logo

сафарҳо

ИФТИТОҲИ ҶСК “ОСОИШГОҲИ ШОҲАМБАРӢ” ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

2 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”- ро пас аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то оғози корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар осоишгоҳ ҳамагӣ 60 нафар фаъолият мекард, акнун имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардад. Дар рафти сохтмон зиёда аз 1000 нафар мутахассис ва сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.
Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии осоишгоҳи Шоҳамбарӣ аз моҳи декабри соли 2016 оғоз гардида, пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” ва пудратчиёни ёрирасон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” ва “Дарё - 2015” мебошанд.
Бинои муолиҷавӣ дар масоҳати умумии 4336 метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор ошёна иборат аст. Дар бинои мазкур дар як вақт то 1000 нафар ба муолиҷа ва фароғат фаро гирифта мешавад.
Ба мизоҷон табибони соҳибтаҷриба ва дорои тахассуси баланди касбӣ хизмат мерасонанд ва барои табобату истироҳати шаҳрвандон беҳтарин таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавӣ дастрас шуда, барои солимгардонии бадан низ шароити мусоид фароҳам аст.
Дар бинои фароғатӣ, ки аз панҷ ошёна иборат аст, барои баргузории чорабиниҳо чор маҷлисгоҳи хурду миёна сохта шудааст. Масоҳати умумии бино 5762 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бинои асосии панҷошёнаи осоишгоҳ, бо 500 кат пурра таъмир гардида, дорои ошхона барои хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, толори варзиш ва солимгардонӣ мебошад. Дар бинои асосӣ ошпазҳо барои мизоҷон хӯрокҳои миллию парҳезӣ ва дархостӣ тайёр мекунанд.
Дар баробари фароғату табобат дар бинои мазкур барои гузарондани мизҳои мудаввар, конфронс ва нишастҳои илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ шароити мусоид бо технология, роҳаткурсиҳо, тахтаҳои таблиғотӣ, тақвияти овоз ва дигар таҷҳизоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар толори варзиш истироҳаткунандагон метавонанд, ки дар як вақт ба тарбияи бадан машғул шаванд ва дар ин маркази варзишӣ барои гузарондани мусобиқаҳои дохилиосоишгоҳӣ ва дигар чорабиниҳо шароити муосир муҳайёст. 
Бинои амфитеатр бо 560 ҷойи нишаст дар масоҳати умумии 983 метри мураббаъ ба таври замонавӣ қад кашидааст.
Дар бинои амфитеатр имкон аст, ки дар баробари баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, шабҳои эҷодӣ, барномаҳои консертӣ ва дигар тадбирҳои фарҳангию сиёсӣ, гузаронда шуда, имконият аст дар монитори калонҳаҷм филмҳо намоиш дода шаванд.
Барои табобатгирандагон, сайёҳони дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандон 11 дукон дар шафати амфитеатр бунёд гардидааст, ки барои фурӯши доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, туҳфаҳо аз маҳсули дасти ҳунармандон, аз қабили ҳунарҳои кулолӣ,  дӯзандагӣ, ресандагӣ, чӯбкорӣ, заргарӣ, фурӯши молҳои ниёзи мардум ва обҳои ташнагишикан хизмат мерасонанд. Дуконҳои мазкур тарҳи замонавӣ дошта, бо санъати зебои миллӣ ороиш ёфтаанд. 
Каҳвахона - ошхонаи миллӣ бо 140 ҷой сохта шудааст ва масоҳати умумии бино 475 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Бино дар баробари таҷассуми нақшу нигори миллӣ дар муаррифии таомули миллати тоҷик, хусусан дар соҳаи табоҳӣ ва хӯрокҳои миллӣ дар ояндаи наздик хизмати арзандаро анҷом хоҳад дод, зеро ба шаҳрвандони дохилию хориҷӣ беҳтарин ошпазҳо бо пешниҳоди  навъҳои гуногуни хӯроки миллӣ аз гиёҳу рустаниҳои шифобахш ва тарзи пухтани он бо назардошти хусусиятҳои хоси минтақавии Тоҷикистон ва табобатии он хизмат мерасонанд.
Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ иншооти  навинест, ки ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо дастгоҳҳои муолиҷавию табобатии замонавӣ таъмин буда, беҳтарин мутахассисон ва табибон ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Бо итминон метавон гуфт, ки дар ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ низ бо мавҷудияти шароити зикршуда ва табиати биҳиштосо нақши муассир хоҳад гузошт.
Бахши гиёҳдармонӣ дар баробари оби табиии шифобахш аз имкониятҳои хуби табобату муолиҷаи беморон мебошад.
Дар назди осоишгоҳ хоҷагии ёрирасон бо дарахтони мевадиҳанда дар масоҳати 60 гектар бунёд гардидааст, ки мизоҷонро бо меваҳои тару тоза таъмин хоҳад кард.
Чоҳи амудии оби маъдани осоишгоҳ дар чуқурии 1546 метр таҷдид шудааст. Оби маъдан хусусияти табобатӣ дошта, аз замонҳои пеш то ба рӯзгори мо дар табобати беморон, махсусан узвҳои ҳозима шуҳратёр гаштааст.
Номи осоишгоҳ аз номи оби маъдани чашма гирифта шуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба аҳамият ва шуҳрати он маълумоти зиёде мавҷуд аст.
Сохтмони хати нави оби нӯшокӣ аз дарёи Чангоб дар масофаи зиёда аз 10 километр то осоишгоҳ сохта шуда, оби он ба  меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ мебошад ва аз пиряху обҳои чашмаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад.
Таъмири роҳҳои берун ва дохили осоишгоҳ дар масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ, ободонии гирду атрофи осоишгоҳ дар майдони 9 гектар ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 700 метр канали селпарто ва дар масофаи 600 метр деворҳои такягоҳӣ сохта шудаанд.
Сафолакпӯшии майдону роҳҳои атрофи биноҳои осоишгоҳ масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, 40 ҳазор ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 1 миллион бех гулу буттаҳо шинонда шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди осоишгоҳ дар баробари парвариши ниҳоли дарахтони маҳаллӣ - парвариши нодиртарин ниҳоли дарахтони сояафкан ба роҳ монда шудааст, ки дар ояндаи наздик табиати осоишгоҳро дучанд гуворо ва файзбахшу диданитар хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар масофаи 11 километр роҳи нақлиётгарди гардишгоҳи Алмосӣ то даромадгоҳи осоишгоҳ ба пуррагӣ мумфарш гардида, дар ду шафати роҳ пояҳои чароғҳои рӯшноидиҳанда насб шудаанд.
Барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба корафтодагон хатсайри ҳаракати нақлиёт аз самти шаҳраки Ҳисор то Шоҳамбарӣ ва аз Шоҳамбарӣ то шаҳраки Ҳисор таъсис ёфтааст, ки ҳамарӯза ба хизмати аҳолӣ омодааст.
Сокинони се деҳаи атрофи осоишгоҳ баъди таъмири роҳи мошингард ва ташкили хатсайри нав метавонанд дар вақти кӯтоҳ бо сарфаи вақт ва маблағ ба макони дилхоҳ расанд.
Қаблан сокинони шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва дигар минтақаҳои кишвар, аз сабаби набудани чунин шароити мусоиди истироҳату табобат, бо сарфи маблағҳои калон ба берун аз кишвар мерафтанд. Акнун ин осоишгоҳ мушкилашонро осон ва орзуҳояшонро ҷиҳати солимии рӯҳу тан амалӣ сохт.
Илова бар ин, хатсайри сайёҳӣ низ таъсис дода шуда, дар сурати фармоиш метавонад шаҳрвандонро аз манзили зист ва ҷои дархосткардаашон то осоишгоҳ бирасонад. Ба шаҳрвандон нақлиёт ва ронандагони дорои малакаи хуби касбӣ хизмат мерасонанд ва нархи хизматрасонӣ низ дастрас мебошад.
Барои дастрасии мизоҷон бо алоқаи хуби телефонӣ ва интернет хати баландсуръати интернет кашида шуда, дар ҳар ҳуҷра насб гардидааст.
Баъди шиносоии пурра бо шароити истироҳат ва табобат дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба рушди сайёҳӣ, алалхусус сайёҳии табобатӣ, муаррифии ҳунару анъанаҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба хизмати босифат ба мизоҷон ҳидоят карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2021    №: 133    Мутолиа карданд: 3027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед