logo

иҷтимоиёт

“ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 
Чанде пеш даври ниҳоии Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон аз ҷониби институтҳои Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва ДКМТ созмон дода шуд, ҷамъбаст гардид. 8 нафар довталаб аз институтҳои Конфутсий барои рақобат дар даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар маросими ҷамъбасти озмун сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Юй Ди, муҳаррири масъули маҷаллаи адабии Синзян "Воҳа" ва Лю Ёнгҷие, корманди масъули  Академияи илмҳои таҳсилотии Чиндао, ба ҳайси доварони озмун даъват буданд.
Дар суханронии ифтитоҳии хеш Лю Бин қайд намуд, ки озмуни “Пули забони чинӣ” тӯли 20 соли фаъолият ба "олимпиада"-и забони чинӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва "фестивали фарҳангӣ"-и пайвасткунандаи ҳаводорони забони чинӣ табдил ёфтааст.  Тӯли чанд соли охир омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон ба авҷи аъло расида, дар рушди муносибату  ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар нақши муҳимро иҷро менамояд. Чиниҳо мегӯянд: "Забони чиниро аз худ намуда, дар олам дӯстони нав пайдо намоед". Сафир Лю Бин бовар бар он дорад, ки ҷавонони тоҷик забони чиниро бештар аз худ намуда, барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар фарогири донишҳои замонавӣ гарданд ва дар рӯшди муносибату ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳиссагузор бошанд. Сафир изҳор намуд, ки маротибаи сеюм аст дар озмуни “Пули забони чинӣ” ширкат варзида, омодагии довталабон ӯро ба ваҷд овардааст.  
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён дар рафти суханрониаш миннатдории хешро ба Сафорати ҶМЧ дар Тоҷикистон ва Институти Конфутсий изҳор намуда, ба онҳо ҷиҳати дареғ надоштани кумаку дастгириҳои хеш изҳори сипос намуд.  Ҳамзамон, изҳор дошт, ки ҷонибдори рушди ҳамаҷонибаи Институти Конфутсий мебошад. 
Қобилҷон Хушвахтзода зикр намуд, ки мавзӯи имсолаи озмун низ "Як ҷаҳон - як оила" аст. Тӯли як сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мубориза бар зидди вазъи эпидемиологӣ кумакрасони якдигаранд, ки инъикосгари мавзӯи мазкур мебошад. 
Директори Институти Конфутсий дар назди ДКМТ аз ҷониби Тоҷикистон Мастура Валиева иброз дошт, ки озмун моро боз гирди ҳам овард. Баргузории он барои донишҷӯён имконияти намоиши донишу ҳунари хешро фароҳам сохт. Озмун, ҳамчунин, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Чину Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Дар даври якуми озмун - “Намоиши мукаммал”, ки аз бахшҳои маърӯза ва намоиши истеъдод иборат буд, 8 довталаб фикру андешаи хешро доир ба  мавзӯи “Як ҷаҳон - як оила” изҳор намуда, ҳунару истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд. Дар ниҳояти даври якум 6 довталаб барои шитирок дар сабқати дуюми озмун роҳхат гирифтанд. Довталабон дар муқобили суолҳои мухталиф аз забони чинӣ, фарҳанг ва давлатдории Чин зиракӣ нишон дода, ҷавобҳои дуруст пешниҳод намуданд. Ин яке аз даврҳои мушкили озмун буд, ки дар натиҷаи он аз шаш нафар довталаб чор нафар барои иштирок дар даври сеюми озмун роҳхат гирифт.
Даври сеюми озмун - “Вохӯрӣ дар тангкӯча” ҳунари суханварии довталабонро озмоиш намуд. Барои посух гардондан ба дилхоҳ савол як дақиқа ва барои омодагӣ дидан ба он як дақиқаи дигар муайян шуд. Довталабони даври мазкур, ки доир ба фарҳанги Чин фаҳмиши бою ғанӣ дошта, маҳорати хуби баёни нутқ дар мавқеи лозимаро доштанд, аз ҷониби меҳмонон, аъзои ҳайати ҳакамон ва омӯзгорону донишҷӯёни дар он ҳузурдошта, беҳтарин  эътироф шуданд. Дар охир, довталабон Муниса Нарзуллоева ва Муҳаммадҷон Азизов барои иштирок дар даври “Рақобат дар қуллаи баландтарин” роҳхат гирифтанд. Саҳнаро фазои рақобатнокии шадид фаро гирифт. Аз тарси халал нарасондан ба довталабон ҷуръат намекард, ки садо баланд намояд. Дар натиҷа, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода - Муҳаммадҷон Азизов соҳиби ҷойи аввал гардид.
Ширкатдорони даври ниҳоии озмун зикр намуданд, ки он бомуваффақият баргузор шуда,  намоишҳои ҷолибу рангини довталабон хеле диданӣ буданд. Бо сабаби вазъи эпидемиологии имрӯза озмун тариқи онлайн сурат гирифт, аммо ин ба рӯҳия ва шавқу рағбати донишҷӯён заррае ҳам таъсир нагузошт. 
Маротибаи сеюм аст, ки дар озамуни мазкур ширкат варзида истодаам. Миннатдории самимии хешро ба ташкилкунандагони он мерасонам. Маълум гардид, ки сатҳи забономӯзии довталабон беҳтар гардида, фаҳмишашон нисбат ба фарҳанги ин кишвар афзудааст. Ба директорон ва омӯзгорони ҳар ду институти Конфутсий ҷиҳати баргузории озмун ва ба аъзои ҳакамон ҷиҳати кумаку дастгирӣ ташаккур мегӯям.  Озмуни “Пули забони чинӣ” саҳнаи намоиш ва озмоиши натиҷаи омӯзиши забони чинӣ мебошад. 
Донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷон Азизов дар асоси ба даст овардани холҳои бештар ғолиб дониста шуд. Ӯ ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар даври байналмилалии озмун ба ҶМЧ сафар хоҳад кард. 
Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муниса Нарзуллоева сазовори ҷои дуюм гардид, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Қиёмиддин Ҷалилов ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рабониддин Маҳмудов сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.
Донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сабзон Ғарибмамадова бо ҷоизаҳои “Беҳтарин маъруфият дар интернет”, Фараҳноз Мирзоева - “Беҳтарин наттоқ”, Шуҳрат Очилдиев - “Беҳтарин қобилият” ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон Иброҳим Ғаниев - “Беҳтарин ҳунарнамоӣ” соҳиб шуданд. 
Ғолиби Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” Муҳаммадҷон Азизов зикр намуд, ки аз омӯзгорони Институти Конфутсий сипосгузор аст. Онҳо  буданд, ки забони чиниро барояш омӯзондаанд. Ҳамзамон, ӯ миннатдории хешро ба ҳамаи довталабони озмун ҷиҳати дастҷамъона меҳнат намудану якҷо дониш омӯхтан, ба якдигар кумак расондану ҳамдигарро таъкид ба омӯзиш намудан, расонд.  
Хотиррасон мешавем, ки имсол 20-солагии Озмуни байналмилалии "Пули забони чинӣ" ҷашн гирифта мешавад. Тӯли 20 сол озмун тавонист барои тамоми ихлосмандони забон ва фарҳанги Чин дар рӯи олам минбари намоиши дониш ва ҳунару хушсалиқагиро муҳайё созад. Ин ҷо онҳо метавонанд донишҳои хешро доир ба таърих,  забону адабиёт ва фарҳанги Чин баён намуда, мубодилаи фарҳангҳоро миёни ҶМЧ ва дигар давлатҳо тақвият бахшанд. Озмуни «Пули забони чинӣ» на танҳо як ҷамъомади бошукӯҳи забони чинӣ, балки як ҷамъомади пайвасткунандаи дӯстӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона мебошад. Мо минбаъд низ қадамҳои нахустини хешро устувор нигоҳ дошта, барои мардумони Тоҷикистону Чин пули мубодилаи фарҳангҳо, пайвасткунандаи қалбҳо, тақвиятдиҳандаи дӯстиву ҳамко-риҳоро бунёд месозем. 
 
Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2021    №: 132    Мутолиа карданд: 660
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед