logo

иҷтимоиёт

БОЙГОНӢ. НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ БУНЁДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Хазинаи бойгонии миллӣ пойдевори мустаҳками таърихи имрӯз ва ояндаи миллат аст.                
Эмомалӣ Раҳмон 
 
Бо гувоҳи таърих нахустин  бойгонӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳанӯз 9 апрели соли 1925 таъсис ёфта буд, ки ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳукумати подшоҳии русро дар ҳудуди уезди Хуҷанд маҳфуз медошт. Аз рӯи ҳуҷҷатҳо номи нахустин  бойгонидор муайян шуд, ки он Добшинский Федор Иванович - яке  аз иштирокдорони фаъоли мубориза барои барқарор  ва мустаҳкам кардани ҳокимияти шӯравӣ дар Хуҷанд будааст. Аз сабаби набудани шароити дуруст ҳуҷҷатҳои хазинаҳои муассисаҳои маҳаллӣ дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ муваққатан ба шаҳри Тошканд ва Самарқанд бурда шуданд. Дар натиҷа, маводу матлабҳои нодир оид ба таърихи  қисмати шимолии Тоҷикистон дар солҳои 1865 - 1917 аз нестшавӣ эмин монд. 
Аз 22 декабри соли 1930 С.М. Казачкин ба вазифаи мудири идораи марказии кори бойгонии ҶИШ Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳамин тариқ, барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи мероси ҳуҷҷатии халқи тоҷик имкон фароҳам омад.
Моҳи январи соли 1931 дар шаҳри Сталинобод (имрӯза Душанбе) идораи марказии бойгонӣ бо шуъбаҳои худ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғи ВМКБ корро оғоз кард.
20 марти соли 1931 Қарори КИМ ва ШКХ ҶИШ Тоҷикистон “Доир ба тасдиқ ва дар амал татбиқ  кардани низомнома оид ба ташкили кори бойгонӣ” (№ 5) қабул гардид. Ин қарор нахустин санади ҳуқуқӣ - меъёрии кори бойгонии Тоҷикистони ба шумор меравад. Низомнома аз 4 фасл ва 78 банд иборат буд.
Баъдтар бо қарори дахлдор супурдани ҳамагуна нашрияҳои чопӣ, суратнаворҳо ва кинонегативҳо ҳатмӣ гардид. Мақсади асосӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдории мавод ва ҳуҷҷатҳои инъикоскунандаи таърихи ҳаракати инқилобӣ ва сохтмони сотсиалистии Тоҷикистон ба шумор мерафт. 2 майи соли 1932 КИМ Шӯроҳои РСС Тоҷикистон сиркуляр нашр мекунад.
То 1 июли соли 1939 маҷмӯи бойгониҳои ҷумҳурӣ аз ду бойгонии марказӣ, се бойгонии округӣ дар шаҳрҳои Ленинобод, Кӯлоб, ва Ғарм, як бойгонии давлатии ноҳиявӣ иборат буд. Дар соли 1940 бойгонии байниидоравии ноҳиявӣ ба бойгонии давлатии ноҳиявӣ табдил дода шуд. Соли 1943 Бойгонии Марказии давлатии ҳуҷҷатҳои суратӣ, сабти овозҳо ва кинои РСС Тоҷикистон таъсис ёфт. 
Самти асоси фаъолияти бойгониҳо дар ин солҳо барои дарёфт ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо равона шуда буд. Агар соли 1931 ба нигоҳдории давлатӣ 2500 парванда қабул гардида бошад, пас дар соли 1938 дар бойгониҳои марказӣ  ва маҳаллӣ 732 хазина мутамарказ гардиданд, ки дар маҷмӯъ 90508 парвандаро ташкил медод. 
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991, баргузории сессияи 16 Шӯрои олӣ дар шаҳри Хуҷанд, ба арсаи роҳбарии давлати тоҷикон омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро ба марҳилаи нави бунёдкорию созандагӣ раҳнамоӣ кард. 
Инак, ба истиқлол 30 сол пур мешавад. Оинаи қаднамои ин сисола бешубҳа, дар бойгонии давлатии кишвар аст. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи бойгонии дорои аҳамияти илмӣ, амалӣ ва таърихӣ дошта, дар 13 бойгонии давлатӣ маҳфуз буда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" №704 аз 13 ноябри соли 1998 мавриди ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифода, идоракунӣ ва ҳимоя қарор доранд. Ҳуҷҷатҳои ин хазинаи бебаҳо инъикосгари таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро аз нимаи дуюми асри ХIХ то имрӯз буда, дар маводи коғазӣ ва ғайрикоғазӣ (пленкаи суратӣ, лентаи магнитӣ, тасмаи синамоӣ) ҳифз мешаванд.
Ҳоло дар Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2139 хазина, панҷ маҳфузгоҳ, ҳафтсад ҳазор парванда, дошта, се давраи таърихиро дар бар мегирад. Давраи аввал аз соли 1861 то соли 1917, давраи дувум то соли 1991, давраи сеюм то рӯзгори мову шумо. 
Имрӯз низ бойгонӣ чун хазинаи зиндаи халқ дар хидмати илм ва ҷамъият қарор дошта, дарҳояш барои омӯзандагони таъриху тамаддуни Тоҷикистон боз аст.
 
Муҳаббат САИДОВА,
мудири шуъбаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2021    №: 132    Мутолиа карданд: 957
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед