logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 апрели соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539, № 12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, № 12, мод. 830; с. 2013, № 3, мод. 178, № 7, мод. 499; с. 2016, № 3, мод. 126, № 7, мод. 600; с. 2017, № 7-9, мод. 563) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Моддаи 22 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Моддаи 22. 
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолат, шаффофият, ошкорбаёнӣ ва дастаҷамъӣ ба роҳ мемонад.». 
2. Дар моддаи 4: 
- қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ҳар як Маҷлис дар ҷаласаҳои онҳо қабул карда мешавад.»;
- қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шуда, дар он калимаи «миллии» ба калимаи «Миллии» иваз карда шавад. 
3. Ба қисми сеюми моддаи 9 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Тартиби даъват ва гузаронидани ҷаласаи якҷояро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муқаррар менамоянд.».
4. Ба қисми чоруми моддаи 17 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Тартиби даъват ва гузаронидани иҷлосияро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури Маҷлиси миллӣ муқаррар менамоянд.». 
5. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 19 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар бандҳои 3) ва 7) қисми якуми моддаи 24 калимаҳои «мефиристад» ва «байнипарлумонии» мувофиқан ба калимаҳои «пешниҳод мекунад» ва «байнипарламентии» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 27:
- ба қисми панҷум ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шӯрои Маҷлиси миллӣ метавонад қарорро ба тариқи пурсиш қабул намояд.»;
- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ ё қарори Маҷлиси миллӣ бекор карда мешаванд.». 
8. Дар моддаи 28:
- ба банди 4) баъд аз калимаҳои «Шӯрои Маҷлиси намояндагон» калимаҳои «, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор» илова карда шаванд;
- дар банди 7) калимаи «эродҳои» ба калимаҳои «эрод ва дархости» иваз карда шавад;
9. Дар банди 10) қисми якуми моддаи 46 калимаи «эродҳои» ба калимаҳои «эрод ва дархости» иваз карда шавад.
10. Моддаҳои 691, 692 ва 693 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 691. 
Нашрияҳои расмии Маҷлиси Олӣ рӯзномаи «Садои мардум»  ва маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.
Оинномаи рӯзномаи «Садои мардум» бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешавад. 
Моддаи 692. 
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шабакаи интернет сомонаи расмии худро доранд. Тартиби пешбурд, номгӯи маълумот ва иттилооте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, мувофиқан дар Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешаванд. 
Моддаи 693. 
Қароргоҳи расмии Маҷлиси Олӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.». 
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1798
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   қарор мекунад: 
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА 
ш. Душанбе, 26 майи соли 2021, № 420
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,               моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор   мекунад: 
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
 ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 169
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2021    №: 129 - 130    Мутолиа карданд: 2723
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед