Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
ТАСС. Ҳавопаймои АН-26 дар Камчатка суқут кард. Ба наҷотдиҳандагон муяссар гашт, ки ҷасади фавтидагони ин ҳодисаро дарёбанд, - хабар додааст роҳбари минтақа Владимир Солодов.
CNN. Дар ИМА зимни ҷашнгирии Рӯзи истиқлолият зиёда аз 500 тирпарронӣ ба амал омад, ки дар натиҷа 233 нафар ба ҳалокат расида, 618 кас захм бардошт.
ТАСС. Муовини вазири мудофиаи Британияи Кабир Ҷеймс Хиппи изҳор намуд, ки кишвар баъд аз баровардани низомиёнаш аз хоки Афғонистон метавонад ҷиҳати мубориза бар зидди таҳдидҳои террористӣ ба ин сарзамин зарбаҳои ҳавоӣ занад.
Лента. ру. Президенти Беларус Александр Лукашенко дастур дод, ки транзити молҳои Олмон, ки тариқи ҷумҳурӣ ба Россия ва Чин интиқол меёбад, маҳдуд карда шавад. Суханони Президенти Беларусро овардааст БелТА.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 880