logo

ҳуқуқ

Ҷиноят ва ҷазо

 
ПОРА
ду корманди БДА - ро ба толори суд бурд
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду кормандони Раёсати бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ (РБДА ВКД) баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, Миралӣ Муродализода, муовини сардори шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии РБДА ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В» аз шаҳрванд «А» 3800 сомонӣ талаб намудааст. Вале ҳангоми гирифтани ин маблағ ҳамчун пора ба воситаи бозрас оид ба омодагии ҳарбӣ ва касбии шуъбачаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РБДА ВКД Усмоналӣ Юнусов боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ин ҳолат, нисбат ба М. Муродализода бо моддаи 319 қисми 1 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) ва нисбат ба У. Юнусов бо моддаҳои 36 қисми 5 (шарикони ҷиноят…) ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан барои баррасӣ ба суд фиристода шудааст.
 
 
ЗАМИН
Суд ишғолгари ғайриқонуниро маҳкум кард
Суди ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Зокир Маҳмадализодаро барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он (моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ) маҳкум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Бино ба гузориши сарчашма, тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки номбурда моҳи августи соли 2020 бидуни қарори дахлдор ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда аз  ҳисоби қитъаи замини истифодаи умуми ноҳияи Шоҳмансур, воқеъ дар маҳаллаи  Ховарон, масоҳати умумии 680 метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, дар он бинои истиқоматӣ бунёд намудааст. 
Маҳкумшуда қаблан  бо моддаҳои 247 қисми 2  бандҳои «а,б,в,г» (қаллобӣ) ва  340  қисми 2 бандҳои «б,в» (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Марде, ки қаблан суд шуда буд, боз ба дасти милитсия афтод
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини ноҳияи Зафарободро, ки аз ӯ марди 40-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Бар пояи маълумоти маркази матбуоти ВКД, боздоштшуда аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43 - солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 90 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Ин дар ҳолест, ки гумонбар бо ҷинояти қаллобӣ соли 2014 низ бо моддаҳои 200, 289, 165 ва 247 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2021    №: 135    Мутолиа карданд: 3275
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед