logo

иҷтимоиёт

СИРОЯТИ ДУБОРА БО КОРОНАВИРУС. ЭҲТИМОЛИ СИРОЯТЁБӢ ЧӢ ГУНА АСТ?

То ҳол дар ҷаҳон панҷ ҳолати сирояти дубора ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шудааст. Олимон омӯзиши механизми таъсиррасонии коронавирус ва масунияти одамро идома медиҳанд. Ҳанӯз саволҳо аз ҷавобҳо хеле зиёданд: масалан, то ҳол умри вирус аниқ нашудааст. Нишонаҳои дақиқи сироятёбӣ ё мавҷудияти масуният пас аз беморӣ низ номафҳум боқӣ мемонад. Тадқиқоте, ки дар маҷаллаи бонуфузи тиббии бритонии «Лансет» нашр шуд, ба чанде аз ин саволҳо посух дод. 
 
БЕМОРИИ ТАКРОРӢ ШАДИДТАР БУД
Сокини 25 – солаи иёлати Невадаи ИМА, ки дар ин таҳқиқот иштирок кард, давоми 48 рӯз бо ду штамми коронавирус сироят ёфт. Бори аввал ташхиси коронавирусро моҳи апрели соли равон гузашта, баъди ҷавоби мусбат ба карантин рафт. Моҳи июн озмоиши дубора низ мусбат баромад ва беморӣ шадидтар буд. Ҳарорати баланд, дард ва чарх задани сар, сулфа, дилбеҳузурӣ ҷавонро ранҷ медоду ба оксиген ниёз дошт.
Муаллифони тадқиқот ба хулосае омаданд, ки сирояти қаблӣ ба COVID-19 наметавонад кафолати гирифтор нашудан ба ин беморӣ бошад. Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддан таъкид мешавад. 
- Мо то ҳол дар бораи таъсири вируси COVID-19 ва вокуниши системаи масунияти одам ба он маълумоти зиёд надорем. Аммо натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки бемории қаблии COVID-19 аз сирояти дубора ҳимоят намекунад, - мегӯяд Марк Пандори, корманди озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Донишгоҳи Невада ва муаллифи  ин таҳқиқот.
Марк Пандори ва ҳамкоронаш танҳо як ҳолати сироятёбии дубораро таҳқиқ кардаанд, аз ин лиҳоз, натиҷаҳои бадастомада имкон намедиҳанд, ки дар бораи ҳамаи одамон хулоса бароранд. 
 
ИММУНИТЕТ ПАС АЗ КОРОНАВИРУС ЧӢ ҚАДАР ДАВОМ МЕКУНАД?
Коршиносони “Роспотребнадзор” бовар доранд, ки масуният ба коронавирус аз се то панҷ моҳ давом мекунад.
- Пас аз беморӣ, масуният аз се то панҷ моҳ давом мекунад. Сипас, он тадриҷан аз байн меравад. Ҳатто, пас аз моҳи сеюм мо коҳиши сатҳи масуниятро мушоҳида мекунем, - гуфтааст Василий Акимкин, директори Институти тадқиқотии эпидемиологияи “Роспотребнадзор”.
Аммо мутахассисони Пажӯҳишгоҳи иммунологии “Ла Ҷолла”-и ИМА чунин мешуморанд, ки масуният метавонад солҳои дароз боқӣ монад. Онҳо намунаи хуни 185 амрикоиро, ки дар аввали эпидемия аз COVID-19  шифо ёфтаанд, дида баромаданд. Қариб ҳамаи беморон барои мубориза бо вирус масунияти кофӣ доштанд. Сатҳи потан (антитела) хеле суст поин меравад. 
Журналисти соҳаи илм Ирина Якутенко чунин мешуморад, ки сироятёбии такрорӣ аксар вақт бо онҳое рух медиҳад, ки COVID-19 -ро ба осонӣ ё беаломат гузарондаанд. Дар чунин ҳолатҳо потан камтар пайдо мешавад. Ғайр аз ин, потанҳо метавонанд пас аз ду моҳи беморӣ нопадид шаванд.
 
ОЁ ҲОЛАТҲОИ ШАБЕҲ ВУҶУД ДОРАНД?
Пеш аз сироятёбии дубора дар Невада, чор маротиба сирояти дубораи SARS-CoV-2 дар саросари ҷаҳон расман тасдиқ шуд: дар Белгия, Нидерланд, Ҳонконг ва Эквадор. Аз ин миён дар Эквадор вазъият мураккабтар буд.  
- Барои фаҳмидани он, ки то чанд муддат иммунитет дар организми сироятёфтагон боқӣ мемонад ва чаро беморӣ дар ҳолати такрорӣ шадид мегузарад, бештар бояд таҳқиқот гузаронем, - мегӯяд Пандори. 
Бо вуҷуди ин, табибон исрор мекунанд, ки одамон, ҳатто пас аз сироятёбии дубора, ба таври ҳатмӣ чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла шустани даст бо собун, истифодаи антисептикҳо, пӯшидани ниқоб ва масофаи иҷтимоиро, риоя намоянд. Ин метавонад роҳи ягонаи пешгирии сироятёбии дубора бошад.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2021    №: 135    Мутолиа карданд: 777
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед