иҷтимоиёт
ВАҚТЕ МАРД БАРОИ ВАТАН МЕГИРЯД...
Соли 2016. Мо як сафари хушу хотирмоне ба ноҳияи Деваштич доштем. Писарчаам ҳамроҳ буд. Бо ҳамкорон шоду хурсанд мерафтем. Роҳҳо ҳамвору мардум саргарми кор буданд. Баъди тамошои манзараҳои Варзоб ва дарёи ҳамноми он ба ҳудуди ноҳияи Айнӣ ворид шудем. Ҷойҳои таърихии ноҳияи Айниро, ки замоне бо номи Фалғар машҳур буд, ба фарзандам нишон медодам. Баъдтар ба ноҳияи хушобуҳавои Шаҳристону шаҳри овозадори Истаравшан расидем.
Аз тамошо таассуроти мо зиёд аст, вале дар ноҳияи Деваштич бо пирамарди солору донишманде вохӯрдем, ки чеҳрааш ҳанӯз ҳам пеши назарам аст. Суҳбати мо баъди базми хонадоршавии ҳамкорамон сурат гирифт. Пирамард, ки Муҳаммадшариф Салим ном дошт, дар рӯзи шодмонии наберааш ба ҷои он ки нӯшбод гӯяду аз хурсандӣ ҳарф занад, ногаҳ сукут карду оби чашмонаш шашқатор шуд.
Бовар нокарданист, аммо ӯ барои Ватан, барои Тоҷикистон мегирист. Аз суҳбаташ маълум шуд, ки бобои Муҳаммадшариф солҳои 90-уми асри гузашта ба хонаи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қурбон Муллоев, ба вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч бастааст. Қурбон Муллоев бо бобои Муҳаммадшариф риштаҳои хешу пайвандӣ дошта, дар замони шӯравӣ дар вилояти мазкур канал канда, ҳамин минвол, қаҳрамони меҳнат эътироф гардидааст. Ҳоло нимпайкараашро дар боғи «Аскари гумном»-и ноҳияи Деваштич гузоштаанд.
Баъди рафтан ба Ӯзбекистон, ду духтарашро он ҷо хонадор карда, соҳиби набераҳо шуд ва решаҳои дарахти орзуву ормонҳояш дар он хок низ сабз гардиданд. Гардиши айёмро бинед, ки ба Тоҷикистон омадан мушкил, сарҳадҳо маҳкам ва мардуми ду кишвари бо ҳам замоне дӯст сарсон гаштанд.
- Аз телевизору радио ҳоли хароби Тоҷикистон ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро шунида, дилам хун мешуд. Он замине, ки баъди Инқилоби Октябр, баъди торумори босмачиҳо ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ мову насли мо обод карда буданд, рӯз ба рӯз валангору вайрон мешуд. Ман бошам, дар хоки Ӯзбекистон сад бор мурдаву сад бори дигар зинда мешудам. Шумо бовар намекунед, соли 1999 модарам, ки ӯро сокинони деҳаи Ғазантараки Деваштич бо номи очаи Ойсанам мешиносанд, аз дунё даргузашт. Ман он ҷо рӯи гарми модарро надида, сар ба девор мезадам. Дар дилам ваҳм хона карда буд, сахт метарсидам, ки ба ҷанозаи модари ҷонам рафта наметавонаму ҳама ба ман механданд. Аммо писари калониам тавассути ёру дӯстонаш таксистҳои шинос ёфт ва бо харҷи маблағи зиёд моро ба ҷаноза расонд. Дер бошад ҳам, ба гусели модарам дар роҳи охират иштирок кардам. Акнун, тасаввур кунед, ки ҳоли мо ҳамин тавр, қариб бист сол идома ёфт, - бо гиря нақл мекард, ҳамсуҳбати мо.
Чанде пеш дастфишониву ҳамоғӯшӣ ва дӯстии эҳёшудаи халқҳоро дар симои сарварони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дида, ҳамоно гиряи пирамард дар ноҳияи Деваштич ба ёдам омад. Тасаввур мекунам, ки дар ин се соли равуо ҳамсуҳбати мо боз гиристааст, аммо ин бор на барои ҳаҷри Ватан, балки ашки шодӣ барои рафоқату ваҳдати тоҷикону ӯзбекон.
То замони боз шудани сарҳадҳо гиряву нолаҳои чунин касон кам набуданд. Кам набуданд шумораи касоне, ки дар ҳаҷри ёру дӯст, дар фироқи хешу табор дар ду кишвар бо ормонҳои зиёд аз ҷаҳон рафтанд. Бисту панҷ соли ҷудоӣ байни кишварҳои рӯ ба рӯи ҳам истода вақти кам нест, охир.
Дар симои як пирамарди нуронӣ дарк бояд кунем, ки барои халқи тоҷику ӯзбек бо ҳам будану рафтуомад кардан, сари як хон нишастану суҳбат кардан, чӣ қадар муҳим будааст.
Ба ҳаққи сиришки чашмони бобои Муҳаммадшариф, ки панҷ сол пеш аз зери айнак ба рӯяш мешориданд, дуо мекунем, ки илоҳо, дигарбора роҳҳо баста нашаванд, сулҳу осоиштагие, ки сарварони ду кишвар асос гузоштанд, устувору пояда бошад!
Барноз РАҲМОНШОЕВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2021 №: 135 Мутолиа карданд: 659