logo

иҷтимоиёт

САНГВОР - НОҲИЯИ ЗАРХЕЗ ДАР ДОМАНИ КӮҲСОР

Имрӯзҳо мардуми Сангвор  баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона заҳмат кашида, ба бунёд, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи идона камар бастаанд ва дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас дида мешаванд, - иброз дошт раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода. 
Аз ҳисоботи оморӣ бармеоянд, ки дар панҷ моҳи сипаригаштаи соли равон қисми даромади буҷети ноҳия ба ҷои 2 миллиону 53 ҳазору 300 сомонии нақша, 5 миллиону 29 ҳазору 700 сомонӣ иҷро гардидааст, ки баробари 245 дарсад аст.  
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 6 миллиону 222 ҳазору 254 сомонӣ таъмин гардид, ки 223 дарсади нақша аст. Маблағҳои воридшуда дар қиёс ба соли пеш 3 миллиону 304 ҳазору 310 сомонӣ зиёд мебошанд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат ба 47,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 8,2 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 15,8 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 0,5 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 22,9 миллион сомонӣ  ба соҳаи саноат рост меояд.
Аз аввали сол ба аҳолӣ аз ҳисоби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 1 миллиону 529  ҳазор сомонӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сохтмон қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 237 ҳазору 454 сомонӣ зиёд аст. 
Кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 дарсад аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунад. Мардум  ба соҳаҳои чорводорӣ, картошкаю занбӯриасалпарварӣ рағбати зиёд дорад. Боду ҳавои ноҳияи зебоманзари пуралафи кӯҳистон барои парвариши занбӯри асал хело мувофиқ буда, гулу гиёҳи доманакӯҳҳо таъми асалро хело гуворо ва шифобахшии онро дучанд менамояд.
Кишоварзон тибқи нақшаи дурнамои соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1540 га ғалладона, 1117 га картошка, 214 га сабзавот, 4 га полизӣ, 50,5 га зағир ва 52 га хӯроки чорво кишт кардаанд. Шуъбаи кишоварзии ноҳия соли ҷорӣ 3 тонна тухмии хушсифати гандум ва 50 тонна тухмии навъи элитаро ба ноҳия ворид намудааст.  Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар чор моҳи соли 2021 ба 8 миллиону 224 ҳазору 800 сомонӣ баробар мебошад.
Дар ин давра 343 тонна гӯшт, 741 тонна шир ва 471 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 78 тонна гӯшт, 165 тонна шир ва 108 ҳазор дона тухм зиёд аст.
Соҳаи сохтмон барои ноҳияи Сангвор муҳим ба шумор рафта, дар панҷ моҳи соли 2021 аз буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ барои таҷдиди бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тавилдара, сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва азнавсозии боғи фарҳангӣ – фароғатӣ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи нақша синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 5, 6, 12, 14 ва 31 - и ноҳия, 3 майдончаи варзишии замонавӣ дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот, инчунин, пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони Боло бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Сангвор аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 107 иншоот дар нақша буд, ки алҳол 70 - тоаш ба истифода дода шуд, ки маблағи умумии онҳо 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бунёди биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, КИ ҲХДТ дар  ноҳия, шуъбаи бемориҳои сироятӣ,  меҳмонхона, толори варзишӣ дар деҳоти Чилдара ва толори варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Вахиё, сохтмони хати баландшиддати 35 кВт Шугнов - Тавилдара, ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳоти Тавилдара идома доранд. 
Ҷиҳати таъмин намудани пешрафти соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар 28 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забонҳои русӣ ва англисӣ, математика, забону адабиёти  тоҷик, физика, химия, технологияи иттилоотӣ ташкил карда шудаанд. 
Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ шуда, айни замон дар назди 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ марказҳои инкишофи кӯдакон фаъоланд ва дар онҳо зиёда аз 380 нафар кӯдак тарбия мегирад. Дар 3 кӯдакистон 125 кӯдак фароғат дорад. Ҳамчунин, ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, оилаҳои шахсони дар барқарорсозии сохти конститутсинонӣ ҳалокгардида, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, модарони собиқадор, оилаҳои наваскарони ихтиёрӣ ба маблағи зиёда аз 241 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон маводи ғизоӣ ва ёрии молиявӣ расонда шуданд.
Ба гуфти раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода, сокинони шарафманд дастурҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амиқан дарк намуда, баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи болида аҳлона заҳмат мекашанд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2021    №: 135    Мутолиа карданд: 552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед