logo

иқтисод

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳокимшоҳ Идиев миёни иқтисодчиёну саноатчиён бо дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ машҳур аст. Умре  дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ фаъолияти самарабахш намуда,  ҳамчун соҳибкори ватандӯсту навовар  ном  баровардааст. Аз ҷумла, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳиму ояндасози Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръат нақши шоён дорад.  ҶДММ «Сифат саноат», ки роҳбариашро ба уҳда дорад, яке аз корхонаҳои муваффақи саноатии кишвар ба ҳисоб меравад.
 
Тавре зикр шуд, номбурда имрӯзҳо  дар ҷодаи саноати сабук ба кори истеҳсолӣ машғул аст. Корхонааш барои дӯхти либоси кормандони соҳаи тиб, хоҷагидорону муҳофизон ва роҳрӯбон махсус гардонда шуда, бо вусъати домони истеҳсолот муассисаҳои тиббии кишвар, бахусус шаҳри Душанберо, бо либос таъмин намуда истодааст. Маҳсулоташ ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ буда, дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифкунандаи Тоҷикистонанд. 
Ӯ соли 2017 бо чанд нафар бонуи соҳибҳунар  коргоҳи хурде  боз намуд ва  дар муддати кӯтоҳ онро ба корхонаи бузурге табдил дод. Пайваста тарҷибаи кишварҳои хориҷиро меомӯзаду навовариҳоро дар амал татбиқ менамояд: таҷҳизоти нав ворид сохта, технологияи муосири дӯзандагиро роҳандозӣ намуд. Тадриҷан сафи кормандони ин корхона  меафзояду  шароити корӣ низ беҳтар мешавад. Беш аз 70 бонуи хонашин аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин аст.  
Мо – саноатчиён бояд дар бартараф сохтани мушкилоти кадрии соҳа бетараф набошем. Малакаю  таҷрибаи худро ба насли ҷавон омӯзонем, то онҳо рушди соҳаро таъмин намоянд. Тоҷикистон барои рушди саноати сабук заминаи устувор дорад: пахта дорем, корхонаҳои калони дӯзандагӣ низ. Танҳо бояд бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам ин имкониятҳоро самаранок истифода барем. Барои амалӣ намудани чунин ҳадафҳо  омода кардани мутахассис лозим меояд, зеро корро шахси кордон пеш мебарад», - ибрози андеша мекунад сарвари корхона. 
Кӯшишҳои Ҳокимшоҳ Идиев дар роҳи рушди саноат аз назарҳо дур намемонанд. Чанде пеш дар озмуне, ки Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи саноати сабук эълон намуд,  номбурда сазовори ҷои аввал ва «Соҳибкори беҳтарини соҳа – 2021» эътироф гашт. 
Маҳсулоти «Сифат саноат»-ро иштирокчиёни намоишгоҳҳои зиёди  дохиливу хориҷӣ хуш мепазиранд. Дар Форуми III нассоҷӣ ва дӯзандагии корхонаҳои аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, ки дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» гузашт, маҳсулоти корхона баҳои баланд гирифт. 
Баробари ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳо,  Ҳокимшоҳ Идиев шахси некманиш аст. Дар пайравӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаю хайрхоҳонаро пеш мегирад. Ин амалҳои ҷавонмардонаи Ҳокимшоҳ Идиев соли гузашта дар айёми авҷи бемории ҳамагири коронавирус бештар ба назар расиданд. Дар давраҳои мушкил то ҳадди тавон муассисаҳои тиббии пойтахтро бо рахти хоб ва либоси муҳофизативу ниқоб таъмин кардаву мекунад ва инро қарзи шаҳрвандии хеш меҳисобад. Он чи зикраш рафт танҳо чанд нукта аз фаъолияти пурсамари соҳибкори кордон аст, ки  чун муште аз хирвор овардем. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2021    №: 136    Мутолиа карданд: 1275
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед