logo

Хабарҳо

БОХТАР. ДУ КӮЧА БА НОМИ ДУ АДИБ ГУЗОШТА ШУД

 
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар барои номгузории ду кӯча ба номи профессор Ҳасани Муродиён ва шоири ӯзбектабор Улмас Ҷамол қарор қабул кард. Барои номгузории кӯчаи “Ваҳдат-II” - и маҳаллаи “Истиқлол” ба номи Ҳасани Муродиён як гурӯҳ сокинон ва устодони ДДБ ба номи Носири Хурсав дархост пешниҳод карда, фаъолони маҳалла онро дастгирӣ ва ба комиссияи номгузории маҷлиси вакилони халқи шаҳр манзур карда буданд.
Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, дар ҷараёни иҷлосия доир ба ҳаёт ва фаъолияти Ҳасани Муродиён сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки устод муҳаққиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, таърихи маориф ва давлатдории навини тоҷикон, саромӯзгор, рӯзноманигор, Аълочии маориф, матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистон, Конфедератсияи байналмилалии журналистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ҷоизадори медали «Барои меҳнати шоён», умумииттифоқии ба номи Н. К. Крупская, “Муаллими методист”, “Олими сол – 2006”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, мартабадори ҷоизаҳои ба номи Ҷалолиддини Балхӣ дар бахши адабиётшиносӣ ва ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, муаллифи зиёда аз 30 рисолаи илмӣ (2 китоби чопнашуда), дастурҳои методӣ, омӯзномаҳо ва китобҳои дарсӣ, 220 мақолаи илмӣ ва таълимию методӣ мебошад. Бо роҳбарии Ҳасани Муродиён ду нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ дифоъ карда, панҷ унвонҷӯ таҳқиқоти илмӣ мебурданд. 
Зебуннисо Сатторзода, собиқадори меҳнат, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав, дар мавриди хидматҳои шоир Улмас Ҷамол гуфт, ки мавсуф яке аз дӯстдорони ин Меҳан буд ва дар миёни шуарои ӯзбек баъд аз Мир Алишер Навоӣ ягона нафарест, ки чор девон дорад.
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 812
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед