logo

иҷтимоиёт

«ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА ДАР ОИНАИ ВАО». БАРРАСИИ ЧАНД МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои журналистон барномаи омӯзишии «Шахсони маъюбиятдошта дар оинаи ВАО» баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва мутахассисон аз Россия иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳадафи барнома дуруст ва ҷавобгӯ ба нозукиҳои этикӣ инъикос намудани масъалаҳои одамони маъюбиятдошта, ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши онҳо буд.
 
Дар раванди омӯзиши дурӯза ғамхориҳои давлату Ҳукумат, бавижа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба ин қишри ҷомеа махсус зикр шуд. Таъкид гардид, ки дар асоси Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) нафақаи маъюбони аз синни кӯдакӣ ва маъюбони то 18 - сола, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъйин шудааст, инчунин, маъюбони гурӯҳи 1 - ум, ки ба онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақа муқаррар гардидааст, аз 1 сентябри соли равон зиёд мегардад.
Бо хушнудӣ паём расонда шуд, ки низоми нави дохилшавӣ, яъне низоми тестӣ, ки бо дастгирии Сарвари давлат ба роҳ монда шуд, ба довталабони маъюбиятдошта имкон дод, ки бо ҷудо кардани холҳои муайяни иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба омӯзишу таҳсил фаро гирифта шаванд. Омори солҳои охир нишон медиҳад, ки навад дарсади довталабони ин гурӯҳ дар ихтисосҳои гуногуни донишгоҳу донишкадаҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 153 ҳазор одами маъюбиятдошта зиндагӣ мекунад ва қисмати муайяни онҳо барои пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми арзанда доранд.
Табиб ва мутахассиси кор бо одамони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд Раъно Додоҷонова гуфт: «Имсол бори нахуст Барномаи даст-рас барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, ба он маблағи муайян низ ҷудо шуд. Дастрас ба он маънист, ки сохтори биноҳо, роҳравҳо, истгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, иттилооти саҳеҳ, китобҳои махсус ва шароити таҳсил барои онҳо бояд бидуни монеаҳои табииву сунъӣ дастрас бошанд».
Олег Колпашников, табиб аз вилояти Екетеринбурги Федератсияи Россия, дар масъалаи фарогирии муаммоҳои одамони имконияти ҷисмониашон маҳдуд сухан ронда, аз ҷумла гуфт: «Ба андешаи мо, тартиб додани як гурӯҳи муайяни терминҳои соҳа зарур аст. Истилоҳҳо бояд фаҳмо, мухтасар ва замонавӣ бошанд. Ҳамзамон, дар вақти тарҷума аз забонҳои дигар, махсусан аз забони русӣ, эҳтиёт бояд шуд. Дар ин маврид, ҳамкории иттиҳодияи маъюбон бо забоншиносону донандагони соҳа ногузир аст».
Дар ҷамъбасти омӯзиш рӯзноманигорон дар кӯчаҳои марказии шаҳр ва нақлиёти ҷамъиятӣ дарсҳои «Сайр дар торикӣ» ва «Бо кафши ман роҳ рав!» - ро гузаронданд. Маълум шуд, ки мардум дар муносибат бо одамони маъюбиятдошта хеле меҳрубону ҳалим ва дилсӯзанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2021    №: 131    Мутолиа карданд: 655
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед