logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ КИ ШИРИНШОҲРО ПАРРОНДАНД…

- Моҳи июли соли 1937 ҳаво хеле гарм буд. Кормандони Дастгоҳи КИМ ва Совнаркоми ҶШС Тоҷикистонро ба Боғи истироҳат ва маданияти шаҳри Сталинобод (ҳоло Боғи Рӯдакӣ) назди ҳайкали Ленин ҷамъ карданд. Ман ҳам аз ин ҷумла будам. Раиси Шӯрои Комиссариати Халқии ҶШС Тоҷикистон Абдулло Раҳимбоев бо ҳарорат баромад карда хабар дод, ки Шоҳтемур ҳамчун душмани халқ дар шаҳри Москва ба ҳабс гирифта шуд. Ман баъд аз шунидани ин суханҳо дар ҷоям шах шуда мондам. Наход Шоҳтемур душмани халқ бошад. Ҳеҷ гоҳ бовар намекардам. Охир як сол дар қабулгоҳаш кор карда, тамоми хулқу атвор ва муносибат бо атрофиёнро омӯхта будам. Ҷамъомадагон бо рӯҳияи ноумедӣ аз боғ баромаданд. Ҳамаро як савол азоб медод: «Наход Шоҳтемур душмани халқ?».
Ин суханонро соли 1999 Ризо Ҷаводови 83-сола, котиб-стенографисти раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, дар як суҳбат иброз дошт.  Ин пирамарди нуронӣ, хушчақчақ ва дидадаро хотираҳои зиёде дошт аз вохӯриҳояш бо Шоҳтемур, устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода, Ҷамшед Шанбезода, Соҳиб Табаров, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода ва дигарон.
ВОХӮРИИ ТАСОДУФӢ
Ризо Ҷаводов 7 ноябри соли 1917 дар шаҳри Бухоро ба дунё омада, баъд аз хатми техникуми педагогӣ соли 1934 бо роҳхат ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) меояд. Якчанд моҳ дар мактабҳои шаҳри Сталинобод муаллимӣ кардааст.
Боре, тасодуфан бо Клавдия Александровна Улуғзода (ҳамсари Сотим Улуғзода) вохӯрд. К. Александровна он солҳо дар вазифаи мудири шуъбаи Кумитаи истилоҳоти алифбои нав дар назди Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон кор мекард. Маҳз бо пешниҳоди ин зан Ризои ҷавон ба курсҳои дусолаи стенографистии назди КИМ-и ҶШС Тоҷикистон  дохил шуд.  Давоми ду сол (солҳои 1934 – 1936) нозукиҳои касби стенографистиро аз устодони ин соҳа Лаълбек Юсуфӣ ва Мунаввара Каримова (ҳамсари Ҳилол Каримов) омӯхтааст.
- Он солҳо номи Шоҳтемур вирди забони хурду калон буд. Мо дар бинои Кумитаи иҷроияи марказӣ (ҳоло Вазорати кишоварзӣ) таҳсил мекардем ва орзу доштем, ки Шириншоҳ Шоҳтемурро аз наздик бубинем. Чанд бор ӯро аз дур дидем, вале наздиктар шудан ҷуръат накардем. 
 
МУЛОҚОТ БО ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР
- Бо амри тақдир, рӯзе Клавдия Александровна маро наздаш хонда гуфт: «Худи раиси КИМ  Шириншоҳ Шоҳтемур аз ман хоҳиш кард, ки яке аз шогирдони пешқадамро барои кори минбаъда ба қабулгоҳаш – Дастгоҳи КИМ фиристонам. Ман номзадии туро пешниҳод кардам. Тайёр шав, Шоҳтемур туро ба суҳбат даъват мекунад».
Ман ин мулоқот бо Шоҳтемурро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.   – Шириншоҳ дар тан либоси маъмули френч ва пойафзоли берси дошт. Мӯйлабҳои борик ва мӯйи сари каме ҷингила ба ақиб шонакардааш салобаташро боз ҳам баландтар карда буд. Рӯи мизаш асарҳои Ленин, Сталин, Маркс, «Одам пӯсташро иваз мекунад»-и Бруно Ясенский ва дигар китобҳо бо тартиб чида шуда, дар баъзе саҳифаҳо коғазчаҳо доштанд. Назди тиреза радио бо забони русӣ барномае пахш мекард. Ду-се телефони болои мизи кориаш беист занг мезад. Тахта ва донаҳои шоҳмот дар як гӯшаи миз гузошта шуда буданд… 
Шоҳтемур маро ба нишастан таклиф карда, худаш қадамзанон бо ман суҳбат кард. Аҳволи иҷтимоиямро пурсид. Таҳсил дар курсҳо, хати лотинӣ ва форсии арабиасосро хуб медонам ё не, - гӯён суол кард.
Ҳамин вақт навбатдори қабулгоҳаш иҷозати даромадан пурсид ва гуфт, ки донишҷӯе аз Институти педагогии Сталинобод наздатон даромаданӣ. Сипас, ҷавоне даромада бо Шоҳтемур чанде ҳарф зад ва дафтареро рӯйи мизаш гузошт. Шоҳтемур маро ба он донишҷӯ муаррифӣ  карда гуфт: «Ин кас дар қабулгоҳ котиб – стенографист шуда кор мекунад. Минбаъд чӣ масъала ё коре барояд, ба ӯ муроҷиат намоед!»
Бо амри тақдир баъдҳо дар қабулгоҳи раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур нишаста, ҳангоми ҷаласаҳои назди раис ё қабулҳои расмӣ рафти суҳбатҳоро тариқи стенограмма менавиштам. Ба қабулгоҳи раис аз чӯпони одӣ сар карда, то комиссарони халқӣ (яъне вазирон) меомаданд. Вай ҳамаро як хел қабул намуда, корҳои эшонро ҳал мекард ё ба дигар идораҳо супориш медод, - Ризо Ҷаводов каме хомӯш истода, фикр кард ва суҳбаташро давом дод:
- Шоҳтемур устодон Айнӣ ва Лоҳутиро хеле ҳурмат мекард. Доимо алоқаи телефонӣ доштанд ё дар маҷлису нишастҳои ҳукуматӣ вохӯрда, суҳбатҳои гарму ҷӯшон мекарданд. Ба шарофати кор дар Дастгоҳи КИМ-и ҶШС Тоҷикистон ман бо бисёр шахсиятҳои барҷастаи он замон, ба монанди устод Лоҳутӣ, Комил Ёрматов, Вагаршак Ҷаводович Карамов ва дигарон шинос шудам. 
Шоҳтемур бо адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик хеле хуб шинос буд. Ба хотири қаҳрамони «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ номи писарашро Рустам гузошт. Баъзан ҳолатҳое мешуд, ки ман фарзандонаш Шириншоҳ ва Рустамро аз хона ба тамошо мебурдам, ё ки падару модар дар корҳои давлатӣ банд бошанд, онҳоро ҳамроҳӣ мекардам.
 
ВОҚЕАЕ, КИ МАРО РӮҲАН АЗИЯТ МЕДОД
Вале тӯфони шадиди солҳои 30-юм сахттар авҷ гирифт. Тобистони соли 1937 Шоҳтемур бо ҳамсараш Александра Михайловна Кисилёва ва фарзандонаш ба шаҳри Москва сафар карданд. Мебоист дар Съезди панҷуми Шӯрои Олии ИҶШС 9 июли соли 1937 иштирок кунад. Онҳо дар меҳмонхонаи Метропол қарор гирифтанд. 
Баъди ҳабси раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур тамоми хешу табор, наздикон, ҳамкорон ва дигарҳоро ба ҳабс гирифтанд ё бадарға карданд. Ман ҳам худро чун яке аз тарафдорон ва наздикони Шоҳтемур шумурда шабона пинҳонӣ ба шаҳри Бухоро рафта, чанд муддат он ҷо зистам. 
27 октябри соли 1937 фарзанди вафодори халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур ҳукми қатл гирифт ва ҳукм тариқи паррондан иҷро шуд. Вақте ки ӯро парронданд ман ҳатто чанд вақт бемор шудам ва ҳарзагӯйӣ мекардам. Пас аз табобатҳои зиёд сиҳат шудам.
Ниҳоят, ба шаҳри Сталинобод ба ҷойи кори пештараам баргаштам, аммо муҳити корӣ дар дастгоҳи КИМ-и ҶШС Тоҷикистон дигар шуда буд. Ба ҷойи Шоҳтемур Мунаввар Шогадоевро таъйин карда буданд. Бо гузашти вақт моро боз назди ҳайкали Ленин, воқеъ дар боғи истироҳат ва маданияти шаҳр, ҷамъ карданд. Ин  навбат нотиқ аз минбар баромад карда, Абдулло Раҳимбоевро душмани халқ ва ба ҳабс  гирифтанашро эълон кард.
Ҳамин тавр, солҳои 1937 – 1983 аввал дар Дастгоҳи КИМ-и ҶШС Тоҷикистон ва баъдҳо Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардам.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронтҳои Ржевск, Смоленск, Вязма, Улин ва Орша ҷангида, дар яке аз муҳорибаҳои шадиди назди Орша аз сар ва даст сахт захмӣ шуда, баъд аз табобат ба Сталинобод баргаштам. Дар ин миён Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро (ғоибона) хатм кардам. Бо чандин роҳбарони Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон кор кардам, вале симои нуронии Шириншоҳ Шоҳтемур ҳеҷ гоҳ аз назарам дур намешуд.
Соли 1956 бо Қарори коллегияи Суди Олии ИҶШС раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур санади некномӣ гирифт. 
Соли 1964 бахшида ба 40-солагии ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ба тантанаҳои ҷашнӣ дар радифи барпокунандагони Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон, муборизони зидди босмачигариҳо, инчунин, писари Шоҳтемур – Шириншоҳро низ ба шаҳри Душанбе даъват карданд. Шириншоҳи хурдӣ дар меҳмонхонаи Вахш қарор гирифта буд. Ба ҳолпурсияш рафтам. Одамони зиёде, хешу табор ба дидори писари Шоҳтемур омада навбат мепоиданд. Шириншоҳ маро нашинохт, ман худро шинос кардам ва ҳар ду якдигарро оғӯш гирифта, хеле гиристем…
 
Тиллои НЕКҚАДАМ, журналист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2021    №: 131    Мутолиа карданд: 658
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед