logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ МУСИҚИИ КАСБӢ

Фарҳанг дар баробари он, ки соҳаи сарнавиштсоз маҳсуб мешавад, ҳамчунон, муаррифгари миллат низ мебошад. Пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ бо талошу кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати мардум ба фарҳанг ба маънии мусбаташ дигаргун гардид. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, бунёди муассисаҳои наву ҷавобгӯи талаботи давр, фарогирии ҳунарпешагон ба таҳсил ва андӯхтани таҷриба, доир гардидани рӯзҳои фарҳангиву афзудани сафарҳои ҳунарӣ ба ин гувоҳи равшан шуда метавонанд. Ҳамчунин, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар мамолики хориҷӣ ва ҷалби мутахассисони маъруф васеъ ба роҳ монда шуд. Албатта, сар карда аз оғози солҳои навадуми асри гузашта иҷрои ин ҳама кору шинохти масъулият ҳаргиз осон набуд. Вазъи ногувори сиёсӣ, иҷтимоӣ на танҳо ба рушди соҳа монеъ мегардид, балки сабабгори таназзули он шуда метавонист. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки бо хиради азалӣ ин ҳолати басо мураккабро дарк намуданд ва дар баробари ҳифзи истиқлоли кишвар, истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Фарҳангро ҳастии миллат эълом намуданд ва барои ин ҳастӣ ҳеҷ чизро дареғ надоштанд. Чаро? Ба ин пурсиш худ ҷавоби қотеъ доданд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Воқеан, ин гуна ғамхориро на танҳо мо - мутахассисони соҳа, балки ҳамаи мардум дарк намудем, шоҳиди бевоситаи рушди фарҳанг гардидем.
Бояд тазаккур дод, ки дар баробари муассисаҳои фарҳангӣ бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир шуд. Он бо нақшу нигори миллӣ аз ҷумлаи марказҳои бузурги фарҳангии кишвар аст.
Ба хотир биёрем, ки гурӯҳе мавҷудияту фаъолияти ин ягона театрро бо мутахассисону ҳунарпешагонаш нозарур мешумурданд. Ҳатто дар ин хусус расман баромадҳо карданд. Дар яке аз кишварҳои ҳамсоя фаъолияти ин гуна театрашонро қатъ намуданд. Мутаассифона, то ба ҳол ҷуброни ин амали нодурусташонро бароварда натавонистанд. Озмунҳо ҳам эълон карданд, мутахассисони хориҷии кишварро ба кор бо маоши баланд даъват намуданд, изҳор доштанд, ки тамоми  шароити хуби зиндагиро барояшон муҳайё месозанд, аммо ба натиҷаи мусбат ноил шуда натавонистанд.
Сарвари давлати мо баръакс, маоши кормандони театрро чандин бор баланд бардоштанд, барои таҳсили мутахассисон дар хориҷи кишвар имкон фароҳам оварданд. Барои пешрафти кор ва рангину ҷавобгӯи талаботи давр намудани барномаҳои театрӣ ҳунарпешагони асили мамолики пешрафтаи дунёро ҷалб намуданд.
Таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон аз дастовардҳои бузург барои рушди мусиқии касбӣ маҳсуб мешавад. Бинои он дар шафати Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошад, то ҳунаромӯзони ин муассисаи таълимӣ дар театр сайқали маҳорат намоянд.
Таъсиси коллеҷи хореографӣ низ аз рухдодҳои неки фарҳангист, ки бо ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт.
Агар боз ба хотир биёрем, ягона сози арғунуни кишвар дар ҳоли бештару бештар хароб гардидан буд ва умеди таъмири он мавҷуд набуд. Дар ин маврид низ Пешвои миллат дастур доданд, ки он бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ таъмир бишавад.
Барои таъмиру таҷдиди он як миллион сомонӣ ҷудо ва мутахассисони чехӣ даъват гардиданд.  Ҳамин тавр, он мавриди истифода қарор гирифт.
Таъсиси оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвари мо барои рушди мусиқии касбӣ аз ҷониби Сарвари давлат таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Албатта, вазифаи мо – ҳунарпешагон, мутахассисони миллат аст, ки ба қадри ин ғамхориҳои Пешвои миллат бояд бирасем ва барои рушди соҳа бештару беҳтар фаъолият бинамоем, то миллати мутамаддини худро дар дунё накутару шоистатар муаррифӣ карда битавонем.
Магар метавон рухдоди неки фарҳангии соли 1998-ро аз ёд бурд? Не. Дар ҳеҷ сурат.  Вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мисли имрӯз набуд. Бо ин ҳол Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бояд ба озмуни байналмилалии хорсароён, ки аз 4 то 8-уми ноябр дар шаҳри Анқараи Туркия баргузор мегардид, бояд иштирок мекард. Сухан дар бораи сафари як  ё даҳ нафар ба мамолики хориҷӣ нест, балки дар бораи коллективи хорсароёни театри академӣ меравад. Дар миёни 39 мамлакати ҷаҳон, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ нашуда буданд, ҳунарнамоӣ кардани ин театр ҳаргиз осон набуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он вазъияти душвори сиёсиву иқтисодӣ ризоят доданд, ки гурӯҳи ҳунарии театр дар ин озмун ширкат варзад. Ҳама гуна хароҷотро аз ҳисоби фонди худ пардохт намуданд.
Ман ҳамчун сархормейстери театр ва дигар ҳунарпешагон эҳсос менамудем, ки чи масъулияте пас аз ин ғамхорӣ дорем. Бе дастовард омадан барои ҳар мутахассису ҳунарпеша дар ин маврид нанг буд.
Сафар намудем. Қуръапартоӣ карданд. Аз миёни 39 мамлакат Тоҷикистон дар навбати аввал бояд баромад менамуд. Як соат пеш аз баромад толорро барои тамрин ба ихтиёри мо гузоштанд.
Аслан, ин гуна имконро ба тариқи истисно танҳо ба кишвари мо, ки ҷангзада аст, доданд. Дар ин ҷо, яъне, Анқара, маълумамон шуд, ки кишварҳои дигар ду дастаии хор: хори академӣ ва хори фолклорӣ овардаанд. Хушбахтона, мо либосҳои зиёд бо худ гирифта будем. Дар як муддати бас кӯтоҳ дар ҳамон ҷо, пас аз баромади аввал, дастаро омода намудем ва дар хори фолклорӣ лауреат гардидем. Бо хори академӣ дар миёни ин кишварҳо соҳиби ҷойи дуюм шудем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб баромади ҳамаи хорсароёни академӣ ва фолклории давлатҳои дигарро сабт намудем. Ин, албатта, ба хотири омӯзиши беҳтар, сайқали маҳорати касбӣ ва омодагии бештар гирифтан ба дигар озмунҳои байналмилалӣ буд.
Такрор ҳам шавад, боз мегӯям, ки моро дар ин сафар ва баромадҳо ғамхорӣ, дастгирии Пешвои миллат неру мебахшиду илҳом. Кӣ бовар мекард, ки дар кишваре, ки ба хори академӣ мардумаш таваҷҷуҳи хос надорад, ҳунарпешагони театраш ҷойи сазоворро дар миёни 39 мамлакати пешрафта дар соҳаи мусиқии касбӣ соҳиб гардида метавонад? Ин дастоварди бузурги театри академӣ андешаи кишварҳои дигарро дар бораи мо ва мусиқии касбии миллӣ ба маънои мусбаташ тағйир дод. Бовар ҳосил карданд, ки Тоҷикистон дастаи пурқуввати хорсароӣ дорад. Тасаввур намуданд, ки кишвари мо аз миёни садҳо хорсароён ин дастаи пурқувватро бо интихоби дуруст омода сохтаанд.  Акнун бо дастуру раҳнамоии Пешвои миллат хорро ба шунавандаи миллат наздик намудем ва ба ин васила,  сатҳи мусиқифаҳмии онҳоро ба тадриҷ боло бурдем. Дуруст аст, ки бе заҳмат, омӯзиши махсус, пайдо кардану тарбия намудани соҳибистеъдодҳо ба мақсуде, ки дорем, расида наметавонем, аммо андак фориғболӣ, бетарафӣ, бетаваҷҷуҳӣ низ дигар бахшиданӣ нест.
Бешак, ман ба ояндаи мусиқии касбии кишвар некбин мебошам. Бовар дорам, ки ин соҳа сол ба сол рушд меёбад ва дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ бештару беҳтар миллатро ҳунарпешагони асил муаррифӣ мекунанд. Бовари ман аз он рӯст, ки мо Пешвову раҳнамои асилу ғамхор дорем ва барои рушди мусиқии касбӣ тамоми тадбирҳои заруриро сари вақт меандешад ва шароити ҷавобгӯи талаботро ба вуҷуд овардаву боз меоварад. Ин соҳа, ба яқин, ҳеҷ гоҳ аз назари Сарвари давлат дур набуд ва нахоҳад шуд.
Ҳамчун сархормейстер, сарвари Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ тамоми донишу таҷрибаву ҳунарамро равона намудам, то соҳа пешрафта бошад, то Пешвои миллатро бовар бикунонем, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои ӯ фаъолият дорем ва ҳамеша сипосгузорӣ менамоем.
Мо дар ояндаҳои наздик дар ин соҳа бо мамлакатҳои бузургу мутамаддину пешрафта бояд баробар шуда битавонем. Бояд дунё мусиқии касбии моро эътироф бинамояд. Хори академӣ,  камеравӣ, фолклории мо ончунон пурқуввату оламгир бошад, ки барои шунидану дидани онҳо мардум ба кишвари мо ташриф биёранд. Ҳамчунин, зуд – зуд ба кишварҳои дунё ба сафари ҳунарӣ бибароянд. Мутахассисон дар бораи дастовардҳои ин соҳа пайваста бинависанд ва таҷрибаи моро чун намуна барои дигар кишварҳо арзёбӣ бикунанд. Ба яқин, мо бо ин Сарвари идеалии худ ба иҷрои ин мақсадҳои душвор ноил гардида метавонем. Ман борҳо шоҳид гардидаам, дар ислоҳи баъзе аз камбудиҳое, ки ҳатто аз нигоҳи мутахассисону ҳунарпешагони асилу варзида ниҳон мондаанд, бо маслиҳату раҳнамоӣ саҳм гирифтааст. Дар ин ҳол, ба ростӣ, мо дар ҳайрат меафтодем ва аз худ мепурсидем, ки дарки ин ҳама ӯро чӣ гуна даст медиҳад. Барои худ посух пайдо кардем, ки ба Сарвари асилу ғамхори давлат, дӯстдору хоҳони пешрафти мусиқии касбии кишвараш илҳом мешавад. Ин ҳақиқатро дигар шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ низ дар мавриди ӯ гуфтаанду тасдиқ намудаанд.
Бояд ин нуктаро ҳам ёдовар бишавам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хидматҳои маро ҳам қадр кардаанд, ба мукофоту унвонҳои баланд мушаррафам гардондаанд. Фикр мекунам, ки ин ҳама шинохту эътирофи мусиқии касбии миллат ва ғамхории махсус ба он мебошад.
 
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2021    №: 134    Мутолиа карданд: 1050
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед