logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН ТАКЯГОҲИ УСТУВОР ВА ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ

 
Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар, ки 21 майи соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, бори дигар собит намуд, Роҳбари давлат ба ҷавонон ва қудрати маънавию зеҳнии онҳо эътимоди комил дошта, онҳоро неруи асосӣ дар татбиқи ҳамагуна ҳадафҳои Ҳукумат медонанд. 
Дар муқаддимаи суханронии худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: “Кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд. Сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, мо то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр менамоем”. 
Ворисони таъриху тамаддуни миллати тоҷик, пайравони асили Пешвои миллат, такягоҳи устувор ва ояндаи дурахшони давлат унвон гирифтани ҷавонон худ далели меҳри беандоза ва эътимод ба ин қишри ҷомеа мебошад. Сарвари давлат нақши ҷавонони бонангу номусро дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон, ҳимояи дастовардҳои истиқлол ва рушду тараққиёти Тоҷикистон бузург шумориданд. 
Мусаллам аст, ки нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи кунунӣ мақоми асосиро касб намуда, фаъолияти ин қишри ояндасози кишвар дар пешбурди дилхоҳ соҳа ба таври назаррас эҳсос мешавад. Ба ҳамин маънӣ Пешвои миллат таъкид доштанд: “Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад”. Ва афзуданд: “Рӯ овардан ба ҷавонон - рӯ овардан ба оянда мебошад”.
Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд дарк намоянд, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад. Бесаводӣ, ҷоҳилият ва гумроҳиро Пешвои муаззами миллат омили асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ унвон дода, онро ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва хатарноки заҳролудкунандаи тафаккури мардум, хусусан наврасону ҷавонони камтаҷриба, ки онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегарданд, маънидод намуданд.
Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд. 
Итминон дорем, ки дар ин асос ва бо такя ба суханони Пешвои миллат ҷавонони бо нангу номуси мо бо ҳисси баланди миллӣ дар ободии диёр саҳм мегузоранд. Пешниҳоду тавсияҳои судманд, маслиҳату машварат ва ҳидоятҳои неки оқилонаву ояндасози Сарвари давлат - илҳомбахши ҷавонони кишвар - насли даврони соҳибистиқлолӣ хоҳад буд.
 
Абдухалил ҒАФУРЗОДА,ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2021    №: 132    Мутолиа карданд: 1065
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед