фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
СЕ САВОЛИ ҶОЛИБ:
1. Дар замин кабӯтаре нишаста буд. Селаи кабӯтарон дар парвоз буданд, ки кабӯтари танҳо гуфт: «Салом, 100 кабӯтари озод». Дар ҷавоб гуфтанд: «Мо садто нестем, мо ҳамин қадарем, боз ҳамин қадари дигар, боз ним аз ҳамин қадар ва ними ними ҳамин қадари дигар ва ҳамроҳ бо ту баъдан мо ба 100 то мерасем». Гӯед, ки дар осмон чанд кабӯтар парвоз мекарданд?
2. Пули миллии тоҷикӣ аз 1 то 500 сомонӣ мебошад. Аз шумо пурсида мешавад, ки 25 сомониро ба 10 нафар тавре тақсим кунед, то ба ҳар яки онҳо 1 ададӣ пул расад.
3. Рӯзи иди занон писарбачае 9 дона гулро ба 2 модару 2 духтар баробар тақсим карда, ҳадия кард. Бигӯед, ки ӯ ба модарону духтарон чантоӣ гул дод?
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ,
сокини ноҳияи Данғара
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ВАҲДАТ», АЗ 25 ИЮНИ СОЛИ 2021:
1. Ваҳдат. 2. Ташкилот. 3. Тоҷикистон. 4. Нишон. 5. Нусрат. 6. Тоҷик. 7. Кӯлоб. 8. Бухоро. 9. Осимӣ. 10. Истиқлол. 11. Ливо. 12. Осоиш. 13. Шараф. 14. Фармон. 15. Норак. 16. Кабӯтар. 17. Раият. 18. Ташаббус. 19. Сулҳ. 20. Ҳамоқат. 21. Теҳрон. 22. Назм. 23. Машварат. 24. Тоза. 25. Аср. 26. Рухшона. 27. Адолат. 28. Тараҳҳум. 29. Мамлакат. 30. Тафохӯр. 31. Ранг. 32. Гандум. 33. Москва. 34. Асолат. 35. Тоҷир. 36. Рӯшон. 37. Неъматов. 38. Вилоят. 39. «Тоҷикон». 40. Нуъмон. 41. Номус. 42. Сомонӣ.
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ДУШАНБЕ. БОЗТОБИ ДАСТОВАРДИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ДАР МАҶАЛЛАИ «ECO HERITAGE»
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» («Мероси ЭКО», ба забони англисӣ) ба табъ расид, ки дар он дастоварду имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва эълони он чун пойтахти сайёҳии минтақаи ЭКО барои солҳои 2020 – 2021 инъикос ёфтаанд.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар рушди Тоҷикистон ва минтақаи ЭКО» муҳтавои маҷалларо ҳусни оғоз мебахшад.
Қисмати бештари матолибро тарғиби муваффақиятҳои шаҳри Душанбе, ки тӯли сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаанд, дар бар мегирад. Дар ин росто, мақолаҳо таҳти унвони “Душанбе дар як нигоҳ”, “Рамзҳои давлатдории миллӣ”, “Кохи Наврӯз – муъҷизаи муосири сайёҳӣ”, “Боғҳои фарҳангию фароғатӣ – ҷилваҳои ҳусну зебоии шаҳри Душанбе”, “Таомҳои миллии Тоҷикистон” нашр шудаанд.
Маҷалла бо аксҳои таҷассумкунандаи зебоиҳои пойтахти Ватани маҳбубамон ва атрофи он ороиш ёфтааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Хислатҳои Мағфират ва табиати хоси ӯ, чунон ки зикр шуд, бо ҷилваҳои нозук ва тағйироти гуногунаш ҳарҷониба ба тасвир омадааст. Образи Мағфират шаҳодат медиҳад, ки нависандаи ҷавон дар тасвири характер ва зоҳир намудани инкишофи он маҳорате касб карда истодааст. Ба фикри мо, яке аз чизҳое, ки ӯ ба кашфи асрори онҳо бояд бештар диққат кунад ҳамин санъати характерофаринӣ ва ҳарчи мукаммалтар зоҳир намудани инкишофи характер мебошад.
* * *
Эй хушо, соҳиби Истиқлолем,
Халқи хуштолеву хушиқболем.
Мо, ки аз оли Фаредуну Кайем,
Аз азал мардуми фаррухфолем.
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 25 ИЮНИ СОЛИ 2021:
Аслиддин Соҳибназар, Муҳаммад Ғоиб
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАВСИЯ БАРОИ ХАРОБШАВӢ
Хонуми зебо, вале сергӯште, ки зиёфатро дулунҷа нӯши ҷон мекард, якбора сар аз табақ бардошта, аз табиби номдор Боткин суол мекунад:
- Ҷаноб, барои харобшавӣ кадом намуди машқро тавсия медиҳед?
- Гардондани сар аз чап ба рост ва аз рост ба чап,- бе он ки зиёд андеша кунад, мегӯяд табиб.
- Бо ҳамин тамом, ҳайрон мешавад хонум ва боз мепурсад:
- Лутфан бигӯед, ки кай ва чанд маротиба ин машқро такрор кунам?
- Ҳар вақте, ки шуморо ба зиёфати муфт даъват мекунанд, маънидорона мегӯяд Боткин.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
“КИТОБҲОИ ЗИНДА”
Дар Дания китобхонаи ғайриодие мавҷуд аст, ки кас метавонад дар он ҷо ба ҷои китоби маъмулӣ одамони зиндаро интихоб намояд. Ҳар як ровӣ ва ё нақлкунандаи ин даргоҳ ҷойи махсуси худро дорад ва муштариёнро аз рӯи хоҳиш қабул карда, муддати 30 дақиқа дар бораи таърихи зиндагӣ, воқеаву ҳодисаҳои ҳаёташ маълумот медиҳад. Ин китобҳои зинда унвони махсуси худро доранд, масалан: «Бекормондаҳо», «Гурезаҳо» ва «Қутбнишинҳо».
Шахсоне, ки дохили китобхона мешаванд аз рӯи хоҳиш мавзӯъро бо ровӣ интихоб менамоянд. Пас аз шунидани нақли чунин ашхос, кас эҳсос менамояд, ки дар бораи китоб аз рӯи муқовааш баҳо додан мумкин нест. Яъне, зиндагии ҳар яки мо китоби нохондаеро мемонад. Ин барномаи навтаъсис дар зиёда аз 50 давлати дунё ҷорӣ ва он «Китобхонаи зинда» номгузорӣ шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
Агар дар танҳоӣ насиҳатам намоӣ, пас ҳаққи насиҳат ва хайрхоҳиро дар ҳаққам ба ҷо овардӣ. Агар дар ҷамъи мардум маро насиҳат кардӣ ва айбамро гуфтӣ, пас маро расво кардӣ.
Имом Шофеӣ
Таҳияи Нигина РАҲМОН
СУМАТИ НАЯК
ЗАНИ 100-СОЛАЕ, КИ ДАР 10 РӮЗ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ
Сумати Наяк, пирзан аз иёлати Одишаи Ҳиндустон, давоми даҳ рӯз аз бемории коронавирус шифо ёфт. Дар ин бора Odishatv.in хабар медиҳад.
Зани ба наздикӣ 100-солагиашро истиқболнамуда 6 июн дар беморхонаи воқеъ дар Хандапада бистарӣ шуд. Хешовандон аз шифоёбии ӯ умед надоштанд, чунки дар беморхона аҳволаш вазнин буд.
Бо вуҷуди ин, духтурҳо ва дигар кормандони беморхона барои таъмини хуби нигоҳубин ва муолиҷаи Сумати Наяк кӯшиши зиёд намуданд. «Худи Сумати ҳатто хӯрда наметавонист. Рӯзҳои аввал ба ӯ ба таври доимӣ маҳлули физиологӣ додани мо рост омад», - мегӯяд доктор Прадеип Пайкрай.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
СУҒУРТА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ
• Аввалин шартномаи суғурта соли 1346 баста шудааст.
• Муштарие, ки нахустин шуда суғуртаи ғайримаъмулиро мӯд намуд Бен Терпин, бозигари синамои бесадо буд. Оғози солҳои 20-уми асри гузашта ӯ чашмонашро ба маблағи 20000 доллар суғурта кард.
• Модели маъруфи олмонӣ Клаудия Шиффер чеҳраи худро ба маблағи 5 миллион доллар суғурта кардааст.
• Футболбози англис Дэвид Бекҳэм бошад, ба маблағи 70 миллион доллар пойҳояшро суғурта намуд.
• 170 ҳазор доллар. Бо ин маблағ овозхони рус – Земфира ангуштонашро суғурта кардааст.
• Овозро аввалин маротиба Марлен Дитрих ба маблағи 1 миллион доллар суғурта кард.
• Гаронтарин полиси суғурта дар ҷаҳон ба коргардони амрикоӣ Стивен Спилберг тааллуқ дорад. Ӯ ҳаёти худро ба маблағи 1,2 миллиард доллар суғурта намудааст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
МОТАМИ 39 ЗАН ДАР МАРГИ ЯК МАРД
Марди 76 – сола, ки 39 зан ва 94 фарзанд дошт, дар минтақаи шимолу шарқи Ҳиндустон 28 июн даргузашт.
Зиона Чана, роҳбари рӯҳонии мазҳаби насронии маҳаллии «Чана Пол» аст, ки бисёрзаниро, иҷозат медиҳад. Ин мазҳабро падари ӯ соли 1942 поягузорӣ кардааст. Садҳо сулола ва ҳудуди ду ҳазор нафар пайравони ин мазҳаб ҳастанд. Ҳамаи онҳо дар деҳаи Бактавонг зиндагӣ мекунанд, ки ба шарофати ин мазҳаб ба як макони зиёрати сайёҳон табдил ёфтааст.
Ин оила дар умум 181 нафар узв дорад ва бо назардошти набераву абераҳо яке аз оилаҳои бузурги дунё мебошад.
Таҳияи М. БАХТИБЕКОВА
ИН ТАВР ҲАМ МЕШУДААСТ!?
Ли Ҷонатани амрикоӣ, соли 2006 бо баҳонаи мухталиф ба додгоҳ беш аз 2600 шикоят бурд. Миёни гунаҳкоршудагон одамони маъруф: Ҷорҷ Буши хурдӣ, Бритни Спирс низ буданд. Аҷиб ин, ки бештари даъвоҳо алайҳи Платон, Настрадамус, Че Гевара барин нафарони маъруф, ки кайҳо дар қайди ҳаёт нестанд ва ашёҳои беҷон - китоби «Майн кампф», манораи Эйфел, сайёраи Плутон буд.
Китоби «Рекордҳои Гиннес» Лиро барои даъвоҳои афзунаш рекордгузор эълон намуд. Аммо Ли аз болои «Рекордҳои Гиннес» низ ба суд шикоят кард. Ӯ китобро барои эҳтиром нагузоштан ба шумораи шикоятҳо ва баҳои манфӣ ба шахсияташ айбдор намуд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
КОРИ МАҶБУРӢ
Ба гуфтаи Стив Сиболд, муаллифи китоби «Фикру андешаи сарватмандон», аксарият барои он кор мекунанд, ки аз гуруснагӣ намиранд. Ба ақидаи машваратчиён- тоҷирони амрикоӣ чунин инсонҳо, аллакай, бетолеъ ҳастанду ҳеҷ гоҳ соҳиби дороӣ намешаванд.
Тавре равоншиносон изҳор менамоянд: «Қарзҳоямро баргардонда, бо кори хости дилам машғул шуда, одам барин зиндагӣ мекунам», - гуфтани аксари одамон аз худро дӯст надош-танашон дарак медиҳад. Ҳаёт гузарон аст. Агар пулу комёбӣ аз шумо гурезон бошад, андеша намоед: чаро шумо худро дӯст намедоред?
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ОЁ МЕДОНЕД?
•Галлий металлест, ки дар даст об мешавад. Ҳарорати гудозиши он 29,8 дараҷа гармист.
•Танҳо 5 дарсади одамон метавонанд ҳама чиро бихӯранд ва фарбеҳ шаванд.
•Майнаи сари инсон нисбат ба гармӣ дар сардӣ беҳтар кор мекунад.
•Пиёз яке аз маҳсулоти беҳтарин барои харобшавӣ мебошад.
•Олимон исбот кардаанд, ки худ ба худ гап задан майнаи сарро ором мекунад.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
ҲОЗИРҶАВОБИИ САРТАРОШ
Сартароши театр вақти покиза кардани ришу мӯйлаби сарояндаи машҳури опера Осип Афанасевич Петров (1807-1878) саросема шуд, ки пӯсти рӯяшро яра кард. Петров, ки майнӯшии доимии усторо медонист, қавоқ гирифта, киноя зад:
- Ин ҳамааш айби арақ аст.
- Бале, гуфт сартарош,- бадмастӣ пӯсти рӯйро ғафсу дағал мекунад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ПАНҶ ҲАЛҚАИ БАРОДАР: 101 СОЛ ҚАБЛ ОЛИМПИАДА ДАР АНТВЕРПЕН ДОИР ГАШТА БУД
Моҳи июни соли 1919 Аврупо пас аз ҷанг барқарор мегашт. Кумитаи байналмилалии олимпӣ низ аз хоби маҷбурӣ бедор гардид. Дар Лозанни Швейтсария созмон ҷангро пушти сар карда, барои наҷоти Аврупо аз афсурдаҳолии баъдиҷангӣ камар баст.
Моҳи августи ҳамон сол КБО конфронси деринтизорро доир намуд ва қарори баргузории бозиҳоро дар соли 1920 дар Антверпен (Белгия) қабул кард.
Пас аз як сол кардинал Мерсйе хотираи он олимпичиёнеро, ки аз ҷабҳа барнагаштанд, пос дошт. Сипас, варзишгоҳи олимпии Антверпен тантанаи кушодашавиро бипазируфт. 35 ҳазор мухлис варзишгарони 29 кишварро истиқбол гирифтанд. Анри де Байе – Латур, созмондиҳандаи бозиҳо, ба Шоҳ Алберти – I муроҷиат намуд: «Варзишгарон мехоҳанд баргашти сулҳро ҷашн бигиранд. Бигузор бозиҳо бо хушмуомилагӣ, бовиҷдонона сурат бигиранд ва беҳтаринҳо дастболо гарданд!». Баъдан ҷоизадори олимпиадаи солҳои 1908 ва 1912, ветерани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Виктор Буан аз зумраи аввалин варзишгароне гардид, ки савганди олимпиро ироа намуд: «Мо дар олимпиада бо рӯҳи ҷавонмардӣ, барои шарафи кишварҳои худ ва ба хотири бузургдошти варзиш ширкат меварзем». Дар канори Буан парчами олимпие, ки худи барон Кубертен ҳанӯз соли 1913 коркард намуда буд, парафшонӣ мекард.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
РАФЪАТ ҲУСЕЙН: «ҶАНГ КОРИ ТОҶИКОН НЕСТ!»
Рафъат Ҳусейн, устоди забон ва адабиёти порсии «Suez Canal University» аз Мисри Араб, дар паёми видеоии худ ба мардуми дунё, аз ҷумла ба халқи қирғиз, муроҷиат карда, миллати сулҳхоҳ ва меҳрварз будани тоҷикро таъкид мекунад. Аз ҷумла, мегӯяд: «Бародарони тоҷикам, аз марги чандин шуҳадо дар ҳифзи сарҳади кишваратон ғамгинам. Аз таърих медонам, ки ҷанг кори шумо нест. Бовар дорам, ки рӯзҳои вазнини шумо паси сар шавад ва осудагиву оромии халқатон таъмин гардад. Дер бошад ҳам, ҳамдардии маро бипазиред».
Рафъат Ҳусейн зодаи Қоҳира буда, борҳо меҳмони кишвари мо шудааст ва дар навор низ аз меҳрубониву лутфи тоҷикон бо самимият ҳарф мезанад. Аҷиб он аст, ки ӯ нутқашро дар тан ҷомаи зардӯзиву тоқии чоргул ва пурра ба забони тоҷикии порсӣ адо мекунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
ДИЛ ДАР ТАХТАПУШТ
Марди 25 - солаи амрикоӣ Стен Ларкин қариб ду сол, яъне 555 рӯз бо қалби маснӯие, ки дар тахтапушташ насб шуда буд, зиндагӣ кард. Аксари бемороне, ки ба ин асбоб пайваст мешаванд, таҳти назорати табибон қарор мегиранд. Бо вуҷуди ин, Ларкин комилан ҳаёти маъмулӣ дошт ва, ҳатто, ба варзиш ҳам машғул мешуд. Ду ҳафта қабл ӯро ҷиҳати интиқоли қалби донорӣ ҷарроҳӣ намуданд.
«Маро ду ҳафта қабл ҷарроҳии қалб намуданд ва алҳол худро хуб эҳсос мекунам, андак медавам, гап мезанам. Мехоҳам ба фарде, ки қалбашро ба ман дод, изҳори сипос бигӯяму бо хонаводаи ӯ шинос бишавам ва умедворам, ки онҳо низ чунин хоҳишро доранд, - гуфт Ларкин.
Мард аз бемории кардиомиопатей - норасоии гуногуни қалбӣ, ки бештар ба одамони солим бидуни огоҳӣ таъсир мерасонад, азият мекашид.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ҚОБИЛИЯТИ ЧАШМИ ИНСОН
Олимон исбот намуданд, ки чашмони инсон метавонанд то масофи 50 километр аз худ дурро бубинанд. Рӯй Замин дар майдони биниш аз масофаи 5 километр оғоз меёбад. Аммо шиддатнокии биниши инсон имкон медиҳад, ки аз уфуқ хеле дуртар бубинад. Бино ба гуфтаи олимон, агар замин комилан ҳамвор бошад, одамон метавонанд шуълаи шамъро дар шаби торик аз масофаи 48 километр дур бубинанд.
Таҳияи Муҳаммад САИДВАЛӢ
БАҲСИ ДУ МАРДИ ШИНОХТА БАРОИ ЯК ХОНУМ
Табиби номвар Рудолф Вирхов ва нависанда Теодор Фонтане барои ба даст овардани дили як хонум талош мекарданд. Аз ин сабаб, гоҳ-гоҳе байни онҳо ҷанҷол бармехост.
«Агар боре хонуми мо ҳангоми мутолиаи романи дилгиркунандаатон ба беморӣ гирифтор шавад, ҷаноби Фонтане, ман ӯро сиҳат хоҳам кард»,- баланд изҳор намуд Вирхов.
«Агар хонуми зебо аз дорухати шумо фавтид, ман шуморо ҷовидон хоҳам кард»,- филфавр мегӯяд Фонтане.
Таҳияи Умар АЛӢ
ИРОДАИ ҚАВӢ
Фудзимото бо зонуи шикаста тимашро қаҳрамон кард
Дар Бозиҳои олимпии Монреал – 1976 зимни рақобати гимнастикаи даставӣ зонуи Сун Фудзимотои ҷопонӣ мешиканад. Ӯ ба қавле «сир бой надода», ҳунарнамоии худро дар болои асп ва ҳалқаҳо идома дода, дар финал бо ҳар ду пояш ба таври комил ба замин фуруд меояд. Пас аз он, ба замин афтода, аз шиддати дард садояш ба фалак мепечад.
Ба туфайли ҳунарнамоии воло ва баҳои гирифтаи Сун тими гимнастикаи Ҷопон аз дастаи овозадори гимнастикаи Иттиҳоди Шӯравӣ пеш гузашта, мақоми аввалро касб мекунад.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2021 №: 132 Мутолиа карданд: 2279