logo

иҷтимоиёт

РОДМАРДЕ ДАР ТАЛОШИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

27 июни соли 2006, дар рӯзи таҷлили 9 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ходими барҷастаи арсаи сиёсат, яке аз ташкилкунандагони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ва минбаъд Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардид. 
Шукур Султонов, доктори илми таърих ва фалсафа, профессор, дар сарсухан ба китоби «Шириншоҳ Шоҳтемур», мураттибаш Қурбон Аламшоев, нигоштааст: «Тоҷикон қариб ҳазор сол пеш давлатдориашонро аз даст дода, дар тӯли ин муддат аз як ҳуқуқи муҳимтарини башарии худ – доштани давлати миллӣ бенасиб буданд. Маҳз фаро расидани Инқилоби Октябр барои эҳёи давлатдории тоҷикон созгор шуд». 
Воқеан, ғалабаи Инқилоби Октябр сохти давлатдории шоҳигарии Россияро вожгун сохт ва ба ҷои он давлати шӯравӣ ва дар асоси он Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР, соли 1922) ташкил ёфт. Тоҷикистон ба шарофати ҳамин инқилоб 14 октябри соли 1924 чун Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии  Ӯзбекистон арзи вуҷуд кард ва билохир 16 октябри соли 1929 ба  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт. Ба ин тартиб Тоҷикистон дар харитаи олам ҳамчун давлат пайдо гардида, 5 декабр ба ҳайати ИҶШС пазируфта шуд. Вале ин ҳодисаи бузурги таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ осон амалӣ нагашт, солҳои 1917 – 1924 бисёр воқеаҳои азим, талошу ҷонбозиҳои фарзандони бо нангу номус ва сарсупурдаи миллати таърихи ҳазорсолаҳодоштаи тоҷикро дар худ ниҳон доранд.  
Таърих гувоҳ аст, ки ба ҷои аморати Бухоро ва хонигарии Хева ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистии Бухоро, Туркистон ва Хоразм, сипас, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон бе ягон монеаи ҷиддӣ, садгузориҳо ва бархӯрдҳои сиёсию иҷтимоӣ ташкил гардиданд, зеро онҳо ба қавли профессор Ш. Султонов «идомаи мантиқии кишварҳои собиқи туркбунёд буданд.  Вале ташкили давлати тоҷикон бидуни бархӯрдҳо ва муборизаҳои шадиди сиёсӣ бо пантуркҳо, ки нахуст мавҷудияти миллате чун тоҷиконро зери суол мемонд ва дувум қобилияти тоҷиконро ба ҳукмронӣ ва давлатдорӣ куллан инкор мекард, муяссар нагашт». Барои ташкили давлати тоҷикон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдулло Ёрмуҳаммадов ва дигар фарзандони банангу номуси миллати куҳанбунёд ба муборизаи шадиди сиёсӣ – исбот намудани мавҷудияти халқе ба номи тоҷик бархостанд.   
Вақте ки хонанда аз китоби «Шириншоҳ Шоҳтемур» асарҳои таърихии А. В. Макашов, В. А. Руднитский, М. Назаршоев, И. Қаландаров, Ш. Шоҳхумор, Қ. Аламшоев ва дигар маъхазҳоро дақиқу мӯшикофона мутолиа менамояд, як масъала ӯро ба шигифт меорад: муборизаи қувваҳои зиёди иртиҷоӣ, пантуркҳо ва баъзе тоҷикони мансабпараст бар зидди ҳастии миллати тоҷик. Аз ҳамон давра, яъне баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дар ҳайати Федератсияи Россия аз моҳи апрели соли 1918 пантуркҳо оҳиста – оҳиста дар шӯроҳо – ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳам ташкилотҳои ҳизби коммунистӣ кӯшиш мекарданд, ки дар ҳамаи вазифаҳои калидӣ туркзабонҳо таъйин ва ё интихоб шаванд. Мавқеи тоҷикон бо ҳар роҳу восита танг карда мешуд. «Ҳатто, - навиштааст олими соҳаи таърих А. Я. Вишневский, - кор то ба ҷое расид, ки дар бисёр ҳуҷҷатҳои на танҳо КМ ҳизби коммунисти Туркистону Бухоро, балки дар ҳуҷҷатҳои КМ ҳизби коммунисти (болшевикии) Россия низ ҳангоми номбар кардани халқҳои асосии сокини Осиёи Миёна тоҷиконро хотирнишон ҳам накарданд». 
Академик В. В. Бартолд, шарқшиноси маъруф,  дар мақолаи «Тоҷикон. Очерки таърихӣ» чунин нигоштааст: «Вақте ки соли 1920 Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон тасдиқ карда шуд, «миллатҳои таҳҷоӣ» - и он танҳо қирғизҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо эътироф шуда буданд: сокинони қадимтарини кишвар – тоҷикон фаромӯш шуда буданд». 
Таърихнигор Шоҳбаҳори Шоҳхумор дар китобаш «Фарзонафарзанд» оид ба баҳсҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 20 – уми асри ХХ нигоштааст: «И. В. Сталин, ки комиссари халқии ИҶШС оид ба масъалаҳои миллӣ буд, соли 1923 дар Анҷумани ХII РКП (б) оид ба масъалаҳои миллӣ маърӯза карда зикр намудааст: «Дар Бухоро се миллат ҳаст: ӯзбекҳо – миллати асосӣ, туркманҳо, ки аз нигоҳи шовинизми бухориён миллати «камаҳамият» аст ва туркманҳо. Онҳо боз ҳам камшумортаранд ва аҳамияти камтар доранд». Дар хусуси тоҷикон, ки дар ҳуҷҷатҳои давлатии соли 1897 теъдоди тоҷикон дар кишвари Туркистон 1,3 миллион нафар зикр гаштааст, дар ин маърӯза сарфи назар шудааст. 
Вақте ки Шириншоҳ Шоҳтемур чунин сохтакориҳоро мушоҳида менамуд, дили ватанпарвараш месӯхт ва ҳамчун тоҷики асил дигар наметавонист бо чунин пантуркҳо созиш намояд. Вай, ки то охири соли 1924 дар Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Туркистон дар вазифаи инструктори зершуъбаи ақаллиятҳои миллӣ кор карда, ҳамзамон, ба бахши тоҷикии он роҳбар буд, бо ҳуҷҷатҳои доири масъалаҳои миллӣ шинос гашта, баҳри дифои манфиати тоҷикон ба раиси Шӯрои Комиссарони Халқи СССР, яъне роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ В. И. Ленин ва ба Котиби Генералии Кумитаи Марказии Ҳизби умумииттифоқии коммунистӣ (болшевикӣ) – ВКП (б) И. Сталин мактуб навишта, исбот кард, ки тоҷикон на миллати ақал, балки асосӣ ва аз ҳама сершумортару қадимтарин дар ҳудуди Туркистон мебошанд. Хушбахтона, дар ин муборизаи шадид барои ояндаи миллат ӯ танҳо набуд. Шириншоҳ Шоҳтемурро дар ин набард барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Чинор Имомов,  Абдураҳим Ҳоҷибоев, устод Садриддин Айнӣ бо нашри мақолаҳои илмӣ, мактубу муроҷиатномаҳо дастгирӣ мекарданд.  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои вазнину сангини ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ёдовар шуда, дар суханрониашон ба муносибати 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, 20 октябри соли 2010, чунин баён намуда буданд: «Ҳадафи ин сиёсати шовинистӣ аслан, тахрибу маҳвсозии асолати миллӣ, инкори ҳастии миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон буд. Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри ХХ ин рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири он дарк намуда, тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст». 
Воқеан, хизматҳои барҷастаи Шириншоҳ Шоҳтемур, ҷасорату далерии ӯ ва минбаъд заҳмати шабонарӯзии олимону таърихдонон, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ ва роҳбарони давлатию ҳизбӣ устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров буданд, ки роҳбари аввали ИҶШС Иосиф Сталин нуқтаи назари худро доир ба миллати тоҷик дигар карда, соли 1941, дар Даҳаи адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, дар Кремл қадаҳ бардошта чунин гуфт: «Тоҷикон халқи ғайриодӣ ва аз ҳама қадимтарини Осиёи Миёнаанд. Тоҷик – ин маънои тоҷдорро дорад. Ин номро ба онҳо аз қадим додаанд ва шарафи ин унвонро тоҷикон дар амал собит намудаанд». 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2021    №: 136    Мутолиа карданд: 563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед