logo

фарҳанг

МУРОД ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ АСТ, НА ГИРИФТАНИ ЭРОД

Навиштаи ин ҷониб дар бораи созҳои миллӣ ва омӯзишу таҳқиқоти пурраву ҳамаҷонибаи он, ки соле пештар дар рӯзнома ба табъ расида буд, ба табъи баъзе аз мутахассисон, балки кормандони соҳа, хуш наомад. Албатта, ин табиист. Мо ҳамеша ба гузаштагони худ ифтихор мекунем, дар ҳоле ки ин гуна ифтихор бе дастовардҳои бузург ноҷост. Мо агар, воқеан, дар бораи созҳои миллиамон ҳама чизро илману асоснок медонем, чаро дар тарғиби он ва соҳибӣ карданашон наменависем ва овоз баланд намекунем. Тарғиб танҳо иборат аз баргузории барномаҳои ҳунарӣ ва ё намоишҳои телевизионӣ нест. Оре, мо миллати қадимиву мутамаддинем, вале созҳои миллиямонро ҷаҳонӣ карда натавонистем. 
Аз ин нигоҳ ман ҳанӯз ҳам дар ин ақидаи худ устуворам, ки посухҳои мутахассисон, балки кормандони соҳаи фарҳанг, дар мавриди таҳқиқоти ҷиддӣ, навовариҳои устоҳои созтарош дар доираи маҳал қарор доранд ва бо усули муқоисавӣ дастовардҳоямон дар ин маврид пурра ва дуруст баррасӣ нагардидаанд.
Аврупоиён, мурод, албатта, мутахассисон аст, таърихи ҳар сози мусиқиашонро медонанд. Воқеан, ин бояд ҷойи тааҷҷуб ва ибрат бошад. Барои мисол алҳол сози найро мегирем. Дар  «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», ҷилди 2, ки Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик соли 2017 ба табъ расидааст, чунин маълумотро дар бораи най пешниҳод менамоянд: «Най, сози мусиқии нафасӣ. Онро аз чӯб ва фализ месозанд. Қутраш 3 - 4 см, дарозиаш 45-60 см. Дарунаш холӣ. Аз як нӯг ба дарозӣ сурохе дорад, ки барои дамидани бод истифода мешавад. Дар танаи Н. 6 -10 сӯрох мешавад, ки онҳо барои тағйир додани овоз ё лаҳн ба кор мераванд. Тавассути фишори сахту сусти дамидани бод ва маҳкам намудани сӯрохҳо бо ангуштон аз он ба меъёри 3 актава садои оҳангдор ҳосил мегардад. Сӯрохе дар тарафи муқобил дорад, ки онро бо ангушти калони дасти чап мепӯшанд. Маъхазҳои таърихию адабӣ ва мусиқӣ хеле қадимӣ будани Н. - ро қаламдод мекунанд. Тасвири найнавозон дар маснуоти сафолии аз Афросиёб ёфтшуда низ ба назар мерасад. Ҳайкалчаи суғдидухтари найнавоз то имрӯз боқист, ки Н. - и амудӣ менавозад... Хулоса, ҳар ду намуди Н. дар Шарқи Миёнаву Наздик то милод маълум буданд. Робитаҳои маданӣ бо Хитой аз асри 3 то милод сар шуда, вале мусиқии  осиёимиёнагӣ (!) дар он ҷо махсусан дар асри 6 милодӣ бештар равнақ ёфт. (саҳ. 31-32).
Ин ривоят низ роиҷ аст, ки гӯё ҷон бо навои най ба бадан, ба ҷисми инсон ворид шудааст. Агар ин андак ҳақиқате дошта бошад, масъалаи сози миллати мо будани найро ё бояд инкор намуд ва ё бигӯем, ки нахустин одам бо номи Одам тоҷик буд.
Як иқтибоси дигар меорем, ки дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат» ҷой дода шудааст: «То замони мо навиштаҷоти шоҳи шумериҳо Гудеа расидааст, ки дар он доир ба чӯпоневу найи қамишии ӯ сухан меравад. Найи амудӣ (ба мисли қамишӣ аз ду тараф бурида) ҳанӯз дар замони шоҳии миёнаи Миср (2250-1600 то милод) маълум будааст ва то ҳол аз ин намуд чӯпонони имрӯза истифода мебаранд».
Акнун дар бораи созҳои мусиқии нафасии аврупоӣ. Аз ҷумла, дар бораи кларнет ин маълумотро пайдо карда метавонем: «Кларнет аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш овози равшан аст. Сози мусиқии нафасӣ. Охирҳои асри XVII дар Европа ба вуҷуд омадааст. Ихтироъкори он И. Деннер (!) мебошад, ки кларнетро дар асоси найи қадимаи фаронсавӣ сохтааст. Онро асосан аз дарахти обнус ё пластмасса месозанд. Шабеҳи сурнай. Дарозиаш 590- 680 мм буда, 7 сӯрохи овозбарор ва 20 сурон (клапан) дорад. Зеро аз фишори ҳаво қамишак ҷунбида, лаппиш ба вуҷуд меояд, сипас, мундштук кушода ва пӯшида мешаваду аз он садо бармеояд. Кларнет дорои имкониятҳои зиёди меъёри овозӣ буда, чун сози нафасии якканавозӣ, оркестр ва ансамбли созҳои мусиқии тоҷик (!) низ мақоми махсус дорад. Кларнет чанд хел мешавад: кларнети хурд, кларнети алтӣ (бассежорн), бас-кларнет.»
Чунин хусусиятҳоро агар най медошт, бо ифтихор менавиштему мехондем: «Найи тоҷикӣ» дорои имкониятҳои зиёди меъёри овозӣ буда, чун сози нафасии якканавозӣ, оркестр ва ансамблҳои созҳои мусиқии ҷаҳон (!) низ мақоми махсус дорад».
Дар мавриди фагот ин маълумотро мехонем: «Фагот (итолиявӣ, фаронсавӣ) дар аввали асри XVI дар асоси асбоби қадимаи баси бомбардӣ аз тарафи рӯҳонии католик Афраваньо дельи Альбонезӣ сохта шудааст... Фагот боз як номи дигар дошт, ки маънои он мулоим ва нафис аст...
Фагот диапазони калони пардаҳои асосиро дорост, беш аз 3 актава. Дар нотаҳои аз ҳама паст фагот овози ғафс ва сахт, ки хусусияти таҳдидомез дорад, ҳосил мекунад».
Ба қиёс ва хулосабарории дуруст метавон муайян кард, ки мо дар кадом зина қарор дорем. Бояд дастовардҳоямон дар қиёс муайян карда шаванд.
Дар навишта сухани асосӣ аз истифодаи сози миллӣ нест, аз омӯзишу таҳқиқи ҷиддии ҷавобгӯи сатҳи ҷаҳонӣ, хосса аврупоӣ, мебошад. Инчунин, сухан дар бораи рушди соҳаи мусиқии Осиёи Миёна ва Шарқ нест. Таҳқиқоти пешиниёну имрӯзиён низ ин ҳақиқатро собит сохтаанд, ки соҳиби ин созҳо чандин миллату давлат дар ҷаҳонанд. Дар созтарошӣ, такмилу навозиш ва низ тарғиб кишварҳои ҳамсояи мо нисбат ба мо пешгомтару пешрафтатар мебошанд.
Рӯзнома чанде пеш дар хусуси ҳоли табоҳи «Армуғон» ва «Созтарош» матлаби танқидиву таҳлилӣ ба табъ расонда буд. Ин нуктаро низ бояд зикр кард, ки пеш аз замони истиқлол низ дар кишварамон рубоб истеҳсол мешуд. Онҳо дар қиёс ба рубобҳои кишвари ҳамсоя сифатан хуб набуданд ва камтар харидор доштанд.
Дар навиштаи ин ҷониб сухани асосӣ дар мавриди таъсиси ташхисгоҳи созҳои мусиқӣ буд, ки дар ин хусус хомӯширо авло донистанд. Бо таъсиси он имкони омӯзишу ихтироъ, такмил, тармими бештару беҳтари созҳо ба вуҷуд меояд. Гурӯҳи махсуси мутахассисон дар ин маврид бевосита ба ин масъалаҳо машғул гардида, корҳои мондагорро ба манфиати миллат ва пешрафти соҳа ба анҷом расонда метавонанд.
Пас аз ҳама эродгириҳои навиштаи пешин ин нуктаро таъкид доштанд, ки он «дар роҳи ҳалли мушкилот, яъне масъалаҳои илман ба роҳ мондани такмилёбии созҳои миллӣ мусоидат менамоянд.» Албатта, умед мебандем, ки ба ин масъала низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Мақсуд аз ин навишта низ ба иззати нафси касе расидан нест. Дар иҷрои ин кори нек ҳамаи онҳое, ки дӯстдори фарҳанги миллианд, бояд саҳм бигиранд. Фикр мекунам, ки қабули барномаи махсус ва ҷудо кардани маблағ дар ин маврид бисёр муҳим аст.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2021    №: 135    Мутолиа карданд: 1921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед