logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ЭҲТИРОМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии арзишҳои фарҳангии халқи худ дар роҳи эъмори кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои қатъии худро гузоштаанд. Пешвои муаззам тавонистанд, ки мо – тоҷиконро чун миллате соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, кори давлатдории худро бо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ оғоз карданд. Далели ин гуфтаҳо авзои иҷтимоиву иқтисодии соли 1999 мебошад, ки дар он солҳо кишвари нав аз оташи низову нооромиҳо раҳошудаамон дар роҳи бунёду барқарорсозиҳо қадамҳои нахустин мегузошт. Бо вуҷуди ҳама мушкилот дар пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги шоҳ Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда расонд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва талошҳо дар роҳи маҳви он як хаёлу ҳадафи ботил аст. 
Сарвари давлат аз рӯзҳои нахуст ба арзишҳои миллӣ такя карда, таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалиро бахшида ба солгарди фарзандони барӯманди миллат, санаҳои бузурги фарҳангӣ амалӣ намуданд. Бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои миллӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавассути чорабиниҳои байналмилалӣ тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доштанд ва доранд.
Пешвои миллат ба аҳли ҳунару санъат таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозанд. Арҷгузориву қадрдонии заҳмату хидматҳои онҳо аз маркази диққати давлату Ҳукумати Тоҷикистон дур нестанд. Бунёди муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, мақоми давлатӣ гирифтани як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои «Наврӯз», «Меҳргон», «Рӯзи Шашмақом», «Рӯзи Фалак», «Рӯзи Китоб», инчунин дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ гувоҳи талошҳои Пешвои миллатанд. 
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, Парчаму Нишони давлатӣ, бинои муҳташами Қасри миллат ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳр ба таври рамзӣ дар як ҳудуд қомат афрохтаанд, худ як гувоҳномаи бузурги фарҳанги миллати куҳанбунёди мо - тоҷикон буда, далели хизматҳои шоёни Пешвои миллат баҳри дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчун арзишҳои миллии тоҷикон муаррифӣ кардани онҳо мебошад. 
Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорам, ки зери роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба маротиб боло мераванд. Таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150 - солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000 - солагии Носири Хусрав, 675 - солагии Камоли Хуҷандӣ, 800 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310 - солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600 - солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700 - солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва монанди ин як омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд бардоштани маънавиёти ҳамдиёрони мост. Бояд зикр кард, ки миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои шинохти тоҷикон санаҳои таърихиву фарҳангии 2500 - солагии Истаравшан, 2700 - солагии Кӯлоби Бостон, 3000 - солагии Ҳисори Шодмон, 5500 - солагии Саразм дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта шуданд. Рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ асли ҳадафи ин ҳама тасмимҳо буданд.
Сарвари давлатамон шахси фарҳангдӯстеанд, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёгон аҳамияти хосса зоҳир месозанд. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони истиқлол суръати хос пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгӯи анъанот ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш меёбанд, ки ин омили муҳими дигар дар роҳи бештар шинохтани гузаштаи тоҷикон мебошад. Махсусан, солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар инкишоф меёбанд, ки аз воситаҳои беҳтарини мусоидат ба пешрафти маънавии ҷомеаанд. Ҷойи хушист, ки дар давоми даҳ соли охир ҳунари чакану гулу зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолину атласу адрасу алочабофӣ, намадмолӣ, заргарӣ, кулолӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, фалаку достонсароӣ, қиссахонӣ, ва дигар суннатҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда шудаанду дар пайи рушд қарор доранд. Бо дастгирии молиявию маънавии Сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои дохиливу хориҷи кишвар ба маъраз гузошта мешаванд, ки як навъи муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад. 
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сол ба сол пояҳои Истиқлолияти давлатӣ қавитару устувортар мегарданд. Дар тӯли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардидааст. Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон арзишҳо ва неъматҳоеро ба даст овард, ки дар 70 соли ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо муяссар нагардида буд. 
Дар марҳилаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Чунки маҳз Пешвои миллат тавонистанд марҳилаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти сохториро дар давлати тозаистиқлол роҳандозӣ намоянд. 
Дар  тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриамон бо кӯшишу заҳматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти  муҳими  дорои  аҳамияти давлатӣ, аз қабили  неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда - 2», чархҳои якуму дуюми НБО «Роғун», фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб,  кони гази  Хоҷасартез,  таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Мурғоб - Қулма, шоҳроҳи Қароқурум - Шкев - Зиғар, Шоғун - Зиғар, (марҳилаи 1 ва 2), Душанбе - сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 1 ва 2), хатҳои баландшиддати «Лолазор - Хатлон», «Ҷануб ва Шимол», нақбҳои мошингард ва як қатор корхонаҳои хурду бузург ба истифода дода шуданд, ки дар маҷмӯъ, гуфта метавонем, рушди Тоҷикистони ҷавон босуръат мебошад. 
Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин замина тавонист ҷалби сайёҳонро ба кишвари мо бештар намуда, расму одатҳои миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгонамонро ба ҳазорон сайёҳи хориҷӣ муаррифӣ карда, иқтисодиёти Тоҷикистон ва нуфузи онро бамаротиб афзояд.
Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо ба як давлати орому осуда ва сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, Пешвои заҳматкаши тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешабаҳор пайваста талош доранд. 
Ин гуфтаҳо заҳмату талошҳои хастанопазир ва нақши беназир доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар устувор гардондани арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бори дигар тасдиқ мекунанд. 
 
А. ҲАМЗАЗОДА, 
корманди дастгоҳи суди 
иқтисодии вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2021    №: 136    Мутолиа карданд: 1094
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед