logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ ДИЛ БА ХОТИРИ ОБОДИИ ВАТАН МЕТАПАД...

 
Ҷавонони сарбаланди Ватан ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа мекӯшанд, ки дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми назаррас гузоранд. Олимҷон Қурбонов аз зумраи он ҷавонони пурталош аст, ки ободии кӯчаву маҳал ва деҳаи хунинофрехтаашро мароми зиндагии хеш қарор додааст.
Ӯ бо аҳли хонавода дар деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент дар бунёду азнавсозии дилхоҳ роҳу иншооти маҳали зист ҳамчун фарзанди содиқи сарзамин ҳиссаи худро мегузорад. Ин ҷавони ободкору дилогоҳ ба наздикӣ бо ҷамъе аз ҳамдилу ҳамандешон: Ҳабиб Алиев, Темур Юсуфов, Бобомурод Муҳаммадиев, Азизулло Усмонов, Нозим Одинаев роҳҳои байнидеҳавиро ба дарозии 1,5 километр навсозӣ намуданд. Агар ин роҳ қаблан се метр паҳно дошт, акнун паҳнои он ҳашт метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, бо иштироки дусад сокини деҳа девори муҳофизатии ин роҳ (2,5 метр баландӣ ва зиёда аз 200 метр дарозӣ) сохта шуд, ки барои бехатарии роҳгузарону мусофирон нақши муҳим дорад. Илова бар ин, бо ҳамроҳии Ҳабиб Алиев ва дигар ҷавонони деҳа ба муносибати эълон шудани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кӯчаҳои деҳаро бо маблағи 50 000 сомонӣ чароғон карданд.
Олимҷон Қурбонов айни замон дар Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Зарафшон» фаъолияти пурбор дорад. Бино ба гуфтаи роҳбарияти ин корхонаи бонуфуз, аз ҷумла муовинони директори он Ориф Саримсоқов, Абдуҳаким Ашӯрзода ва Искандар Камолов, дар корҳои ободонию навсозии Ҷамоати деҳоти Косатарош саҳми худро мегузоранд ва иқдомҳои хайри Олимҷонро дастгирӣ менамоянд. Ҷамоати номбурда дар минтақаи кӯҳистон қарор дорад ва табиист, ки дар ин қисмат зуд - зуд офатҳои табиӣ рух медиҳанд. Дар бартарафсозии офатҳои табиӣ ҳамасола 20 навъи техникаи пуриқтидор фаъол мешавад.
Олимҷон ҳамчун як ҷавони ташаббускор дар таъмири маркази саломатии деҳаи Косатарош ва ҳамчун узви фаъоли ассотсиатсияи волидони МТМУ № 75 дар таъмиру навсозии фаршу тирезаҳо ва чароғонкунии муассисаи таълимии мазкур саҳми назаррас гузошт. Омӯзгорони собиқадор иброз доштанд, ки Олимҷон ҳамчун як фарди ватандӯсту меҳанпарвар дар ободкории диёр саҳми зиёд мегузорад. 
- Пеши худ азм намудаам, ки баҳри ободии сарзаминам боз ҳам бештар талош кунам. Сарвари давлатамон барои зиндагии шоистаи мардум ҳама шароитро фароҳам овардаанд, фақат ҳар нафар бояд заҳмат бикашад, то дар зиндагӣ ба як фарди муваффақ табдил гардад. Дар ҳамовозӣ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаҳои зиёдеро амалӣ кардем. Дар оянда низ тарҳу барномаҳои зиёд дорем. Аз ҷумла, тасмим гирифтаем, ки 2 пули деҳа ва боз 200 метри дигар девори муҳофизатии роҳҳои байнирустоиро созем. Агар мардуми деҳа дастгирӣ кунанд, дар 2 мактаби дигар маҷлисгоҳ сохта, дар бунёди таълимгоҳи нав низ омодаам, ёрӣ расонам. Ҳамчунин, мақсад дорем, ки бо дастгирии роҳбарияти Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» маркази саломатӣ, муассисаи таълимӣ, дар маҷмӯъ, тамоми деҳаи Косатарошро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намоем, - гуфт ӯ.
Яке аз корҳои асосие, ки Олимҷон ба нақша гирифтааст, якҷо бо раиси маҳаллаи деҳаи Филмандар ва сокинони он роҳҳои байнидеҳавиро васеъ ва мумфарш кардан аст, зеро роҳи 3 ҷамоати дигари шаҳр аз тариқи ин деҳаҳо (Филмандару Косатарош) мегузарад. Агар ин роҳҳо обод шаванд, барои сайёҳоне, ки ба тамошои Ҳафткӯл ва дигар маконҳои тамошобоб мераванд, сабукиҳо пайдо мешаванд.
 
Дилафрӯз ҚУРБОНӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2021    №: 134    Мутолиа карданд: 559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед