logo

Хабарҳо

СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: “ГИРИФТАНИ ВАКСИНА БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ АЗ 18 - СОЛА БОЛО ҲАТМИСТ”

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, онҳоро ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин, ба истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват менамояд.
Дар муроҷиати ситод, аз ҷумла омадааст: «Ба шаҳрвандоне, ки баъд аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ вориди ҳудуди Тоҷикистон мешаванд, тавсия дода мешавад, ки ҳатман аз ташхиси бемории сироятии коронавирус гузашта, новобаста аз ҷавоби мусбат ё манфии ташхис давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон, дар ҳуҷраи алоҳида ба муҳофизати тиббии бехатарӣ фаро гиранд. Ҳамчунин, дар ин шабу рӯзҳо вобаста ба хатари зиёди паҳншавию интиқоли бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тӯю хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд”.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 - сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксина нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронда мешавад.
 
 
ИШТИРОКИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН ДАР КОНФРОНСИ САТҲИ БАЛАНД
Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор (ҲРУ 6), ки дар доираи ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти унвони “Муколамаҳои муассир дар масоили об” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. 
Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ роҷеъ ба мушкилоти умдаи аҳолии сайёра дар замони ҳамагирии COVID-19 ва нақши обу беҳдошт дар он, суръат бахшидан ба раванди татбиқи ҲРУ 6, инчунин, аҳамияти баргузории Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 таъкид кард.
Ӯ, инчунин, дар бораи қатъномаҳои СММ, ки ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ кардааст ва нақши боризи онҳо дар раванди татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби Рӯзномаи - 2030 тавассути платформаи “Раванди оби  Душанбе” изҳори назар кард.
Нишасти мазкур бо ибтикори Вазорати федералии муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ доир шуда, дар он намояндагони кишварҳои узви СММ ва созмонҳои байналмилалӣ атрофи иқдомҳои муштарак, таҷрибаи пешқадам дар самти татбиқи ҲРУ 6 ва раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 мубодилаи афкор намуданд.
 
 
АЗ 12 ИЮЛ ТО 3 АВГУСТ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАНД
Аз 12 июл то 3 августи соли равон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нақшаи ташкил ва гузарондани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Иттифоқи журналистон, идораҳои воситаҳои ахбори омма барои маълумот ва иҷро фиристода шудааст.
Намояндагони ВАО имконият доранд, ки бевосита ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо муроҷиат карда, ба саволу пурсишҳои худ ҷавоб гиранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 808
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед