logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ РОҲИ МОШИНГАРД ДАР ДЕҲОТИ САНГТӮДА

Чанде пеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Асадулло Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳия ба истифодаи роҳи мошингард аз даромадгоҳи ҷамоат то деҳаи Сафедсанги Ҷамоати деҳоти Лоҳур ҳусни оғоз бахшиданд. Роҳ 12 километр дарозӣ дошта, паҳноияш аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад. 
 
Абдумалик Ибодов, сокини ҷамоат, зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки роҳ солҳо хароб буд ва мардум дар ин ҷо бо мушкилӣ равуо мекарданд. Он аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпешаи маҳаллӣ дар муддати кӯтоҳ асфалтпӯш гардида, барои сокинони деҳаҳои ҷамоат шароити арзандаи рафтуомад фароҳам омад. Дар ин амали нек соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов нақши арзанда гузошт. Номбурда чунин бунёдкориҳоро дар дигар гӯшаи диёр низ анҷом додааст. 
- Пештар бо сабаби вайрон будани роҳ қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт зуд корношоям шуда, барои таъмир маблағи зиёд сарф мекардем. Ҳоло мушкилӣ аз байн бардошта шуда, роҳи 40 дақиқаро ба роҳат дар 15 дақиқа тай мекунем, - гуфт ронанда Зиёратшоҳ Ҷойлобов. 
Баробари бунёди роҳ, инчунин, дар деҳаи Навободи ҷамоат хати оби нӯшоӣ барои чорво ва сокинон, ки бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» кашида шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд. 
Сокинон аз норасоии оби нӯшоӣ танқисӣ мекашиданд. Акнун мушкилии онҳо роҳи ҳал пайдо кард. Оби нӯшоӣ аз 3200 метр тавассути қубури пластикӣ аввал ба ду ҳавз, ғунҷоиши ҳар кадом 100 метри мукааб ворид гардида, пас аз безараргардонӣ тақсим мешавад. Оби нӯшоӣ барои 377 оила пешбинӣ шуда, дар назар аст, ки деҳаҳои атроф низ бо об таъмин карда шаванд. 
Сипас, гурӯҳи корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 бо сокинони деҳа мулоқот анҷом дод. Қурбон Ҳакимзода бо миннатдорӣ аз соҳибкорон гуфт: "Иншооти ҷашнии бунёдшуда  солҳо ба сокинон хидмат хоҳад кард. Инфрасохтори деҳот рушд карда, симои шаҳраку деҳот дигар мегардад ва ҷойҳои нави кор низ пайдо мешаванд".
Ба шарофати дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёду азнавсозии роҳу пул, иншооти маъмурии ҷамъиятӣ дар ноҳия вусъат мегирад. Ин тадбирҳо ба хотири сазовор ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ мегарданд, - гуфт Асадулло Раҳмон.
Дар анҷоми чорабинӣ ба соҳибкор Қиёмиддин Чориқулов ҷоизаи «Ободгари Ватан», ба соҳибкорону сохтмончиён ва механизатороне, ки дар асфалтпӯш кардани роҳ саҳм гузоштанд, сипосномаю туҳфаҳо тақдим шуд.
Чунончи иттилоъ доданд, ба ифтихори ҷашни миллӣ дар деҳаҳои ҷамоат бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2021    №: 135    Мутолиа карданд: 805
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед