logo

иҷтимоиёт

ҚАЛАМРАВИ САОДАТИ МИЛЛӢ

Мардуми шарафманди тоҷик солгарди навбатии Ҷашни Ваҳдати миллиро чун солҳои қаблӣ дар фазои сулҳу оромӣ ва рӯҳияи созандагӣ истиқбол намуданд. Ин дар ҳолест, ки 24 сол муқаддам халқи тоҷик дар орзуи расидан ба сулҳи комил ва хатми даргириҳои хунин дар мамлакат буданд. Зеро бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ харобаҳои зиёде ба миён омада, корхонаҳои сершумор аз кор монда буданд. 
Таърих ҳамеша ин ҳақиқатро дар кулбори худ нигоҳ хоҳад дошт, ки бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу хоки Ватан, таъмини сулҳу субот Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки минбаъд ҳамчун санади сарнавиштсоз шинохта шуд. Баъд аз имзои ин санад таърихӣ дар мамлакат марҳилаи нави рушд оғоз гашт. Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон, сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар таъмин гардид. Тавре Сарвари давлат зикр намуданд: «Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад».
Воқеан, аз баракати сулҳу ваҳдат имкон пайдо гардид, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё шавад. Ва ҳоло барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ низ фароҳам шудаанд.
Айни ҳол, дар партави сиёсати бунёдкоронаи Президенти маҳбубамон ба хотири сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори ин Ватани биҳиштосо корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараён доранд. Чунин раванди босубот аз мо тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ садоқат нишон диҳем ва нагузорем, ки дигар касе ва ё гурӯҳе фазои орому осудаи кишварро халалдор созад.   
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад. Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯза ҷавобгӯ бошад. Мардумро муттаҳид сохта, ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад».
Дар заминаи ин суханони ҳикматбор моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем.
 
Баҳрулло СОЛИҲОВ, 
иҷрочии Хадамоти иҷрои назди 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2021    №: 134    Мутолиа карданд: 603
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед