фарҳанг
«СОЗҲОИ МИЛЛӢ БА ОМӮЗИШУ ТАРҒИБ НИЁЗ ДОРАНД»
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ном мақолаи Абдулқодири Раҳимро («Ҷумҳурият», 28.12.2020) мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, хулосаҳои худро пешниҳод менамояд.
Муаллифи мақола ба мавзӯи муҳими вобаста ба таърихи фарҳанги миллӣ, яъне омӯзиши ҳаматарафаи таъриху пайдоиши созҳои миллӣ ва ба тарғиб ниёз доштани онҳо, рӯ оварда, дар атрофи масъалаи мазкур андешаронӣ намудааст.
Мавсуф дар сархати мақола зикр намудааст, ки «Имрӯз мо дар бораи созҳои миллиамон чӣ медонем ва ё чӣ маълумот дорем? Бешак, ҳатто мутахассисон дар посухи дурусту пурраи ин пурсишҳо оҷизанд. Ва шояд посухҳои мутахассисон дар доираи як маҳал ва якчанд нафар маҳдуд бигардад. Сабаб ё худ иллати он маълум аст. Ба ин масъала ва мавзӯъ аз оғоз диққати ҷиддӣ надодем». Баъдан чунин саволгузорӣ намудааст: «Магар ҷойи тааҷҷуб ва ибрат нест, ки аврупоиён таърихи ҳар сози мусиқиашонро медонанд?».
Аз саволгузорӣ ва даъвоҳои муаллиф хонанда гумон мекунад, ки гӯё тоҷикон тамоман аз таъриху пайдоиши созҳои миллии худ бехабар буда, аврупоиён бошанд, таърихи ихтирою такмили созҳояшонро медонанд. Бешак, чунин масъалагузорӣ яктарафа буда, хонандаро аз ҳақиқат дур месозад. Зеро, таърих гувоҳ аст, ки созҳои миллии мо ҳанӯз аз давраҳои Сосониён дар мисоли Борбади Марвазӣ, шогирдонаш Накисои Чангӣ, Саркаш, Бомшод, Ромтин, Гесӯи Навогар ва дигарон ихтироу такмил ёфта, инчунин, классикони мо – аз Рӯдакӣ сар карда, то имрӯз, доир ба созҳои мусиқӣ шеърҳо ва рисолаҳои мусиқӣ эҷод намудаанд.
Борбади Марвазӣ, ки асосгузори мусиқии суннатии тоҷикон ба шумор меравад, навозанда ва сарояндаи сози мусиқии «барбат» буд. Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ навозандаи созҳои чанг ва уд буда, бештари шеърҳояшро шахсан тавассути оҳангҳои эҷоднамудааш месароид.
Муаллиф, инчунин, зикр мекунад, ки навиштан агар дар ин хусус он замонҳо роиҷ набуд, барои чӣ мо ин корро ақаллан ба тақлиду пайравии аврупоиён шурӯъ накунем. Ин даъво аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллиф зимни навиштани мақола ба дастовардҳои илмии замони истиқлол, ки мансуби мавзӯи ба баҳс кашидааш ҳастанд, таваҷҷуҳ накардааст. Муаллиф дар ҷойи дигар овардааст, ки «дар хонаҳои баъзе аз шаҳрвандони кишвар ҳолиё ҳам созҳои миллӣ вуҷуд доранд, аммо аксари соҳибонашон намедонанд, ки онҳоро аз кӣ, аз куҷо бо чӣ қимат дастрас намудаанд». Навиштаҳои муаллиф саволеро ба миён меорад, ки чӣ гуна соҳибони созҳо солҳо боз онҳоро нигоҳ мекунанду гоҳе истифода ҳам намебаранд, аз номи созҳо ва аз таърихи ба даст оварданашон бехабаранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷумҳуриамон зиёда аз 90 нафар устои созтарош фаъолият мекунанд, ки беҳтарин анъанаҳои ниёгонро ҳифз намуда, касби мазкурро дар доираи системаи «устоду шогирд» авлодӣ нигоҳ дошта истодаанд. Албатта, зарур аст, ки мутахассисони соҳавӣ масъалаи илман ба роҳ мондани такмилёбии созҳои миллиро аз мадди назар дур накарда, корҳоро дар ин самт ҷоннок намоянд, аммо на ба тақлиду пайравии аврупоиён. Зеро тоҷикон дар ин росто пеш аз аврупоиён осори илмии мусиқишиносӣ доштанд. Дар ҳоле ки онҳо ба баъзе арзишҳои волои фарҳанги миллии мо таваҷҷуҳи зиёд дошта, аз таърихи баъзе созҳояшон дар натиҷаи омӯзиши таърихи созҳои миллии мо бохабар мешаванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзишу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Дар ин замина, барои пайдо кардани устоҳои созтарош ва созҳои фаромӯшшуда имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд.
Ба роҳ мондани як қатор чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ, аз қабили Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ – «Андалеб», ҳамасола баргузор кардани рӯзҳои Фалаку Шашмақом, озмуни телевизионии «Парвин» ва солҳои охир бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» саривақтӣ буда, яке аз талаботи асосии озмунҳо истифодаи созҳои миллӣ мебошад.
Мутахассисони соҳа оид ба таърихи пайдоиш, шаклу сохтор, услубҳои навозиш ва дигар ҷабҳаҳои созҳои миллӣ чандин рисолаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, мақолаҳои илмӣ ва корҳои илмӣ – методиро ба анҷом расонидаанд. Дар асоси соҳаи иҷрокунандагӣ ва рушди соҳаи мусиқии Осиёи Миёна дар асарҳои олимони барҷастаи Шарқ оид ба нақш ва мавқеи мусиқӣ дар ҳаёти ҷомеа нигоҳи назариявӣ ташаккул ёфта, якчанд рисолаҳои илмӣ навишта шудаанд, ки аз ҷумла:
«Китоб ал-мусиқа ал-кабир»-и А. Форобӣ, Мафотиҳ-ул-улум- и Муҳаммад Ал-Хоразмӣ, бахши мусиқӣ аз «Китоб-уш-шифо»-и Абуалӣ ибни Сино, «Китоб-ул-адвор»-и Сафиуддин Урмавӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдураҳмони Ҷомиро номбар намудан кофист. Инчунин, дар китобҳои А. Ленский, «Музыкальная культура Таджикской ССР», (Москва, 1954, 1957), Б.Гиенко «Инструментовка» (1970), Ф. Кароматов «Узбекская инструментальная музыка», (1972), Т.С.Вызго «Музыкальные инструменты Средней Азии» (1980), А. Петросянц «Инструментоведение» (1990) маълумоти мушаххас дода шудааст.
Дар даврони истиқлоли кишвар барои рушди соҳаи мусиқӣ, аз ҷумла эҳё ва тарғибу ташвиқи созҳои миллӣ олимону донишмандони соҳа як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расондаанд. Аз ҷумла, С. Худойбердиев. «Функциональные особенности традиционного дутара в музыкальной системе таджиков и узбеков» (1994), Ф. Азизӣ «Мақом ва фалак» (2009), «Фалак ва масъалаҳои таърихӣ - назариявии мусиқии тоҷик» (2009), «Баёзи Шашмақом» (2011), «Фалак: услуби пажӯҳиш ва омӯзиш» (2015), А. Абдурашидов «Шашмақом ва масоили инкишофи он» (2012), «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом» (2016), А. Лутфуллаев. «История исполнительства на народных инструментах» (2009), Эшонқулов «Национальные инструменты макома», инчунин, М. Мирзоев, А. Зубайдов, К. Раҳимов ва дигарон оид ба созҳои миллӣ маълумоти дақиқ ва мухтасар навишта шудаанд. Инчунин, дар китоби Х. Низомов «Созҳои мусиқии тоҷик ва ҳунари созтарошӣ» (2012), маълумоти мухтасар оид ба созтарошони тоҷик ва ҳунари созтарошӣ оварда шудааст.
Ҳамчунин, нашр гардидани силсилаи китобҳо доир ба созҳои миллӣ, аз қабили «Созшиносӣ»-и Хуршед Низомов (2016), «Навои танбӯр»-и А. Абдукаримов (1990), «Маълумоти мухтасар дар бораи созҳои мусиқии халқи тоҷик» (2012), «Созтарошӣ ва пешрафти он» (2011), «Созҳои мусиқии Бадахшон» (2013), «Мактаби омӯзиши чанг»-и Ҷ. Обидпур, Ш. Хоҷаев (2010), «Сози дутор»-и С. Худойбердиев (2000) ва мақолаҳои вобаста ба созҳои миллӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки масъалаи илман ба роҳ мондани такмилёбии созҳои миллӣ аз назари фарҳангиёну санъатшиносон дур намондааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар китоби «Луғатномаи тафсирии мусиқӣ» дар бораи ҳамаи созҳои миллӣ маълумоти муфассал дода шудааст.
Аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар солҳои 2015-2020 силсилаи сафарҳои хидматӣ ба шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати омӯзиши вазъи касбу ҳунарҳо ба роҳ монда шуда, дар ин раванд феҳристи умумии ҳунармандони мамлакат таҳия гардид.
Имрӯзҳо қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунармандони созтарош ба таври васеъ фаъолият менамоянд.
Дар самти омӯзишу таҳқиқи кору рӯзгори устоҳои чирадасти созҳои миллӣ бояд гуфт, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия марказҳои вобаста ба соҳаи рушди ҳунармандӣ ташкил гардида, ҳунармандонро муттаҳид месозад ва ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳунари онҳо замина мегузорад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтан ва таъмини муассисаҳои фарҳангӣ бо созҳои миллӣ, КВД илмиву истеҳсолии «Созтарош», корхонаи шахсии «Армуғон» ва дар аксари шаҳру ноҳияҳо намунаи чунин корхонаҳо фаъолият доранд.
Бояд қайд намуд, ки дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов факултети мусиқии суннатии тоҷик фаъолият намуда, дар шуъбаи мутрибони анъанавии факултети мазкур созҳои нодир ба монанди сетор, баландзиком, рубоби помирӣ, қушнай, даф, лабчанг, қонун ва уд эҳё гардида, омӯзонида мешаванд. Ҳамасола хатмкунандагони консерватория дар мавзӯъҳои тарз ва услуби сохтори созҳои миллӣ, тарз ва услуби навозиш ва ё мавқеи ҳар як сози миллӣ дар мусиқӣ ва ғайра рефератҳои дипломӣ ва рисолаи таҳқиқотии магистрӣ менависанд.
Дар хотима бояд қайд намуд, ки ҳарчанд дар мақола муаллиф андешаю мушоҳидаҳои худро бидуни такя ба дастовардҳои соҳа оварда бошад ҳам, навиштаи ӯ дар роҳи ҳалли мушкилот, яъне масъалаҳои илман ба роҳ мондани такмилёбии созҳои миллӣ мусоидат менамояд.
З. Д. ДАВЛАТЗОДА,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.07.2021 №: 133 Мутолиа карданд: 2019