logo

иқтисод

РАШТ. АГАР ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ ТАЪМИР НАШАВАНД...

Кишоварзони ноҳияи Рашт солҳост, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас доранд. Зиёд кардани масоҳати кишти картошка ва васеъ намудани майдони боғотро аз ҳисоби заминҳои талу теппа ва бекорхобидаи аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ қарор дода, дар ин ҷода пайваста фаъолияти пурсамар мебаранд.
Ба гуфтаи масъулон дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дошта, дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳа ба масъалаи обёрии заминҳо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад. Маҳз соли сипаришуда ба ин ҳадаф дар мавзеи “Дашти беоб”- и деҳоти Ҳоит 2,5 километр қубур хобонда шуд, ки маблағи корҳои ба анҷомрасида 285 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо дастгирии обистифодабарандагон дар канали “Намуна”-и деҳоти Ҳоит дар масофаи 8 километр, Қарашаҳр 1 ва 2, Ҳисорак 1 ва 2 дар деҳоти Ясман дар масофаи 33 километр ва дар деҳаи Сари Шухони деҳоти Аскалон дар масофаи 7 километр ба маблағи 112800 сомонӣ корҳо ба анҷом расонда шуданд.
Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх марҳилаи якуми сохтмони канали “Мардумӣ” идома дорад, ки бо ба истифода додани он зиёда аз 100 гектар заминҳо обёрӣ мешавад.   Ҳамчунин, бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд дар деҳоти Қалъаи Сурх канали Камчароғ, ки солиёни зиёд аз истифода берун монда буд, ба маблағи 228 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки дар натиҷа 150 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ баргардонда мешаванд.
Бо вуҷуди чунин дастгириҳо ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Масалан, дар ноҳия 9 пойгоҳи обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ мавҷуд буда, 17 агрегату насосҳои обкашонӣ фаъолияти онҳоро ба низом медарорад. Ҳоло 3 адади он эҳтиёҷ ба таъмиру барқарорсозӣ дошта, дар сурати мувофиқи матлаб барқарор гардиданашон 313 гектар замин бо оби полизӣ таъмин мегардад.
Пойгоҳҳои обкашии “50-солагии Тоҷикистон”- и Ҷамоати деҳоти Навдӣ, “Гамбариён”- и Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ва “Фурудгоҳ”- и Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум дар соҳили дарёи Сурхоб ҷойгир буда, ҳамасола бо каму беш шудани маҷрои дарё зарурати насби заминҳои иловагӣ пеш меояд, то фаъолияти бонизоми иншооти обрасонӣ пурра таъмин шавад. Илова ба ин, бар асари корхурдашавии таҷҳизотҳо пойгоҳҳои обкашии мазкур аз кор баромада, зарурати барқарор кардани онҳо пеш омадааст. 
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи обкашии “50-солагии Тоҷикистон” соли 1985 бунёд шуда, аз 6 агрегат иборат мебошад ва солҳои қаблӣ 309 гектар майдони боғу кишти зироатҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навдиро бо об таъмин менамуд. 
Пойгоҳи обкашии “40-солагии Тоҷикистон” барои таъмини 60 гектар заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода пешбинӣ шуда, то ҳамин давра коргарон корҳои таъмиру барқарорсозиро анҷом дода, 37 хоҷагии деҳқониро бо оби полизӣ таъмин намуданд.
Ба воситаи 9 пойгоҳу 14 канали худмавҷуд дар ҳудуди ноҳия 3339 гектар замин обёрӣ мешавад, аммо имрӯз бар асари як қатор мушкилоти мавҷуда 1123 гектари он бо об таъмин нест. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи имконоти мавҷуда бо ҷалби соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ пайваста талош дорад ва дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расондааст. Аммо ин вазъият аз Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ зерсохтори он дар ноҳия тақозо мекунад, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва рушди соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти обёрии заминҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2021    №: 133    Мутолиа карданд: 1053
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед