logo

иқтисод

КӮШОНИЁН ДАР МАСИРИ РУШД

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат баъд аз садсолаҳо бо заҳмати басо сангину талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи миллати тоҷик ба даст омад ва дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулу дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба давлатдории муосирро гузошт. Бинобар ин, масъулон ва аҳли заҳмати ҳар шаҳру ноҳияи кишвар ҷиҳати саҳми арзанда  гузоштан барои пешравию пойдории давлати тоҷикон  саъю талош мекунанд. Аҳли заҳмати ноҳияи Кӯшониён низ аз ҷумлаи онҳост.  
- Ноҳияи Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарин ва сераҳолитарини вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ноил гардидааст, - гуфт зимни суҳбат Икромиддин Вализода, раиси ноҳия.
 
СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛ
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия бунёди 337 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо дар давоми солҳои 2018 - 2021 304  - тоаш ба истифода дода шуд. Ин  90,2 дарсади нақшаи тасдиқгардидаро ташкил медиҳад. Инчунин, бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонданд.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 53 миллиону 973 ҳазору 300 сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба панҷ моҳи соли 2020 – ум  42 миллиону 959 ҳазору 800 сомонӣ зиёд аст. Ҳамчунин, дар панҷ моҳи сипаригашта дар масоҳати 22783 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - ум, 19471 метри мураббаъ зиёд мебошад.
 
КИШОВАРЗӢ – СОҲАИ МУҲИМ
Кишоварзӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқ ба шумор  рафта, саҳми он дар таъмини амнияти озуқавории кишвар калон мебошад. Бинобар ин, кишоварзони ноҳия аҳлона заҳмат кашида,  ҳиссаи худро дар фаровонии бозорҳои кишвар мегузоранд. Зикр бояд кард, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар панҷ моҳи аввали соли 2021,  215  миллиону  493 ҳазору 800 сомониро ташкил дод. Аз тарафи кишоварзони ноҳия дар майдони 1198,5 гектар ғалладонагӣ, 453  гектар картошка, 11432,4 гектар зиротаҳои техникӣ, аз ҷумла 11320,7 гектар пахта, 1600  гектар сабзавот, 180 гектар полизӣ ва 712  гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намуданд. Дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3053 тонна ғалладонагӣ, 3196,4 тонна картошка, 23271,8 тонна сабзавот, 1443,4 тонна меваҷот истеҳсол намуданд. Як нуктаро бояд зикр кард, ки кишоварзони ноҳия  аз майдони 4,77 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда 60 тонна сабзавот истеҳсол намуда, ҳосилнокии зироатҳо аз гармхонаҳо ба 125,8 сентнер аз ҳар гектар расонда шудааст. Ҳамчунин, дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда 30  ҳазор бех ниҳол шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 100,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
 
ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО
Роҳҳо ягона воситае мебошанд, ки мардумро бо ҳамдигар наздик намуда, риштаи дӯстиро мустаҳкам менамоянд. Пӯшида нест, ки тамоми роҳҳои дар солҳои шӯравӣ мумфаршшуда хароб гарида,  дар рафтуомади нақлиётҳои мусофиркашонӣ мушкилӣ эҷод менамуданд. Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар якҷоягӣ бо корхонаҳои дахлдор ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳия ин мушкилӣ оҳиста - оҳиста аз байн  меравад. Соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 256,9 ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 27,5 ҳазор сомонӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ҷудо гардид. Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бошад, дар панҷ моҳи сипаригардида 9,1 километр роҳ мумфарш ва ду пул сохта шудааст, ки маблағи   он  79,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
 
МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ
Маориф ва фарҳанг соҳаҳое мебошанд, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, ҷиҳати таъмини шароити хуб барои наврасону ҷавонон тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Дар пайравӣ бо Роҳбари хирадманди хеш дар ноҳия сохтмони 57 синфхонаи иловагӣ бо 1445 ҷоий нишаст идома дошта, як муассисаи таълимӣ бо 24 синфхона барои 620 нафар дар як баст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.  
Айни замон, дар 59 муассисаи таълимии ноҳия 55 ҳазору 650 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 2970 омӯзгор дарс медиҳад.  
Ҷиҳати, болидарӯҳӣ ва фароғати бештари сокинон, дар ноҳия 39   муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 8 клуби фарҳанг, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 28 китобхонаи деҳот, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. 
 
ИФТИХОРИ НОҲИЯ
Солимии миллат аз варзиш вобастагӣ дошта, тавассути он метавон давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Маҳз инро ба назар гирифта, роҳбарияти ноҳия дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонд. 
Қобили зикр аст, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 52 майдонча ва 8 толори варзиш ба истифода дода шудааст. Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия бошад, фаъолияти худро аз рӯи 17 намуди варзиш ба роҳ монда, дар онҳо зиёда аз 578 кӯдаку наврас дар 60 гурӯҳ ба тамрин машғуланд. 
Ин аст, ки ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда,  соҳиби 14 медали тилло, 17 медали нуқра ва 23  медали биринҷӣ гардида, мақсад доранд, ки дар оянда ба дастовардҳои аз ин ҳам баланди варзишӣ ноил шуда, номбардори Ватану миллати хеш бошанд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2021    №: 136    Мутолиа карданд: 1210
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед