logo

иҷтимоиёт

ҲАНӮЗАМ ҲАСТ ДИДОРИ ТУ ДАР ЧАШМ...

 
Чӣ гуна метавон бовар кард, ки дигар ӯ, Азиз Раҳим, ҷисман дар миёни мо нест? Оре! Чун ҳамеша дидораш, хандаҳои самимияш дар пеши назар аст ва лутфҳои ширину намакинаш бо он овози форам дар зеҳну гӯшам ҷой доранд.
 
Ҳанӯзам ҳаст дидори ту дар чашм,
Ҳанӯзам ҳаст гуфтори ту дар гӯш.
Дар хобҳоям низ зуҳур мекунад. Мебинам, ки ҳамчунон шод аст. Агарчи сухан намегӯяд, аз нигоҳаш мехонам, ки қаноатманд мебошад. Ин бор аз роҳаш баргашта, ба Бохтар намеравад, то изҳори сипос бинамояд ва иброз бидорад, ки аз нашри китобҳояш, китобҳои шеърҳояш рӯҳаш неру гирифта. Ман ин мақсуди ӯро зуд дармеёбам ва мегӯям, ки ин як қарзи бародарӣ буд ва ҳатман бояд иҷро мегардид.
Ба китоби охиринаш устоди шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ном гузошту сарсухан навишт. Китоб, китоби «Тақдирнома» ҳаҷман калон буд, агарчи барои хурдсолон буд. Ҳамаи шеърҳо, афсонаҳо ва достонҳояшро, ки барои бачагон эҷод намуда буд, ҷамъ овардаму ба табъ расондам. Хостам, ки рӯҳаш дар рӯзи чилуми даргузашташ шод бишавад. Албатта, рӯҳи ӯ аз ин шод гашт, аммо наздикону пайвандонро ғамгин сохт.
Азиз Раҳим зуд фаромӯш нашуд. 13 сол, пас аз марги фоҷиавиаш низ, дар борааш мегӯянду мегӯянд. Агар то ба имсол ҷисман мезист, таҷлили 80-солагии зодрӯзаш бо ҳузураш  шукӯҳи  хоса  мегирифт. Ӯ  барои  зистан  неруи зиёд дошт. Барои кӯдакон, ки шеър менавишт, мисли онҳо кӯдак мешуд, бо дили софу нигоҳи пок бинандаву шунаванда, хонандаву ҳаводоронашро ба тааҷҷуб меовард.
Мегуфт, ки агар чун кӯдак дунёят зебову рангин ва поку мусаффо набошад, наметавонӣ шеъри кӯдакона бинависӣ. Ин гуфта ҳеҷ гуна исботро намехост, зеро шеъраш ва рӯзгораш борҳову борҳо онро рӯшани рӯшан ҳувайдо намуда буданд.
Кӯдакон ҳама дӯсташ медоштанд. Бузургсолон тааҷҷуб мекарданд: Нафаре, ки Донишкадаи давлатии маданияти Маскавро хатм карда ва роҳбари аввали муассисаи бонуфуз мебошад, зуд ба як кӯдаке табдил меёбад, аммо як кӯдаки зираку донову мушфиқу меҳрубон ва донандаи оламу одам.
Ҳанӯз донишҷӯи коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқов (охири солҳои панҷоҳуми асри гузашта) буд, ки афсонаҳои халқии ҷамъовардааш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ мерасиданд.
Раҷаб Амонов, фолклоршинос, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ӯро ҷусту пайдо кард ва дар ин кор роҳнамоияш намуд. Пас аз он асарҳои зиёди фолклориро аз Балҷувону Ховалингу Восеъ ҷамъ оварду ба Академияи миллии илмҳо супурд. Идомаи таҳсил дар шаҳри Москва, пойтахти бузурги Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, дар охири солҳои панҷоҳуму аввали шастум (соли хатм 1962) барои ин ятими кулл, албатта, осон набуд. Вале ӯ аз ҳеҷ мушкилӣ рӯ наметофт.  Ғаму андуҳи ятимӣ низ натавонистанд таъсири бади худро ба ҷисму рӯҳаш гузоранд. Шарикдарсону тоҷикони дар Москва таҳсилнамуда ёдовар мешуданд, ки шеъру мақолаҳояш дар он даврон бо забони русӣ нашр мегардиданд ва моро аз ҳисоби ҳаққи қалами гирифтааш зиёфат медоду дар рӯзҳои мушкил дастамонро мегирифт. Баъдҳо дарёфтем, ки қарзҳоро  бозпас  намегирифтааст, онҳоро мебахшидааст.
Дар бистусесолагӣ мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи калони овозадор буд. Усулу таҷрибаи роҳбарии ӯро меомӯхтанд. Забонҳои русиву ӯзбекиро низ аъло медонист. Бо ин забонҳо ҳам менавишту ҳам баромадҳо мекард.
Роҳбари соҳаи кинои собиқ вилояти Кӯлоб низ буд. Соҳа дар ин муддатҳо на танҳо дар кишвар, балки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пешраву пешгом маҳсуб мешуд. 16 сол байрақи мусобиқаро дар он Иттиҳод аз даст надод.
Дар ҳар вазифае, ки буд, ҳамеша ҳамнишини аҳли адаб буд. Китобҳои ашъораш бо номҳои «Қатраҳо» (1998), «Кокули бом» (1991), «Ширмоҳи нав баромад» (1991), «Бахтнома» (1993), «Меҳрнома» (1996), «Расми вафо» (2005), «Нигоҳи меҳр» ва «Тақдирнома» (2008) ба табъ расиданд. Соли 1998 ӯро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд.
Чанд соли охир дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба донишҷӯён дарс мегуфт. Мехост дар бораи хусусиятҳои шеърҳои кӯдакона, хоса панду ахлоқи ашъори устодаш, шодравон Убайд Раҷаб рисолаи номзадӣ бинависаду дифоъ бикунад. Ҳарчанд бо гуфтаҳо мехостем, ки садди роҳаш бишавем, нафъ намебахшид. Дар охир изҳор дошт: «Напиндоред, ки соли умрам аз 60 гузаштаасту неру надорам ва аз уҳдаи иҷрои кор баромада наметавонам. Не, чунин нест, ки нест. Одам замоне пиру нотавон мешавад, ки рӯҳаш пиру нотавон гаштааст. Шукр, рӯҳан ман ҷавонам ва неруи зиёд дорам».
Агар ӯ, Азиз Раҳим, имрӯз ҷисман бо мо мебуд, ҳаргиз намегузошт, ки ман ин сатрҳоро, не, балки сатрҳои тавсифиро рӯи коғаз биёрам ва чун туҳфаи арзишманди 80-солагияш тақдимаш бикунам. Оре, ба ин амал зид мебаромад ва бо назокати хос, бас нарму ширин изҳор медошт: «Додар, ҳеҷ лозим нест. Чаро барои ман бояд ранҷу заҳмат бикашӣ? Навиштаҳои худам кофист. Ба қадри тавоноии худ, донишу маҳорату истеъдоди худодода эҷод кардам, он ҳам ба хотири адабиёт ва миллат. Ин андеша маро азоб намедиҳад, ки барои аз худ нақш гузоштан талош биварзам». Албатта, дар ин маврид ман хомӯш мемондам, зеро медонам, ки ӯ чун як инсон, адиб, сарвар, ҳомии миллату забон, дӯстдори сарзамини аҷдодӣ ва тамоми инсоният зист ва дуруст ҳам зист.
Оре, агарчи барои мани дӯстдори ӯ, бародари хунӣ, бе ӯ басо душвор аст, мегӯям: «Бародари азиз, 80-солагиятро аз номи худ ва ҳамаи ҳаводоронат табрик мегӯям. Бигзор ҳамеша чунин сазовори номи худ бошед, яъне азизу муҳтарам бимонед!».
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2021    №: 129 - 130    Мутолиа карданд: 573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед