logo

Хабарҳо

Рӯйдодҳои илмӣ

 
ИХТИРОИ ҶОЛИБИ ОЛИМИ ҶАВОНИ ТОҶИК
Шаҳрванди Тоҷикистон Ҷасур Ҳасанов, ки аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Россия мебошад, дар доираи кори илмиаш “Мудирияти муассири осиёби истеҳсоли семент дар шароити зиддунақиз”  бо ёрии зеҳни сунъӣ барномаи махсусе коркард ва ба Корхонаи сементи шаҳри Коркинои вилояти Челябинск пешниҳод намуд. Дар ин бора SPUTNIK иттилоъ додааст.
- Бино ба санаде, ки корхона ироа намудааст, баъди роҳандозии бозёфти олими ҷавон харҷи барқ аз 38 - 43 ба 36, 5 - 41,5 киловат- соат, маҳсулоти баргашта (крупка) аз 37 - 98 ба 40 - 65 тонна зиёд гашта, суръати осиёб аз 74 - 82 ба 75 - 80 дарсад афзудааст, - омадааст дар сомона.
Зимнан, Ҷасур Ҳасанов соли 2010 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси барномасоз хатм намуда, соли 2016 донишгоҳ ӯро барои идомаи таҳсил ба аспирантураи  Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ фиристод. 
 
БОЗЁФТИ НАВ ДАР ШАҲРАКИ ҚАДИМАИ САЙЁД
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни корҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ анбор ва ошхонаи ёдгориро кашф намуданд.
Дар ҳудуди ошхона оташдонҳо, ки барои омода намудани хӯрок истифода мешуд, ёфт гардид. Аз ин макон, ҳамчунин, сиккаҳои мисин пайдо шуд, ки рӯи он шоҳи Кӯшонӣ тасвир шудааст. Бозёфти ороишии аз гулмоҳии баҳрӣ омодагардида, аз ҳамкорӣ  ва тиҷорати мардуми маҳал бо мардумони дигар минтақаҳо гувоҳӣ медиҳад. Бостоншиносон дар яке аз биноҳои ин ёдгорӣ қубури сафолин пайдо намуданд. Бозёфт шаҳодат аз он аст, ки мавзеи таърихӣ аз низоми обтақсимкунӣ бархӯрдор буд. Ангуштарин, сӯзан, пайкон, сарнайзаҳои биринҷӣ ва ашёи ороиши занон аз ҷумлаи бозёфтҳои дигаре мебошанд, ки зимни корҳои ҳафриётӣ аз ин мавзеъ пайдо шудаанд.
 
НАХУСТПАРВОЗИ МУВАФФАҚОНАИ “AIRCAR”
Мошини  паррони кашфнамудаи муҳандиси словакӣ - “Aircar” нахустин парвозашро муваффақона анҷом дод. Дар ин бора сомонаи РИА Новости иттилоъ додааст.
Бино ба маълумоти сомона, худрав аз фурудгоҳи шаҳри Нитра то фурудгоҳи Братиславаи Словакия (80 километр) парвоз кард. Онро худи муҳандис Стефан Клейн идора намуд. Стефан иттилоъ додааст, ки худрави паррон ин масофаро давоми 25 дақиқа тай намудааст. Ин дар ҳолест, ки тавассути мошини муқаррарӣ тай намудани ин масофа вақти бештарро талаб менамояд.  
Зимнан, мошини паррон дар баландии  то 2500 метр тақрибан бо суръати 170 киллометр/соат ҳаракат менамояд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 735
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед