logo

Хабарҳо

Путин бо Пашинян дар Москва вомехӯрад

ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин имрӯз бо иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Арманистон Никол Пашинян вомехӯранд, - хабар додааст хадамоти матбуоти Кремл.
«Зимни вохӯрӣ муҳокимаи рафти амалишавии изҳороти сарварони Россия, Арманистон ва Озарбойҷон оид ба Қариябоғи Кӯҳӣ аз 9 ноябри соли 2020 то 11 январи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ба масъалаҳои ёрӣ расондан ба аҳолии ноҳияҳои аз амалиёти ҳарбӣ зарардида, барқарор кардани робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар минтақа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад», - гуфта мешавад дар хабар.
 
 
Изҳороти Департаменти давлатӣ 
ТАСС. Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Залмай Халилзод дар ҳолати зарурӣ омодааст ҷиҳати муҳокимаи мавзӯи банизомдарории Афғонистон ба Доха сафар намояд. Дар ин бора сарвари хадамоти матбуоти Департаменти давлатӣ Нед Прайс иттилоъ додааст.
«Аъзои дастаи мо дар маҳалҳои гуфтушуниди Доха фаъолият карданд. Тавре ман медонам, намояндаи махсус Залмай Халилзод алҳол дар Вашингтон қарор дорад, вале дар сурати пайдо шудани зарурати баргаштан ба Доха, ӯ  омодааст, ки ин корро анҷом диҳад», - гуфт корманди идораи сиёсати хориҷии Амрико.
Ӯ, инчунин, зикр кард, ки маъмурияти ИМА гуфтушунидҳои байниафғониро дастгирӣ менамояд ва бо роҳи сиёсӣ банизомдарории Афғонистонро ягона омили бадастории натиҷаҳои одилона ва устувор медонад. 
 
 
Иттиҳоди Аврупо бояд ба мавҷи чоруми пандемия омода бошад 
Лента. ру. Сарвазири Словения Янез Янша аз сарварони Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки ба мавҷи чоруми пандемияи коронавирус омодагӣ бинанд.
«Мо барқароршавии ботадриҷи ҳаёти ҷамъиятиро мебинем, вале  диққатамонро ба омодагӣ ба мавҷи чоруми эҳтимолии коронавирус равона месозем», - зикр кард сиёсатмадор. Ӯ қайд намуд: «Иттиҳоди Аврупо намехоҳад, ки афзоиши нави беморӣ он мушкилотеро биорад, ки соли гузашта дар минтақа мушоҳида мекардем. Ба гуфтаи Янез Янша пешгирии мавҷи чоруми COVID-19  барои сарварони аврупоӣ бартарии аввалин мебошад. «Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар нимсолаи наздик тадриҷан ба ҳолати зиндагии муқаррарии пеш аз пандемия доштаамон баргардем, ҳарчанд баъзе чораҳо бояд ба муҳлати дурудароз боқӣ монанд», - гуфт сарвазир. 
 
 
Россия ҷаласаи Ассамблеяи парлумони САҲА – ро тарк кард
Газета. ру. Ҳайати Россия дар Ассамблеяи парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо нишони эътироз бар зидди вайрон кардани  низомнома ҷаласаро тарк намуд, - хабар медиҳад «Интерфакс».
«Агар шумо мувофиқи  низомнома кор кардан хоҳед, зарур аст, ки онро  риоя кунед. Агар хоҳед, ки аз рӯи манфиатҳои сиёсии худ қарор қабул намоед, пас мо дар он иштирок нахоҳем кард», - гуфт зимни ҷаласа раиси ҳайати Россия дар Ассамблеяи парлумони САҲА Пётр Толстой.
Ӯ, инчунин, шарҳ дод, ки ассамблея қоидаи дар низомнома навиштаро оид ба он ки қарорҳо бо раъйи аз се ду ҳиссаи аъзои ассамблея қабул мешаванд на бо раъйи аз се ду ҳиссаи вакилоне, ки мустақиман ё рӯ ба рӯ дар ҷаласа иштирок мекунанд, риоя накард. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 978
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед