иқтисод
ПРЕСС-ТУР. БОЗДИДИ РӮЗНОМАНИГОРОН АЗ КВД «ШИРКАТИ АЛЮМИНИЙИ ТОҶИКИСТОН»
Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷикистон» (ТАЛКО) яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ дар кишвар имрӯз ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад. Чунин посух дарёфтанд ба суолҳои худ як гурӯҳ рӯзноманигорон зимни пресс-тури навбатӣ ба шаҳри Турсунзода, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.
Ширкати алюминийи Тоҷикистон дар самти коркард ва истеҳсоли алюминий ба қатори тавлидгарони азими ҷаҳонӣ шомил буда, дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи баланд пайдо кардааст. Корхона дар баробари истеҳсоли маҳсулот барои роҳ надодани таъсири водороди фтордор ва диаксиди карбон ба ҳавои атмосфера ва муҳити зист тадбирҳо андешида, ҳаҷми ғубори маводи зарарнокро мунтазам месанҷад. Ташхис ва омӯзиши маводҳои ифлоскунанда аз ҷониби озмоишгоҳи саноатии КВД «Ширкати алюминийи Тоҷикистон» амалӣ мешавад. Нахуст объектҳои флора ва фауна, ҳолати санитарии коргоҳҳо, ҳудуди корхона ва роҳҳои ба он пайваста санҷида шуда, маълумот оид ба интиқоли моддаи ифлоскунанда муайян мегардад.
Салтанат Соҳибова, сардори озмоишгоҳи саноатӣ, дар ин бора чунин гуфт:
- Озмоишгоҳ дорои ду шуъба – кимиёвӣ ва санҷиши экологӣ буда, кормандони он бо истифода аз технологияи муосир дар минтақаҳои муҳофизатии санитарӣ моддаҳои заҳролудро ташхис ва чен мекунанд. Дар минтақаи муҳофизатии санитарӣ 11 нуқтаи намунагирӣ ва мошинҳои сайёр фаъолият менамоянд, ки ҳар соат миқдори моддаҳои ифлоскунандаро месанҷанд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, соли гузашта 87 000 тонна алюминий ба маблағи 138,2 миллион доллар содирот гардид, дар ҳоле ки соли 2019 ҳаҷми содироти алюминий 96 800 тонна бо арзиши 173,2 миллион доллар ба қайд гирифта шудааст. Айни замон ширкати алюминийи Тоҷикистон талош дорад, ки ҳаҷми коркард ва истеҳсоли маҳсулотро бо беҳтар намудани техника ва технологияи истеҳсолӣ дучанд зиёд намояд. Дар ширкати мазкур, хусусан сехҳои тавлидотии он намунаи ашёҳои аз алюминий сохташаванда дар осорхонаи КВД “Ширкати алюминийи Тоҷикистон” ба намоиш гузошта шудааст, ки таърихи ташаккулёбии ин корхонаи азимро бозгӯ менамояд. Игор Сатторов, сардори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД “Ширкати алюминийи Тоҷикистон”, зимни шиносоӣ оид ба таърихи 46 - солаи бунёди чунин як корхонаи бузург маҳз аз осорхонаи он оғоз намуд. Дар осорхона беш аз 2000 намунаи нигораҳои соҳаи саноат, бахусус саноати вазнин, мавҷуд буда, ҳамасола шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан мекунанд.
Игор Сатторов ба масъалаи ба муҳити зист таъсири манфӣ нарасондани корхона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфт, ки ТАЛКО аз зумраи корхонаҳоест, ки барои ҳалли масъалаҳои экологӣ маблағгузории худиро анҷом медиҳад. Охирин партофти ифлоскунанда ба ҳаво соли 1989 ба қайд гирифта шуда, дар он консентратсияи водороди фтордор аз меъёри муқаррарӣ 1,2 баробар зиёд буд. Ҳоло партофти корхона ба ҳаво ва муҳити зист пайваста таҳти назорат қарор дорад. Мисоли равшан, серҳосилии заминҳои кишоварзӣ дар ҳудуди шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав мебошад, ки аз набудани таъсири партови корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зисти ин минтақа далолат мекунад. Зеро агар ғубори маводи зарарноки диаксиди карбон аз меъёр зиёд мебуд, он ба соҳаи кишоварзӣ, хусусан бунёд ва парвариши ангузор таъсири манфӣ мерасонд.
Хоҷагии деҳқонии “Ватан - 2008” каме дуртар аз корхонаи бузурги саноатӣ ҷойгир буда, дар он дар масоҳати 100 гектар ангузор бунёд шудааст. Ба гуфтаи сардори хоҷагӣ Неъмат Усмонов, ба раванди парвариш ва бунёди меваю сабзавот таъсири корхонаҳои саноатӣ ба назар намерасад. Дар хоҷагӣ 165 саҳмдор ҳамасола беш аз 3 ҳазор тонна ангур истеҳсол намуда, ба бозори дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш мебароранд.
Ҳамин тариқ, корхонаи бузурги саноатӣ - КВД “Ширкати алюминийи Тоҷикистон” кӯшиш карда истодааст, ки дар раванди истеҳсоли алюминий ба муҳити зист таъсир нарасонад. Бо ин мақсад кори ташхис ва санҷиши озмоишгоҳи саноатии корхона низ беҳтар шуда истодааст, зеро дар ояндаи наздик мутахассисони ин даргоҳи азими саноатиро кори зиёде дар пеш аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.07.2021 №: 134 Мутолиа карданд: 2498