Хабарҳо
Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон аз Россия боздид мекунад
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманиям Ҷайшанкар ҳафтаи равон бо сафари корӣ вориди Россия мегардад. Дар ин хусус бо истинод ба манбаъ агентии ANI хабар додааст. Тибқи маълумот, сафари корӣ эҳтимол аст, ки 8 июл оғоз гардад.
Моҳи апрел вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров бо ҳамтои ҳиндуяш омодагӣ ба сафари кории дарпешистодаи Президенти Россия Владимир Путинро ба Ҳиндустон баррасӣ намуда буданд. Мувофиқи муқаррароти қатънома оид ба ҳамкории стратегӣ аз соли 2000 сарварони ҳар ду кишвар ҳамасола вомехӯранд, аммо соли гузашта бо сабаби бад шудани вазъи эпидемиологӣ бори аввал дар муддати 20 сол дар сатҳи олӣ вохӯрӣ баргузор нагардид.
Вазъият дар шимоли Афғонистон бадтар мегардад
CentralAsia (CA). Мушовири Президенти Афғонистон оид ба амнияти миллӣ Ҳамдулло Муҳиб изҳор намуд, ки ҳолат дар шимоли Афғонистон, ки «Толибон» як қатор ноҳияҳоро тасарруф намудаву ҳанӯз ҳам дар ҳоли пешравианд, ниҳоят ҷиддӣ мебошад. Вале Кобул умед бар он мебандад, ки вазъият аз таҳти назорат берун намешавад.
«Умед дорем, ки чунин ҳолат рух намедиҳад. Вазъият айни ҳол ниҳоят ҷиддист, вале қувваҳои амниятии Афғонистон бо ёрии мардуми маҳаллӣ, вазъро устувор кардан мехоҳанд. Агар «Толибон» минбаъд низ ишғолгариро бо роҳи низомӣ идома диҳанд, вазъият боз ҳам бадтар мегардад», - гуфт Ҳамдулло Муҳиб дар мусоҳиба бо АИР «Новости».
Гуфтугӯи Меркел, Макрон ва Си Ҷинпин
ТАСС. Канслери Олмон Ангела Меркел, Президенти Франсия Эммануэл Макрон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар формати видеоконфронс гуфтугӯ анҷом доданд. Дар ин хусус намояндаи расмии Ҳукумати Олмон Штеффен Зайберт иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо вазъияти муносибот миёни Иттиҳоди Аврупо ва Чинро баррасӣ карданд. «Онҳо оид ба масъалаҳои тиҷорати байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист ва биогуногунрангӣ суҳбат намуданд», - гуфт Зайберт. Ӯ афзуд, ки мавзӯъҳои мубориза бар зидди пандемияи коронавирус ва тақсимшавии ваксина низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Изҳороти СҶТ
Лента. ру. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор намуд, ки вазъият вобаста ба COVID-19 дар умум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи директори программаи СҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ Майкл Райан иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъияти паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон нисбат ба ду - се моҳи гузашта рӯ ба беҳбудӣ дорад. Райан афзуд, ки дар як қатор кишварҳо зуд пастшавии сироятёбӣ ба назар мерасад, аммо дар баъзе мамлакатҳо баръакс. Эпидемиолог тахмин мекунад, ки ин ҳолат ба таъсири омилҳои гуногун - бавуҷудоии штаммҳои коронавируси зудсирояткунанда, сабуксозии чораҳои зиддиэпидемиологӣ ва афзудани алоқа байни одамон мансуб мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1026