logo

Хабарҳо

Тавсияи диетолог ба сироятшудагони коронавирус

mk.ru. Раҳбари илмии Маркази таҳқиқоти федералии ғизо, биотехнология  ва бехатарӣ, академики Академияи илмҳои Россия Виктор Тутелян дар суҳбат бо рӯзноманигорон оид ба истеъмоли ғизо барои шаҳрвандоне, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, тавсия дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми табобат аз сирояти коронавирус дар марҳалаи барқароршавӣ баъд аз беморӣ истеъмоли гӯштро кам карда, ба ҷои он аз моҳӣ ва маҳсулоти ширӣ истифода баранд. «Барои синтези потан сафедаи комил лозим аст. Аммо набояд аз маҳсулоти мушкилҳазмшаванда, мисли гӯшт, хусусан бирён истифода кард. Моҳӣ ва маҳсулоти ширӣ ба осонӣ ҳазм мешаванд ва аз рӯи сафеданокӣ  баробаранд», - гуфт Тутелян.
 
 
Воҳидҳои махсуси британияӣ дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд
 
ТАСС. Пас аз анҷоми хориҷшавии қисми асосии низомиёни Британияи Кабир аз Афғонистон гурӯҳи на чандон калони воҳидҳои махсуси  қувваҳои ин кишвар боқӣ хоҳанд монд. Дар ин хусус рӯзномаи «Daily Telegraph» бо истинод ба гуфтаи собиқ хизматчии ҳарбии Хадамоти махсуси десанти ҳавоии британияӣ хабар додааст.
Тибқи гуфтаи ӯ, хизматчиёнии ҳарбӣ аз Хадамоти махсуси десантӣ дар Афғонистон ба ҳайси «гурӯҳи мушовирон» ҷиҳати омӯзиши низомиёни афғонӣ хоҳанд монд. Манбаи нашрия, ҳамчунин, гуфтааст, ки муддати то кадом муҳлат дар кишвар истифодаи воҳидҳои махсуси британӣ ҳанӯз муайян нашудааст. Дар ин маврид рӯзҳои наздик Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон тасмими қатъӣ хоҳад гирифт.
 
 
Изҳороти Байден дар Рӯзи истиқлолият
 
ТАСС. «Гарчанде ки бар вирус ғолиб наомадаем, мо медонем, ки он дигар ҳаёти моро зери назорат қарор дода наметавонад ва аз ин пас кишварамонро фалаҷ нахоҳад кард. Ва ин вобаста аст ба қудрати мо, то дигар ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, ки он таъсиргузор бошад», - иброз дошт Байден. 
«Муассисаҳо кушода ва боз кормандони зиёде иҷора гирифта мешаванд. Мо афзоиши бесобиқаи шумораи ҷойҳои нави корӣ ва иқтисодиро мебинем. Ин беҳтар аз чор даҳсолаи қаблӣ мебошад ва ман ба ин боз илова менамоям, ки он ҳамчунин дар ҷаҳон беҳтарин маҳсуб мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед