logo

Хабарҳо

Путин зидди эмгузаронии ҳатмӣ мебошад

 
Лента. ру. Президенти Россия Владимир Путин  зимни гузориши  мустақими суҳбат бо шаҳрвандон  бар зидди эмгузаронии ҳатмӣ дар Россия сухан гуфт. 
Роҳбари давлат зикр кард, ки қаблан ҳам муқобили эмкунии ҳатмӣ бар зидди коронавирус буд.
Дар зимн, ӯ ёдовар шуд, ки роҳбарони минтақаҳо дар доираи қонун ҳуқуқ доранд, ки ба гурӯҳҳои ҷудогонаи шаҳрвандон эмгузаронии ҳатмиро роҳандозӣ намоянд. «Ин ҳанӯз аз соли 1998 дар доираи қонун мебошад, ин ҷо ягон нофаҳмӣ нест», - гуфт Путин.
Қаблан дар як қатор минтақаҳои Россия эмгузаронии ҳатмиро барои категорияҳои махсуси шаҳрвандон роҳандозӣ карданд. Аслан, кормандони  соҳаи савдо, хӯроки умум, хизматрасонии меҳмонхона, нақлиёти ҷамъиятӣ, маориф, тандурустӣ ва якчанд хизматрасониҳои дигар бояд ҳатман эм шаванд.
 
 
Чин аз бемории вараҷа раҳо ёфт
ТАСС. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Чинро кишвари холӣ аз вараҷа (малерия) эътироф кард. Дар ин хусус директори генералии СҶТ Тедрос   Гебрейесус дар Женева   изҳор намуд.
«Имрӯз мо халқи Чинро барои  раҳо ёфтан аз бемории вараҷа дар кишвар табрик менамоем. Ин муваффақият бо арзиши меҳнати зиёд баъд аз даҳсолаҳои фаъолияти ҳадафнок ва пайгирона ба даст омадааст», - зикр кард Гебрейесус. 
 
 
Ӯзбекистон ва Туркия 25 созишнома ба имзо расонданд
CentralAsia (UZ).  Дар Тошканд ҳангоми ташрифи ҳайати  ҳукуматии Туркия бизнес – форуми ӯзбекӣ – туркӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҷонишини сарвазир – вазири инвеститсия  ва тиҷорати берунии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов, ноиб – президенти Туркия Фуат Октай,  роҳбарони як қатор вазоратҳо ва иттиҳодияҳои соҳавии Ӯзбекистон, инчунин, зиёда аз 250 намояндаи  доираҳои кории ду кишвар ширкат варзиданд.
Дар ҷамъбасти форум  25 ҳуҷҷат ба маблағи 679 миллион доллари ИМА ба имзо расид. 
 
 
Сохторҳои СММ барқароршавии соҳаи сайёҳиро пешгӯӣ карданд
Известия. Дар соли равон  уфти соҳаи сайёҳӣ идома меёбад, сохтор қабл аз соли 2023 пурра барқарор намешавад. Дар ин хусус дар маърӯзаи интишоргардидаи Конференсияи СММ оид ба тиҷорат ва рушд ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гуфта мешавад.
Таъкид мегардад, ки мувофиқи ҳуҷҷат соли 2020 вобаста ба паҳншавии пандемияи коронавирус  теъдоди сафарҳои байналхалқӣ  ба  73 дарсад дар муқоиса то пандемия дар соли 2019 коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа сайёҳӣ ва соҳаҳои ба ин наздик 2, 4 триллион доллари ИМА – ро аз даст доданд, - гуфта мешавад дар  матн.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед