logo

Хабарҳо

ФУТЗАЛ

Натиҷаи бозиҳои даври сеюми ЛКФ
Рақобати марказии даври сеюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон миёни тимҳои «Соро компания» ва «Сипар» мусовӣ (3:3) ба охир расид.  
Тибқи иттилои департаменти футзали ФФТ, ду бозии дигари давр бо чунин натиҷа анҷом ёфт: «Истиқлол» – «Помир» – 2:2 ва «Самандар» – «Пойтахт» – 3:7.
Пас аз натиҷагирии се давр, «Соро комапния» ва «Сипар» бо 7-холӣ пешсафанд.
Дар даври чорум «Пойтахт» бо «Истиқлол», «Самандар» бо «Соро компания» ва «Помир» бо «Сипар» вомехӯранд.
 
 
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020 
Шумораи иштирокчиён аз Тоҷикистон ба 11 нафар расид
Бар пояи раддабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс варзишгари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 (23 июл – 8 август, соли 2021) роҳхат гирифт.
Ҳамин тариқ, ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 11 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Бурду бохти тимҳо дар даври 12-ум
Бозиҳои даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Пешсафи ҷадвали чемпионат – «Хуҷанд» дар сафар тими «Файзканд»-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд.
Дастаи «Истиқлол» ба “Эсхата” бо натиҷаи 5:1 ғолиб омад. 
Натиҷаи бозиҳои боқимонда: “Равшан” – КМВА – 1:2,  “Истаравшан” – “Душанбе” – 2:0 ва «Кӯктош» – «Хатлон» – 3:3. 
Дар бозиҳои даври сенздаҳуми Лигаи олӣ, ки 10 – 11 июл сурат мегиранд, КМВА бо «Истиқлол», «Хатлон» бо «Равшан», «Хуҷанд» бо «Истаравшан», «Душанбе» бо «Кӯктош» ва «Эсхата» бо «Файзканд» қувваозмоӣ мекунанд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед