logo

Хабарҳо

Дар Россия амали террористӣ пешгирӣ шуд

ТАСС. Хадамоти федералии бехатарӣ амалиёти террористии тарҳрезишудаи  аъзои созмони байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» - ро пешгирӣ намуд. Ду шаҳрванди Россия мувофиқи фармони роҳбарони сохторҳои террористӣ амал карда, нақшаи дар як вақт ҳамла намуданро ба сокинони Москва ва вилояти Астрахан бо истифода аз яроқҳои оташфишон ва сард дар ҷойҳои серодам кашида буданд.
Дар натиҷаи боздошт яке аз ҷинояткорон дар вилояти Астрахан  муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз ҷониби қувваҳои махсуси ХФБ безарар гардонда шуд. Иштирокчии дуюми амалиёт дар Москва дастгир гардид. Кормандони мақомоти амниятӣ ва шаҳрвандон зарар надиданд, - зикр карданд дар ХФБ.
 
Меркел охирин бор ба ҳайси Канслери Олмон аз Британяи Кабир дидан мекунад
ТАСС. Канслери Олмон Ангела Меркел бо охирин сафари корӣ вориди Британияи Кабир мегардад, ки дар он ҷо бо Сарвазири кишвар Борис Ҷонсон вомехӯрад. Дар ин бора дар изҳороти дафтари Роҳбари Ҳукумати Иттиҳоди Шоҳигарӣ гуфта мешавад.
Барои Меркел ин 22 – юм сафари корӣ ба симати Канслер аз соли 2005 мебошад. Муҳлати ваколати ӯ ба охир мерасад. 26 сентябр интихоботи парламентӣ баргузор мегардад, аммо Меркел номзадиашро ба он пешбарӣ намекунад.
Сарварони ҳар ду кишвар нияти баррасӣ намудани ҳамкориҳои амиқи миёни Берлин ва Лондонро доранд. «Тӯли зиёда аз 16 сол дар вазифаи Канслер будани Меркел муносиботи байни Британияи Кабир ва Олмон эҳё ва мустаҳкам гардида, ба марҳилаи нав ворид шуд. Муассисаҳои муштараке, ки дар бораи онҳо мо имрӯз сухан мегӯем, ба наслҳои  имрӯзу оянда мерос мемонанд», - шарҳ дод вохӯрии дарпешистодаро Сарвазири Британия.
 
 
Вохӯрии ҳайати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо
CentralAsia (UZ). 1 июл дар Тошканд муколамаи сатҳи баланди «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» оид ба масъалаҳои сиёсат ва амният дар сатҳи муовинони вазири корҳои хориҷӣ доир гардид.
Тибқи маълумоти ВКХ, ҳайати Иттиҳоди Аврупоро муовини Дабири кулли Хадамоти фаъолияти хориҷии Аврупо Энрик Мора сарварӣ намуд. Дар дидор, ҳамчунин, намояндагони Афғонистон ширкат варзиданд. Дар ҷаласа натиҷаи амалигардии созишномаҳои қаблан бадастомада дар чаҳорчӯбаи ҳамоҳанги байниминтақавӣ, тартиб ва рӯзномаи   чорабиниҳои сатҳи гуногуни дарпешистода дар формати «ИА - Осиёи Марказӣ» муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамоҳангии идора намудани сарҳадот, муқобилият бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил ва мушкилоти экологии минтақавӣ  баррасӣ шуданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 785
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед