logo

иқтисод

ШУҒНОН. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати “Помир энерҷи” дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии НБО «Помир – 1» дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Мутобиқи нақша, он моҳи августи соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода, зимни боздид аз иншооти ҷашнӣ, бо рафти сохтмони зеристгоҳ низ шинос  шуда, ба масъулон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани он дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҷумъа Ҷумъазода дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти  ҳаётан муҳим имконият фароҳам меоварад, ки сарбории трансформаторҳо муътадил ва сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардад. Ӯ афзуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гаштанд, ки дар доираи онҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ноҳияи Шуғнон Неругоҳи барқи обии  “Помир – 1”  бунёд ёфт. Лоиқи зикр аст, ки ин неругоҳ дар таърихи навини Тоҷикистон  аввалин  корхонаи саноатӣ буда, чархаи аввали он соли 1994 бо иштироки Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, аз як тараф дар солномаи  энергетикаи тоҷик саҳифаи нав боз намуда бошад, аз ҷониби  дигар дар таъмини аҳолии на танҳо ноҳия, балки вилоят бо қувваи барқи боэътимод  саҳми босазо гузошт.  Солҳои минбаъда бо ба кор даромадани се агрегати дигар, бунёди зеристгоҳҳо  ва  таҷдиду навсозии хатҳои интиқоли барқ таъминоти аҳолии вилоят бо неруи барқ беҳтар гардид. 
Раиси ноҳия иброз дошт, ки ноҳияи Шуғнон дар  даврони истиқлолият хеле пешрафт кард. Маҳз бо дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия дорои маркази маъмурии замонавӣ, биноҳои муосир ва гулгашту хиёбонҳои хуррам шуд. Дар робита ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба сокинони  мамлакат, бахусус ноҳияи Шуғнон, Ҷумъа Ҷумъазода, инчунин, барои 82 хонаводаи  бар асари  сел бесарпаноҳмондаи деҳаҳои  Бердибекобод, Колхозобод, Шитобоғ ва Барсем дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфтани шаҳракро таъкид сохт. Ҳамин буд, ки бо нишони эҳтиром аз иқдоми башардӯстонаи Роҳбари маҳбуб, бо пешниҳоди сокинон шаҳраки навбунёд номи Раҳмонободро гирифт. 
Бунёди корхонаи коркарди ғалларо низ раиси ноҳия аз ҷумлаи дастовардҳои камназири даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки он соли 2015 тибқи супориши Президенти мамлакат аз тарафи Агентии захираҳои  моддии давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо харҷи 9,5 миллион сомонӣ сохта шуд. Корхона дар  як шабонарӯз то  60 тонна ғалларо  коркард менамояд.
Ба гуфтаи Ҷумъа Ҷумъазода, ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ноҳия ба маблағи  64 миллиону 995 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла бунёди марказҳои хизматрасонии деҳаҳои Мун ва Пашор, тарабхонаҳои деҳаҳои Вуж ва Вер, сардхона, хатҳои оби нӯшоии деҳаҳои Барсем, Манем, Питодашт ва Шиврож, бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Гожак ва Питоб, дар назар  аст.  
Сохтмони  бинои кӯдакистон дар маркази  ноҳия аз иншоотҳои  муҳими сол маънидод шуд. Он ба маблағи 4 миллиону 600 ҳазор сомонӣ дар остонаи  ҷашни бузурги  миллӣ ба истифода дода мешавад ва 80 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Ҳамзамон,  дар шаҳраки  Ваҳдат бинои  нави шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қомат меафрозад. Ба ин мақсад, 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гашта, аллакай, 95 дарсади  корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Бинои муассисаи  нигаҳдории роҳҳои автомобилгард низ аз иншоотҳои  ҷашнӣ маҳсуб меёбад. Он аз се ошёна иборат буда, барои эъмораш 1 миллиону 78 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Раиси  ноҳия,  ҳамчунин, аз корхонаи собунбарории деҳаи дурдасти  Ванқалъа, ки  аз ҷониби  соҳибкори маҳаллӣ   Қосим  Ғуломайдаров сохта мешавад, боздид ба амал овард. Ҷумъа Ҷумъазода ташаббуси ӯро  намунаи ибрат дониста, таъкид сохт, ки коргоҳ дар коҳиш додани  воридоти ин навъи маҳсулот мусоидат хоҳад кард. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2021    №: 131    Мутолиа карданд: 1294
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед