logo

Хабарҳо

САЙЁҲӢ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

 
Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукотӣ, ки дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор гардид, масъалаи омодагиҳо ба вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Камолиддин Муъминзод изҳор дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузарондани вохӯрии мазкур ва форуми сайёҳӣ кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута нақша - чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст.
Ин вохӯрӣ 15 - 16 июли соли равон дар шаҳри Душанбе ва дар доираи он баргузории Форуми сайёҳии СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд.
Тавре Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ медиҳад,  рӯзи аввал - 15 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад. Нимаи дуюми ҳамин рӯз дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки зиёда аз 200 нафар форуми сайёҳӣ ба кори худ оғоз менамояд.
Рӯзи дуюм  - 16 июл дар Боғи  «Ирам» бо иштироки меҳмонон Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад. Ҳамчунин, дар Боғи «Ирам» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокдорони фестивал барномаи фарҳангӣ пешниҳод мешавад. Меҳмонон аз қалъаи Ҳисор низ дидан мекунанд.
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 946
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед