logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН. Вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик аст

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 4 ба 5 июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати «Толибон» вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд, пурра таҳти назорати худ қарор доданд.
Дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо «Толибон», 1037 низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷоти ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ  ва дахолат накардан ба умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ба  низомиёни  ин кишвар  иҷозати воридшавӣ ба ҳудуди Тоҷикистон дода шуд.
Айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
 
 
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ  бо муовини Дабири кулли СММ
Дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Лю Женмин Ню-Йорк масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла обу иқлим, татбиқи қатъномаи «Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» (Ню-Йорк, 2023), иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чорабинии муҳими дарпешистода - Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика (High level diаlogue on Energy) ва таъсири ҳамагирии СOVID - 19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аз иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, аҳамият ва саривақтӣ будани онро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ таъкид карданд.
 
 
Қаноатмандӣ аз ҳамкории БМТ  бо Дафтари SECO дар Тоҷикистон
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб аз дастгириҳои пайваста оид ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, бахусус низоми бонкӣ бо роҳандозии як  зумра  кумакҳои техникӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. 
Инчунин, Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи лоиҳаи «Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ» дар алоҳидагӣ, аз ҷумла устуворнамоии бахши молиявӣ, механизми танзими бонкӣ, фишангҳои идоракунии қарзҳои ғайрифаъол, назорати низоми пардохт, принсипҳои назоратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва идоракунии корпоративии низоми бонкӣ таҳлилу натиҷагирии мушаххасро манзури ҳозирин кард.
Хонум Саломе Штайб ба сатҳу сифати ҳамкории тарафайн баҳои баланд дода, омодагии хешро барои муносибатҳои судманд баҳри рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок иброз дошт.
 
 
Бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca»  ба Тоҷикистон ворид мешавад
Нимаи дуюми моҳи августи соли равон бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад. Иқдоми мазкур бо шарикон оид ба рушд, хусусан бо  Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия рӯи даст гирифта шудааст. 
Ба иттилои сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки бо истифода аз дигар манбаъҳо воридоти ваксинаҳоро зиёдтар кунад. Ҳоло бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ ба маблағи зиёда аз 8 миллион доллар шартнома баста шудааст. Инчунин, бо Бонки осиёгии рушд низ шартнома ба маблағи 25 миллион доллар ба имзо расидааст.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед