logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

4 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат сарварони ду давлат ҷараёни ташвишовари рушди вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан, ба шиддат гирифтани вазъият дар минтақаҳои шимолии бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ Раисҷумҳури Афғонистонро аз ҳодисаҳои нави маҷбуран убур кардани хизматчиёни низомии кишвари ҳамсоя аз хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҷараён гузошт.
Дар баробари ин, мавқеи устувори Тоҷикистон нисбати қазияи Афғонистон, ки аз дахолат накардан ба умури дохилии он ва дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои Ҳукумати расмии он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва амният дар ин кишвари ҳамсоя иборат аст, таъкид гардид.
Дар робита ба ин, Президенти кишвари мо зикр карданд, ки Тоҷикистон, чун кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар ин кишвар буда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд ва аз ҳамаи талошҳо ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ менамояд.
Дар  рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи амниятӣ табодули афкор анҷом дода, зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2021    №: 133    Мутолиа карданд: 794
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед