logo

иқтисод

МАКТАБИ ЧЕМПИОНҲО. БАРДОШТ АЗ МАҶМААИ ВАРЗИШИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ

 
Дар ҳар як шаҳру ноҳия иншоот, мавзеъ ва ё бинои маъмурие мавҷуд аст, ки дар ҳаёти сокинони он нақши муҳим дорад ва бо гузашти солҳо ҳам мардум аз он ба некӣ ва ифтихор ёдовар мешаванд. Маҷмааи варзиши шаҳри Истиқлол аз ҷумлаи ҳамин гуна иншоот буда, миёни мардум чун “мактаби чемпионҳо” маҳбубият дорад.  
Бунёди ин маҷмааи варзиш ба гуфтаи Исҳоқҷон Зокиров, сокини шаҳр, сармуҳаррири нашрияи вилоятии «Согдийская Правда», ба се марҳила рост меояд. Давраи аввал солҳои 1948 - 1949, ки шаҳрак дар тавозуни корхонаи азими кӯҳӣ - кимиёии Ленинобод (ҳоло комбинати металлҳои нодири шаҳри Бӯстон) буд. Марҳилаи дуюми рушди маҷмаа ба корхонаи машҳури «Заря Востока» - и шаҳри Истиқлол  алоқаи зич дорад, хосатан ба давраи роҳбарии директори генералии корхона шодравон Иван Средний, ки дар маҷмаа бозсозиҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст: майдонҳои гӯштигирӣ, теннис, ҳавзи шиноварӣ ва ба шарафи чемпиони ҷаҳон шудани Зебунисо Рустамова майдони камонварӣ ин ҷо илова шуданд. Давраи ниҳоӣ бошад, ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд. 
Ба гуфтаи Бахтиёр Абдуаҳадов, директори Муасиссаи давлатии «Мактаби варзишӣ» - и шаҳр, сафи нафароне, ки ба варзиш машғул мешаванд сол ба сол меафзояд. Қариб ҳар рӯз бо ширкати варзишгарони шаҳр ва меҳмонон чорабинии варзиш баргузор мегардад. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ тарбиятгирандагони ин мактаб аз худ номи ҷовидонӣ гузоштанд. Масалан, Валерий Кравченко дар ҳайати мунтахаби волейболи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Бозиҳои олимпии Мехико – 1968, Ҷоми ҷаҳон (Полша, 1965), чемпионатҳои Аврупо (1967, 1971) унвони қаҳрамониро ба даст овардааст. 
- Чун сухан аз бозии футбол равад ҳатман мардуми шаҳр аз бозигари соҳибном Эдгар Гэсс бо ифтихор ёд мекунанд. Ӯ дар ҳамин ҷо таваллуд шудаву ба воя расидааст. Дар дастаи «Қурама» (Табошар), «Помир» (Душанбе) ва «Спартак» (Москва) ҳунарнамоӣ карда, бо тими «Спартак» чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ (1979) гардидааст, - гуфт Б. Абдуаҳадов. 
Маълумот ва аксҳои ин варзишгарони машҳур дар осорхонаи маҷмаа қарор дошта, насли наврасро дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим ва талош баҳри расидан ба ҳадафҳои олӣ тарбия мекунад. Дар маҷмаа барои тамрин дар ҳама риштаи варзиш шароити муносиб муҳайёст.
Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати оммавияти варзиш миёни аҳолӣ, хосатан насли наврасу ҷавон чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Варзишгарони шаҳр замоне дар ҷаҳон машҳур буданд. Аз ин рӯ, мо кӯшиш менамоем, ки варзишгарони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ба камол расонем, то номбардори Тоҷикистон бошанд. 
 
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2021    №: 133    Мутолиа карданд: 1062
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед