logo

иҷтимоиёт

ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ. ИСТИҚБОЛИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР АЗ “НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК”

 
Рӯзгори ҷавони ташнаи илму маърифат Шириншоҳ Шоҳтемур ба замони ошӯбҳои сиёсӣ рост омада буд. Россияи подшоҳӣ 27 феврали соли 1917 сарнагун шуд ва бо барангехтани Инқилоби октябрӣ ҳукуматро шӯроҳо соҳибӣ карданд. Дар ин айём Шириншоҳ ва ҳамсолонаш, ки ба мардикорӣ машғул буданд, аз инқилоб хуш истиқбол карданд. Ӯ бо машварати дӯсташ Апполон Петрович ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд (соли 1918) имтиҳон супурда, донишҷӯ шуд ва пас аз ду соли таҳсил онро ба поён расонд.
Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ Шириншоҳ худро фаъолу пешрав нишон дода, ҳамроҳи 500 нафар донишҷӯ дар шаҳрҳои Фарғона, Хуканд, волости Дилварзин бобати ҷамъоварии маводи озуқа ба Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон ёрӣ мерасонданд. Ҳамчунин, ин амали хайр дар ҳайати отрядҳои тақсими озуқавории мусаллаҳ ба гуруснагони Поволже ва манотиқи дурдасти Россия идома ёфт. Дертар ӯ ҳамроҳи Сегонаи ҳарбӣ ба Помир меояд ва дар болоравии сатҳи некуаҳволии мардум нақши калидӣ мебозад.
Яке аз иқдоми ибратомӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур дар Помири Ғарбӣ таъсиси мактабҳо барои фарзандони меҳнаткашон ва равнақи соҳаи маориф буд. Вай тавонист, ки аз ҳисоби рӯҳониёну халифаҳо омӯзгоронро ба дабистонҳо фаро бигирад. Дар баробари ин, бо ёрии аъзои Сегона масоили дигари сиёсиву иқтисодӣ, давлативу маъмурӣ ва иҷтимоиву маишӣ ба нафъи заҳматкашони кӯҳистони пурфайз ҳаллу фасл шуданд. Дигар ин ки дар мавзеъҳои Помири Ғарбӣ ва Помири Шарқӣ ба таври озодона кумитаҳои инқилобӣ ташкил ёфтанд, ки манфиати камбағалонро ҳимоя мекард.  
Вазифаи ҷонии аъзои Сегона ҳифзи сарҳад ба шумор мерафт. Чунки  Помир бо Афғонистону Чин ҳаммарз буда, хавфи ҳамла вуҷуд дошт. Баъд аз таъмини амнияти мардум ба таъсиси сохтори давлативу маъмурӣ, сохтмони роҳҳои нақлиётӣ, иншооти маърифативу дармонгоҳӣ даст зад. Аз рӯи гузоришномаи ӯ ба КИМ ҶМШС Туркистон (қаламрави Помир тобеи он буд) дастгоҳи чоп соли 1923 ба ин минтақа фиристода шудааст. Муҳимияти ин амал дар он буд, ки бе набудани маълумоти иттилоотӣ ва рӯзномаву маҷалла дар шакли варақа саводнокии мардум аз эҳтимол берун буд. Бад-ин васила ҷаҳонбинии омма пеш рафта, аз вазъи ногувори бемаърифатӣ раҳида, ба амалҳои шоиста даст хоҳанд зад.  
Аз маърӯзаҳои Шоҳтемур бармеоянд, ки ӯ дар солҳои аввали ҳокимияти нав дастрасӣ ба иттилоотро рукни муҳими ҷабҳаи сиёсиву давлатӣ мешумурд. Бехабар мондан аз вазъи ҷаҳон одамонро ба саргумӣ меандохт, гоҳе ҳақро аз ноҳақ ҷудо карда наметавонистанд. Баъдан, таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Овози тоҷик” бо ташаббуси устоди муаззам Садриддин Айнӣ номгӯе аз талошҳои ин марди ватандор аст.  
Сиёсатмадори боҷасорат дарк карда буд, ки дар тақсимоти миллӣ-ҳудудии соли 1924 тоҷикон ба нобарорӣ дучор омада, бар адами заъфи нуфуси аҳолӣ кори арзишмандеро анҷом дода наметавонистанд. Ин амали мураккаб низ ба таври мусбат яку якбора ҳал намешуд. Ду сол баъд КМ ҲК Россия (б) дар асоси эътирози хаттии тоҷикон, қирғизҳо, туркманҳо ва қазоқҳо оид ба нодурустии ин масъала дар Осиёи Марказӣ баҳисобгирии аҳолиро доир намуд. Дар ин росто, Айнии бузургвор муҳлати чопи ҳарчи бештари “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро тезонд. Шириншоҳ ба ҳайси намоянди тоҷик дар Ӯзбекистон худро ҳампаҳлуи устод дида, нашри зудтари ин китоби барои тоҷикон сарнавиштсозро орзу мекард. Бо ин роҳ ба роҳбарияти марказӣ рӯшан исбот кардан мехост, ки халқи тоҷик таърихи қадим, забони боғановат, адабиёти бостон дорад. Хушо, соли 1926 ин китоби нодир дар шаҳри Москва бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба дасти ҳаводоронаш расида, ғавғои дасисабозонро атрофи номи тоҷику мавҷудияти тоҷикон то андозае фурӯ нишонд.
Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам ба сурат ва ҳам ба сирати пок дар масири умр алайҳи шовинизми туркӣ шадидан дар набард будааст. Гузориши пурмуҳтавои ӯ дар ҳаҷми сею ним саҳифа ва 12 замима ба унвони И. В. Сталин мафкураи роҳбарияти вақти Кумитаи Марказиро тағйир дод.    
Ҳангоми дар симати котиби дувуми КМ ҲК (б) Тоҷикистон пайкор доштани Шоҳтемур (1932) саноатикунонии ҷумҳурӣ рушд ёфта, дар шаҳрҳои Сталинобод (Душанбе) ва Хуҷанд корхонаҳои бузурги коркарди шоҳӣ ба фаъолият пардохтанд. Ҳамчунин, дар Сталинобод заводи хишт, дар Конибодом ва Хуҷанд заводҳои коркарди мева, дар Ӯротеппа, Панҷакент ва Хуҷанд заводҳои винобарорӣ, дар Шаҳритус заводи пахта, дар Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб заводи равғанкашӣ сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони Неругоҳи барқи обии Варзоб як сол пеш шурӯъ ёфта буд. Дар давоми панҷ сол аввалин техника, мошину трактор ба ҷумҳурӣ ворид гардида, сохтмони роҳҳои автомобилгарди Сталинобод - Қӯрғонтеппа, Сталинобод - Оби Гарм, Ӯш - Хоруғ сохта шуданд. 
Муаллифи ин сутур ҳамчун як тоҷики сарбаланди ориёитабор чунин меҳисобам, ки абармардоне чун Шириншоҳ Шоҳтемур ба арсаи сиёсат намеомаданд, таъсиси давлати тоҷикон ва пирӯзиямон ба таъхир меафтод. Чунки таърих башорат медиҳад, ки гурӯҳҳои аршади фитнаҷӯе дар харитаи сиёсӣ пайдо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро намехостанд.  
Шоире мефармояд, ки “Бузургонро бузургон зинда медоранд.” Ин ҳикматро дар партави сиёсати омӯзандаву дурандешона ва қадрмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дид меоварем. Маҳз барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб гардидааст.                                                                 
 
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2021    №: 135    Мутолиа карданд: 563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед