logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. АЗ ТОҶИК БУДАНИ ХУД ИФТИХОР ДОШТ

Ифтихори бузургии миллати фарҳангофари тоҷик аст, ки фарзандони фарзонааш дар ҳама давру замон илму дониш ва ҷасоратро аз ҳама гуна дороии моддӣ афзалтар дониста, рӯ ба ин ганҷи бебаҳо ниҳоданро гаштаву баргашта талқин менамуданд. Миллати тоҷик абармардони зиёдеро ба олам додааст, ки онҳо фикру хаёл ва тамоми ҳастии хешро ба ҳифзи  муқаддасоти миллӣ ва халқи заҳматкаши худ сахт пайваст намудаанд. Чунин бузургворон безаволанд. Онҳо ба бахти инсон таваллуд мешаванду як умр бо халқ зиндагӣ мекунанд.
Замоне аз деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, сарзамине, ки овозаи лаъли тобдораш ҷаҳонро фаро гирифтааст, писарбачаи 13-сола озими роҳи дуродур ва пурхаму печи зиндагӣ шуд. Бори вазнини ятимӣ бар дӯш дошт, меҳнат мекард то хонаводаашро пуштибонӣ кунад. Бачагиаш аз зебоӣ тиҳӣ буд, зеро ба даврони таҳаввулот рост омад. Таҳаввулоти гузариш аз як сохтор ба дигар сохтор. Дар бисоташ чизе надошт, танҳо дили дарё, ҷасорату мардонагӣ ҳамсафар ва чароғи роҳнамояш буданд.
Аз дил ба диле, аз манзил ба манзиле ва роҳҳои ноаёни муроду мақсудро тай намуд. Ӯ аз мушкилии роҳ наҳаросида, фатҳи қуллаҳоро пеш гирифт…
Шириншоҳ Шоҳтемур, Раиси Кумитаи иҷроияи марказии Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон, 28 феврали соли 1937 бахшида ба қабули лоиҳаи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон дар Анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод чунин зирк кардааст: «Ҳалли масъалаи тоҷик барои тамоми ИҶШС аҳамияти калонеро дорост. Зеро ба ҷуз Осиёи Миёна, тоҷикон қисмати бузурги сокинони давлатҳои ҳамсоя  (Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон) - ро ташкил медиҳанд... Агар мо чунин таҳлил кунем, мақсадамон боз ҳам фаҳмотар мешавад». 
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 110 - солагии Шириншоҳ Шоҳтемур иброз доштанд: «Дар ин давра як раванди пуршиддати тоҷикбадбинӣ шурӯъ гардида, доираҳои муайян бо ҳар васила мехостанд фаъолияти мактабу таълимгоҳҳоро бо забони тоҷикӣ маҳдуд созанд, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсиро бо ин забон боз доранд. Вале ин марди муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу миллаташро ҳимоя мекард».
Маҳз дар чунин шароити ҳассос Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди давлати миллӣ талош варзид. Аз лаҳзаи фаъолият дар шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ - педагогии шаҳри Тошканд фаъолияти сиёсию меҳнатии ӯ оғоз гардид. Шириншоҳ дар ин ҷо узвияти Ҳизби коммунистӣ (болшевикони) Россияро қабул намуд. Моҳи майи соли 1921, бинобар бо сабаби нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон бо супориши Кумитаи иҷроияи марказӣ дар қатори 500 «донишҷӯи пролетарӣ» Шириншоҳ низ дар тақсимоти озуқавории волости Дилварзини Хуҷанд иштирок намудааст. Фаъолияти пурсамару бовиҷдононаи ӯро ба назар гирифта, дар қатори Сегонаи ҳарбӣ - сиёсӣ бо ҳамроҳии Т. Дяков ва Ҳ. Ҳусейнбоев барои барпо намудани ҳокимияти шӯроҳо ба Бадахшон фиристода шуд. 
То охири соли 1922 дар ин ҷо кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода шуданд ва Шириншоҳ раиси Кумитаи инқилобии Помир интихоб гардид. Ҳанӯз аз оғози фаъолият дар Помир вай ба ташкили мактабҳо барои маҳви бесаводӣ, тақсими одилонаи замин ба деҳқонон ва таъсиси анборҳои озуқаворӣ шурӯъ намуд.  
Бо назардошти хизматҳои бенуқсон, дониши фарох ва малакаи баланди корӣ соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон даъват гардида, инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъйин мешавад.
Соли 1932 барои такмили дониш ба Москва меравад ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват шуда, то соли 1937 вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистонро иҷро мекунад. Бо сабаби ба сари қудрат омадани ашхоси ҳасуду фитнаангез, кормандони болаёқат ва бовиҷдони ҳизбиву сиёсӣ зери фишору таъқиби ҳасудон қарор гирифтанд. Соли 1933 фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик, Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев аз вазифаи раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон барканор ва баъди чанд сол ҳабс шуданд. 
Шириншоҳ ин беадолатии он замонро таҳаммул карда натавониста, дар ҷаласаи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ки соли 1937 доир гардид, ин амалро маҳкум намуд. Ӯро низ 9 июли соли 1937 дар асоси туҳмат бо ҷурми «миллатчигии буржуазӣ» ва «душмани халқ» будан, ба ҳабс гирифтанд. 21 октябри соли 1937 аз ҷониби Коллегияи Суди Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукми қатл гирифт. 
Ҳарфи ватану ватандорӣ, ҳарфи имону виҷдон, ҳамеша дар каломи ӯ буд, ки аз минбарҳои баланд садо медод. То охири ҳаёт бо ҳарфи ҷавонмардӣ зист ва барои исботи садоқаташ ба Ватан худро қурбонии номи ин Ватан мекард. Ӯ дар масири огоҳию бедории миллӣ, ҳифзи давлату давлатдорӣ ва озодии забону миллати хеш сарбаландона мубориза мебурд.
Чуноне Пешвои муаззами миллат зикр медоранд: «Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафарони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд, заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд. Ӯ аз тоҷик будани худ ифтихор дошт ва аз рушду нумӯи Ватанаш меболид».
 
Рафоат ҚУДРАТБЕКОВА, 
рӯзноманигор
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2021    №: 134    Мутолиа карданд: 565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед