logo

маориф

АТТЕСТАТСИЯ. АЗ ТАЛАБОТИ АСОСӢ ТО САРСОНИИ МУАЛЛИМ

Омӯзгоре ба идора омад. Хеле беқарор буд. Маълум гашт, ки муаллима барои чопи мақола омадааст. Хоҳиш мекард, ки ҳар чӣ зудтар маводаш чоп шавад. «Агар чоп нашавад,  аз гирифтани категория то чанд муддати дигар маҳрум мемонам», - бо илтиҷо мегуфт ӯ. Фаҳмондан хостем, ки  то андозае огоҳем, мақолаи омӯзгорон бояд вобаста ба масоили мактабу маориф бошад, вале пеши гапамро гирифта, илова намуд, ки фарқ надорад, барои аъзои комиссияи аттестатсионӣ муҳим маводи чопист.(!)
 
МАҚОЛА ЧУН МЕЪЁРИ ҲАТМӢ
Ин вохӯрии тасодуфӣ сабаб шуд, ки  мавзӯъро пайгирӣ намоям. Аз ин рӯ, ба қоидаҳои асосии аттестатсиягузаронии кормандони соҳаи маориф, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гаштам. Ҳуҷҷате, ки дар он шартҳои аттестатсиягузаронӣ дарҷ гардидааст, 25 номгӯи талаботро дар бар мегирад. Ва нашри маводи таълимию методӣ яке аз шартҳо муайян шудааст. Дар ифодаи талаботи муайяншуда ягон бартарӣ ва ё тафовут ба ҳеҷ кадоме дода нашудааст. Пас, дар кадом асос нашри мақола дар матбуоти даврӣ аз омӯзгор чун меъёри ҳатмӣ талаб мешавад?
- Ин талабот барои омӯзгори ба илм ва навоварӣ сарукордошта аст.  Ин тавр набошад, онҳоро аз омӯзгори одӣ фарқ кардан мушкил аст, - мегӯяд Саида Набизода, сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”. -  Агар ин талабот набошад, баҳо додан ба кори ин гурӯҳи омӯзгорон ғайриимкон мегардад. Мутаассифона, инро на дар ҳама шуъбаву раёсатҳои маориф ба инобат мегиранд ва ҳам моҳияти масъаларо ба омӯзгорон намефаҳмонанд. Чаро мо ба омӯзгор - навовар, оне, ки дар ҳақиқат, муаллифи китоби дарсӣ, мақолаҳои илмӣ, методиву таълимӣ, мураттиби барнома ё дастур аст ва ё шогирдонашро пайрави кори худ гардонда тавонистааст, бартарӣ надиҳем? Омӯзгорон ин нуктаро бояд дуруст дарк созанд, то минбаъд бо пешниҳоди як мақолаи хурдакак, тарҷумазад, аз дигар ҷой рӯйбардоршуда ё бо хоҳиши ӯ аз ҷониби шахси дигар омодагашта, соҳиби дараҷаи олӣ нашуда, бартарии омӯзгорони воқеан ҳам навоварро таҳти шубҳа намонанд.
 
МАҚОЛАИ  ОМӮЗГОР БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?
Ҳар омӯзгор метавонад бо истифода аз таҷрибааш ё аз як дарсу мавзӯи алоҳидаи ҷолиби таълимӣ мақола нависад. Муҳим он аст, ки меъёрҳоро дар  навиштани  чунин мақолаҳо ба назар гирад. Яъне мақолаҳо ҳатман таълимӣ ва методӣ бошанд. Манфиати чунин мавод дар он аст, ки омӯзгорон аз таҷрибаашон ба дигар ҳамкасбонашон ҳикоят мекунанд. Мутаассифона, ин меъёрҳо ба инобат гирифта намешаванд. Мутолиаи мақолаҳои омӯзгорон дар рӯзномаҳои даврӣ нишон медиҳад, ки аз сад 99 - тои он ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯ нестанд. Ин ҷо мо наметавонем омӯзгоронро гунаҳгор донем. Чунки бо пешниҳод намудани чунин ба ном «мақолаҳо» то имрӯз қисме аз омӯзгорон аз аттестатсия гузашта, соҳиби дараҷаҳои баланд гардидаанд.   
Саида Набизода иброз дошт, ки аз муроҷиати омӯзгорон ва суҳбати аксари онҳо бармеояд, ки меъёрҳои асосӣ зимни гузарондани аттестатсия на ҳамеша ба инобат гирифта мешаванд. Гоҳо ба назар чунин мерасад, ки аъзои комиссияи аттестатсионӣ аз муқаррароти асосӣ пурра огаҳӣ надоранд. Чунин масъулони кор на рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавиро мехонанд ва на аз талаботи асноди меъёрию ҳуқуқӣ бохабаранд. Танҳо бо ин роҳ наметавон ба ҳадаф расид. Ҳадаф пешниҳоди мақолаҳои таълимиву методӣ ва дар ин замина, қадршиносии меҳнати омӯзгорон, ҳавасмандгардонии онҳо ва  болоравии сифати таҳсилот аст.
 
ЧАРО МАҚОЛА? ЧАНД МАҚОЛА?
Омӯзгор то аз аттестатсия гузаштан бояд камаш се – чор мақола нависад, дар акси ҳол соҳиби дараҷаи баланди тахассусӣ намегардад. Чун, саволи аввали аъзои комиссияи аттестатсионӣ ин аст, ки чанд мавод чоп кардӣ ва дар куҷо?  Барои ин аксари омӯзгорон маҷбуранд, ки аз баҳри ҳама кор гузашта, дар ҷустуҷӯи шахсе шаванд, то вай ба ҷояш мақола навишта, онро ҷойе чоп намояд, чун на ҳама ин қобилиятро доранд. Баъзе миёнаравҳои беинсофе низ ҳастанд, ки аз омӯзгорон маблағ ситонда, бо истифода аз шиносу дӯстон ва баъзан бо корчаллонӣ маводи онҳоро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба нашр мерасонанд. Дар натиҷа, эътибори нашрия ва ҷаридаҳое, ки ин гуна маводро ба нашр мерасонанд, коста мегардад. Аксари омӯзгорон баробари ба идораи рӯзномаву маҷаллаҳо по гузоштан гапро аз маблағи чоп сар мекунанд. Дар ҳоле ки маоши омӯзгор на дар сатҳи зарурӣ  кофист, чӣ тавр метавонад маблағи иловагие барои чопи мақола пайдо намояд? Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари омӯзгорон зан буда, қисми зиёдашон осиёби зиндагиашонро худашон ба танҳоӣ гардон менамоянд. - Бояд зикр кард, ки дар байни омӯзгорон соҳибқаламон ҳам ҳастанд, фақат ба пешниҳоди навиштаҳояшон ҷуръат надоранд. Ҷалбу раҳнамоии онҳо вазифаи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва хадамоти методист, - гуфт Давлатмо Алимова, омӯзгор. 
 
ОМӮЗГОР – ТАРБИЯТГАР, НА...
Омӯзгорӣ касби пурифтихор, заҳматталаб ва ниҳоят мушкил аст, чунки ояндаи шахс ба ӯ вобастагӣ дорад. Охир, ӯ тамоми умрашро ба бачаҳо мебахшад. То нисфи шаб ба дарсҳо тайёрӣ мебинад, дафтару иншоҳои хонандагонро тафтиш мекунад. Чун субҳ шуд, ба дабистон меояд ва ба таълим додани хонандагон мепардозад. Баъд аз 5 - 6 соати дарс хаста шуда, ба хонааш бармегардад. 
- Бо ин ҳол аз куҷо вақт меёбад, ки мақола нависад? – гуфт бо нигаронӣ Мастона Рауфова, собиқадори соҳаи маориф.  
- Ҳангоме ки омӯзгор аз аттестатсия мегузарад ва ба ӯ танҳо барои мақола надоштанаш дараҷаи тахассусӣ намедиҳанд, ӯ рӯҳафтода мегардад, дилгармиро нисбат ба касбаш гум мекунад. Охир категорияи олиро барои тарбияи хуб додан ба шогирдон, барои дарсҳои кушоди таълимӣ ва тарбиявӣ бояд гирифт. Дар айни ҳол баъзан омӯзгори  ҷавон бо навиштани  2-3 мақола  соҳиби категория мегардад. 
- Магар ин тарзи муносибат бо кормандони содиқи соҳа аз рӯйи инсоф аст? Агар ҳадаф санҷиши малакаи эҷодии омӯзгор аст, фаъолияти ӯро дар ҳудуди муассиса, ноҳия, шаҳр ё вилоят ҳам бояд ба назар гирифт, - гуфт Марҳабо Салимова, омӯзгори дигар.
Яке мегӯяд, ки тамоми умр кор кардаву бо  пешниҳоди  мақола  соҳиби  дараҷаи тахассусӣ  шудан  аз  рӯйи  адолат  нест,  дувумин мутмаин аст, ки ин кор зарурат дорад. Омӯзгоре аз роҳбари худ домангир аст, ки собиқаи кори ӯро ба назар намегирад, дигаре бо ин роҳ бартарии худро эҳсос карда ифтихор менамояд. Ба ҳар сурат: аъзои комиссияи аттестатсионӣ! Худ қазоват кунед, вақте навиштани мақолаҳои методӣ дар баробари чанд дастовард таъкид шудааст, чаро дигар муваффақиятҳоро ҳамин як норасоӣ беарзиш гардонад? Ва аз рӯи инсоф худ иқрор шавед, ки то кадом андоза “мақолаҳо”- и  фармоишии шумо дар рушди мактабу маориф метавонанд нақши мондагор дошта бошанд?! 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2021    №: 133    Мутолиа карданд: 5816
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед