иқтисод
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: «ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР СУҒД ТАНТАНА ДОРАД»
Баҳри татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП – 1059, ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд, бунёдкориҳо вусъати тоза гирифтаанд.
Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози ҷашни миллӣ ва дигар паҳлуҳои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят сурат гирифт, ки пешкаш менамоем.
- Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, дар доираи сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёдкориҳо дар авҷанд. Сокинони вилоят дар ин самт чӣ муждае доранд?
- Дар робита ба Амри Сарвари давлат ва ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои раиси вилоят аз 21 феврали соли 2018, № 51, «Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 14 марти соли 2018, № 89, «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидаанд. Ҳамзамон, масъалаи мазкур, дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ки 22 июни соли 2018 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба он, ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо қарорҳои дахлдор қабул ва ин масъала дар иҷлосияи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардиданд.
Бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гаштанд, ба нақша-чорабиниҳо як қатор тағйироти иловагӣ ворид ва тибқи онҳо сохтмон, барқароркунӣ ва таъмиру тармими 7577 иншоот ба нақша гирифта шуда, то 1 июни соли равон 6967-то (91,9 дарсади нақша) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки омодагиҳо ба ҷашни таърихӣ аз рӯзҳои аввал бомаром ҷараён дошта, соҳибкорони баору номуси вилоят ва саховатмандону сармоягузорон баҳри татбиқи ҳидоятҳои Сарвари давлат пайи ободониву созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар ин давра беш аз 100 корхонаи парандапарварӣ ва 38 ҳавзи моҳипарварӣ таъсис ёфт. Таҷдиди роҳҳо дар авҷ буда, танҳо ҳамин сол 300 километр роҳ мумфарш гардидааст.
Сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хуб идома дорад ва ҳоло дар вилоят камбуди ҷои нишаст ба назар намерасад. Дар доираи нақша-чорабиниҳо, бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ дар маҳалҳои дурдаст низ ҷараён дорад.
Дар самти тандурустӣ низ ободкориҳо тавсеа ёфта, сохтмону таҷдиди як қатор бемористонҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ ба анҷом расиданд. Таъкид месозам, ки рафти омодагиҳо дар вилоят хуб ҷараён дошта, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ дар ин ҷода пешгом аст ва нақшаи худро пеш аз муҳлат иҷро намуд.
Боиси сарфарозист, ки ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, соли гузашта 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ бо иштироки роҳбарияти олии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати татбиқи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
- Аз ҷониби Президенти мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Маълумоти оморӣ бозгӯи онанд, ки вилоят дар ин ҷода пешсаф аст.
- Бо эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатноку воридотивазкунанда тамоми имкониятҳо истифода мешаванд. Қатъи назар аз мушкилиҳои мавҷуда, бо мақсади амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 7 миллиарду 408 миллион сомонӣ расид.
Танҳо ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷои кор дар назар буда, тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ 52 корхонаю коргоҳ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорон аз оғози соли ҷорӣ панҷ коргоҳи дӯзандагӣ ва ду коргоҳи истеҳсоли пойафзол таъсис ёфт. Ҳамзамон, баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали соли 2020 бобати сохтмони корхонаҳои коркарди маъдану консентрат дар ноҳияи Айнӣ бунёди ду корхонаи азим бо иқтидори солонаи коркарди 250 ҳазор тонна маъдан амалӣ мегардад.
40 корхонаи пахтатозакунии вилоят на танҳо бозорҳои вилоят, балки ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро бо нахи пахта ва чигит таъмин мекунад. Корхонаҳои «Ангубин» («Олим текстайл»), «Спитамен текстайл», «Нику Хуҷанд», «Ҷавонӣ», «Сатн», «Нассоҷи Хуҷанд», «Органик Ян» ва «Сомон гурӯҳ» дар сафи пеш қарор доранд. Аз ҷумла, дар панҷмоҳаи аввали соли равон корхонаҳои «Ҷавонӣ», «Нассоҷи Хуҷанд» ва «Сатн» 1,5 ҳазор тонна, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти худӣ, 596,2 тонна ришта истеҳсол карданд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коркарди бештари нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ аз тарафи корхонаҳои соҳа ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
- Маҳсулоти саноатии вилоят дар хориҷи кишвар бозори худро дорад. Алҳол, гардиши савдои хориҷиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Вилояти Суғд яке аз содироткунандагони асосии маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят давоми чор моҳи соли ҷорӣ ба 644,6 миллион доллари ИМА расид, ки аз он 470,1 миллион доллар ба воридот ва 174,4 миллион доллари дигараш ба содирот рост меояд.
Содирот аз ҳисоби нахи пахта, калобаи пахтагӣ, маъдану консентрат ва семент зиёд шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 57,8 дарсадро ташкил медиҳад. Содироти семент нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2937 тонна афзуда, ба 8,1 миллион доллари ИМА расид. Ҳамзамон, ба маблағи 3,6 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд.
- Суғд ягона вилоятест, ки шаҳру ноҳияҳояш дар дотатсияи ҷумҳуриявӣ қарор надоранд. Омили асосии рушди вилоятро дар чӣ мебинед?
- Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чор ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро сармашқи кори худ қарор додаанд. Инчунин, ҷиҳати иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чораҳои таъхирнопазир андешида, зиндагии шоистаро барои мардуми кишвар маҳаки асосӣ медонанд. Бо иҷрои саривақтии вазифаҳои муайяншуда, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии вилоят таъмин гардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд ва минбаъд низ дар ин ҷода фаъолияти худро тақвият хоҳанд бахшид.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.07.2021 №: 134 Мутолиа карданд: 1511