logo

Хабарҳо

ШИНОВАРӢ

Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалиро мизбонӣ кард
Бахшида ба 30-солагии Истиқ-лолияти давлатӣ дар Маҷмааи варзишии «Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бо ширкати варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон баргузор шуд.
Варзишгарон дар масофаи 50, 100, 200 ва 400 метр аз рӯи равияҳои тарзи озод, пуштнокӣ, батерфляй, брасс ва эстафета зӯрозмоӣ намуданд.
Пас аз натиҷагирии мусобиқот шиноварони Россия бо 25 медал (13 тилло, 7 нуқра, 5 биринҷӣ) мақоми аввалро касб карданд. Зинаи дуюм бо 25 нишон (9, 11, 5) насиби тими Ӯзбекистон шуд. Тоҷикистон бо 19 медал (1, 5, 13) ҷои сеюмро гирифт. 
 
ЧЕМПИОНАТИ АВРУПО
Кадом тимҳо ба 1/4 - финал баромаданд ва кай бозӣ мекунанд?
Мунтахабҳои Швейтсария, Испания, Белгия, Италия, Чехия, Дания, Украина ва Англия пас аз шикаст додани рақибонашон дар даври 1/8 финал ба марҳилаи 1/4 - ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол роҳ ёфтанд, - хабар медиҳад сомонаи мусобиқот.
Ҳамин тариқ, дар ин давр Швейтсария – Испания, Белгия – Италия (2 июл), Чехия – Дания ва Украина – Англия (3 июл) рақобат мекунанд. 
 
ФУТЗАЛ
Ширкати мунтахаби мо дар "Continental Futsal Championship 2021"
Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббии ҷадид – Пайрав Воҳидов дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» (25 - 30 июл, Бангкок, Тайланд) ширкат меварзад.
Мусобиқот бо иштироки 8 мунтахаб - Тоҷикистон, Тайланд, Литва, Эрон, Ӯзбекистон, Миср, Мозамбия ва Косово мегузарад. 
 
200 000 ДОЛЛАР
барои медали тиллои олимпиада
Тибқи иттилои сомонаи Podrobno.uz, мақомоти Ӯзбекистон андозаи маблағи ҷоизаро барои варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио медал ба даст меоранд, тасдиқ кард.
Бар пояи маълумоти манбаъ, варзишгарон барои медали биринҷӣ $ 50 000, нуқра $ 100 000 ва тилло $ 200 000 мегиранд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед