logo

иҷтимоиёт

ШУМОРАИ ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АФЗУН БОДО!

Бахшида ба 110-солагии шоири маъруфи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода қарор дод, ки гӯшаи ноободеро, ки он ҷо ҳайкали шоир меистод, ба гулбоғ табдил диҳад, то тамошогоҳи пиру ҷавон гардад. Бунёд ва азнавсозии ин иншооти барои ноҳия хеле муҳим 2 моҳ давом ёфт.  
Ҳар боре, ки ба он гӯша назар мекардед, дар байни коргарону ороишгарон чеҳраи шинос - раиси ноҳияро медидед, ки бо сарулибоси корӣ баробари онҳо кор мекарду ҳамроҳашон дар як дастархон нон мехӯрд. 
Воқеан, раис ба ваъдааш вафо кард. Гулбоғи зебову дилорои устод то рӯзи ҷашни шоир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав дар ин гулбоғи дилрабо бо иштироки аҳли зиё, аз ҷумла меҳмонони хориҷи кишвар, бо шукӯҳи хосса таҷлил гардид, ки то дер аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд.  
Ривоят мекунанд, ки ҳазрати Умар марде будааст, фурӯтан, ҳайрхоҳу дардошно, накукору беозор. Овозаи хоксории ӯ аз Машриқ то Мағриб расида будааст. Ҳокими ҳамсоядавлат ин ҳамаро ривоят ва ё афсонаи аз ҳақиқат дури ҳамсафонаш пиндошта, ба хотири дақиқ кардани он ҳама гуфтаҳо бе хабари расмӣ азми сафари кишвари мусулмононро мекунад. Чун ба қаламрави халифат ворид мешавад дар роҳ бо гурӯҳи даравгарон рӯ ба рӯ мешавад. Онҳо дар ҳавои тафсони тоқатфарсо ба гандумдаравӣ машғуланду каме дуртар аз онҳо марде оғуштаи обу арақ рост истода корфармоӣ мекард. Пас аз салому шиносоӣ ҳоким халифаи давлати мусулмонон будани ҳазрати Умарро фаҳмида бо таҳайюр мегӯяд: «Ҳазрат, дар наздатон дарахти сояафкан қомат рост кардааст. Чаро Шумо аз сояи ӯ баҳравар нагардида, зери офтоби сӯзон истодаед?»  Ҳазрати Умар дар ҷавоб мегӯяд: «Магар аз рӯи инсоф мебуд, ки мани корфармо дар зери дарахти соядор истода, фармонфармоӣ кунаму ин мардум ҷон дар азобу ташналаб зери шуои сӯзони Офтоб ситам кашанд».
Чунин сифатҳои дилсӯзию хайрхоҳӣ, родмардиву ҷонфидоиро ҳар яки мо борҳо дар рафтору гуфтор ва амалҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  эҳсос намудаем. Ҳар сафари Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз боздид ва дастгирии моддиву маънавии ятимону пирони барҷомонда оғоз меёбад. Агар дуруст бингарем, дар асл Пешвои миллат барои сила кардани сари кӯдакони аз падару модар маҳруммонда меоянд. Чунин сиёсат - дардошно будани Сарвари кишвар ҳамарӯза садҳо нафар сарварони шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳо ва тоҷирони саховатпешаро баҳри ободу сарсабз гардондани кишвари хеш ва некуаҳволии халқи азизамон, бахусус оҷизону ниёзмандон, ҳидоят мекунад. 
Яке аз пайравону шогирдони мактаби сиёсии Пешвои миллат Ҷаббор Носирзода мебошад. Ӯ ҷавонмардест ботамкин, дардошною дурандеш, накукору дӯстдори халқу Ватани азизаш. 
Дар арафаи Иди Ғалаба падари 102 - солаам, ки маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳастанд, ба ман занг зада гуфтанд: «Зуд ба наздам ҳозир шав!» Намояндаи Президенти мамлакат бо ҳамроҳии раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода барои супурдани туҳфаи Пешвои миллат ва табрикот ба муносибати Иди Ғалаба ташриф оварданд.
Падар нахуст дасти дуо бардошта, дар ҳаққи Пешвои миллат барои ғамхориҳои ҳамешагиашон дуои нек карданд. Сипас, ба раис рӯ оварда гуфтанд: «Раис, дар муддати ним сол бори чорум аст, ки ба аёдати ман меоед, ташаккур ба Шумо!»
Дар баробари дуоҳои сабзи мардум мо низ дуогӯи саломативу сарбаландии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравони воқеии ӯ ҳастем. 
 
Абдулҳафиз ҚОДИРӢ, 
Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2021    №: 136    Мутолиа карданд: 804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед