳокимияти давлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум, ба риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят намудани аҳолӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, аз ҷумла ҳаракатҳои экстремистӣ бояд нақши намоёну муассир дошта бошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки баъзе аз судяҳо худашон ба ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои нангини коррупсионӣ, даст мезананд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки амалҳои ношоистаи чунин нафарон ба коста гаштани обрӯйи давлату ҳукумат дар чашми мардум боис мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз арзу шикоятҳои сершумори мардум, ки ба Сарвари давлат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат мерасанд, изҳори таассуф карда, ба ҳозирин ва тамоми мақомоти судӣ баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар корашон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ ва судя дар мақомоти судӣ пешниҳод ва таъиншуда дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки бо дасту дили пок ва нияти нек ба халқу Ватани худ содиқона хизмат карда, баҳри таъмини волоияти қонун ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои самимии Президенти мамлакат ҷаҳду талош менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1888